Шурои олимон
Рӯзи 01 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзи 01 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
16 ноябри соли 2022 дар толори Шӯрои олимон бо иштироки ходимони илмии Институт ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва дастовардҳои назарраси даврони Истиқлолияти давлатӣ ва идораи президентӣ суханронӣ намуданд.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Санаи 28 ноябри соли 2022 бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид., ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Санаи 29-уми ноябри соли 2022 дар толори бинои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2022 баргузор гардид. Дар баррасии лоиҳаҳо директори Институт, муовини директор, котиби илмӣ, роҳбарони илмии лоиҳаҳо ва ходимони илмии шуъбаҳои Институт, ҳамзамон, аъзоёни Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-техникии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 30 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022 №74 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2022» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» баргузор гардид.