ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ СУЛҲ

Submitted by IED.TJ on Tuesday, November 12, 2024 - 1:43pm

    Бахти нек ва толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки онҳо мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як Роҳбар ва Пешвои раҳнамои худро доранд, ки ин ҷавонмарди асилзодаву ғаюр ва нотарсу далер аз байни халқи заҳматкаш баромадаву бурду бохт ва бо талошу муборизаҳояш оқибат боиси якчанд дастовардҳои беназир соҳиб гардид ва ба як давлати мутаррақӣ табдил ёфтааст. 
   Ин шахсияти таърихӣ ва сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун нахустин сарваре дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон ба шумор мераванд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, бо шиори «Ман ба Шумо сулҳу ваҳдат меорам!» ба фаъолият шурӯъ карда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, бо ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш, халқи тоҷикро таҳти як парчам ва бунёдкориву созандагӣ муттаҳид намуда, хонадони ҳар як сокини сарзамини ин кишваро ободу осоишта гардонидаву ҳамзамон дар ин даврони тақдирсоз дар роҳи худшиносиву хештаншиносии миллат тақдири комилан ҷадидро эҷод намуданд ва мақому мартабаи Тоҷикистони тозабаистиқлолрасидаро дар арсаи байналмилалӣ болову воло гузоштанд. 
   Дар таърихи зиёда аз се даҳсолаи охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, сиёсатмадоре ҳастанд, ки садоқаташонро ба асосҳои олии давлатдорӣ, аз ҷумлаи адлу инсоф, таҳаммулгароӣ, демократию қонуният ба таври барҷаста нишон додаанд ва ҳамзамон, собит сохтаанд, ки ин аслҳову наслҳо дар сиришту бунёдашон ҳадафи созандагиву бунёдкориҳои зиёдеро доранд. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол халқи тоҷик ба якчанд дастовардҳои назарраси азим ноил гардид. 
    Мардуми азияткашидаи тоҷик дар ҷангу ҷидоли шаҳрвандӣ хаста ва гурезаву навмедшударо боз ба ҳам овард ва бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷон месупорам!» ниҳоятан ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид. 
    Маҳз ба туфайли ҷоннисориҳои зиёду азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис бар он гаштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. 
    Дар маҷмӯъ, иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллати тоҷикон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд. 


Ҷавониро фидо кардам, диёрам то амон бошад, 
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад, 
Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад!


     Зимнан, бояд қайд кард, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардид, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд. 
     Баробари ин, ба халқи Ватани мо истиқлолият як роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат, Пешвои миллати тоҷикон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор гардидаву рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва худшуносиву худогоҳӣ ва ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавонистем, ки тавассути роҳбари оқиламон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил гаштем. 
    Мо, кормандони соҳаи илм, аз ҷумла, олимону ходимони илм ва ҷавонони боору номуси кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил дорем ва аз ин ифтихор менамоем, ки бо меҳнати софдилона дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт. 


Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ,
н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович