ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Автор: IED.TJ Дата публикации: понедельник, 8 Апрель, 2024 - 16:10

      Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи илм семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд. Дар доираи ҳафтаи илм эълон шудан аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм санаи 08-уми апрели соли 2024 дар Институт семинарҳои илмӣ-назариявӣ дар мавзӯъҳои «Муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба афзоиши содироти молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вопросы развития демографической науки в годы независимости Таджикистана» гузаронида шуданд.
    Дар оғози кори семинар ходими пешбари илмии шуъбаи моделсозӣ ва равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Юнусзода Холмуроди Қурбоналӣ таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба натиҷаҳои таҳлили содирот ва воридоти молу хизматрасониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, асосноксозии раванди интихоби омилҳои мувофиқ барои пешгӯии содироти софи кишварро тавсиф намуд. Инчунин, натиҷаҳои таҳлили кори олимони ватанӣ ва хориҷӣ дар самти таъсири содироти соф ба ММД-и кишвар нишон дода шуд, ки ба ташаккули диди маҷмӯӣ нисбати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
   Ҳамзамон, дар семинари мазкур мудири шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Субҳонов Акбарҷон Идрисович оид ба масъалаҳои рушди илми демографӣ дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ баромад намуданд. Қайд гардид, ки равандҳои демографӣ бевосита ба рушди кишвар таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои демографӣ, аз ҷумла дар раванди таҳлили суръати таваллуд ва фавт, муҳоҷирати аҳолӣ, доим таваҷҷӯҳ дода мешавад. Дар ин раванд, ташаккули сиёсати демографӣ, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамбастагии фаъолият дар самти таҳсилот, шуғл ва тандурустӣ хеле муҳим арзёбӣ гардид.
    Тибқи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм баргузории чунин семинарҳо то санаи 15-уми апрел ба нақша гирифта шудааст.
 

Меню: