Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография АМИТ бо мутахассисони Институти экология ва географияи Шинҷон ва муовини директори Институти тадқиқоти СҲШ дар Донишгоҳи Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин

Submitted by IED.TJ on Wednesday, October 16, 2024 - 2:15pm

Санаи 16 октябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати 5-нафараи Институти экология ва географияи Шинҷон - ходимони калони илмӣ Ву Мяо, Ду Хонгру, инчунин Роҳбари Маркази тадқиқоти Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини директори Институти тадқиқоти СҲШ дар Донишгоҳи Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин профессор Ма Фэншу баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳ дода, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишвар дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим, ба мисли таъмини рушди устувори иқтисод ва амнияти иқтисодӣ, рушди низоми инфрасохтор ва пайвасташавии хатҳои нақлиётӣ бо бозорҳои калони иқтисодӣ, арзёбӣ гардиданд. Зикр гардид, ки пояи илмию таҳқикотӣ дар баррасии масъалаҳои рушд бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои умумиҷаҳонии Тоҷикистон ва Хитой метавонад саҳми худро дар ривоҷи ҳамкориҳо гузорад. 
Изҳори итминон карда шуд, ки доираи ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар самти баррасии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва Хитой васеъ буда, метавонанд дар мулоқотҳои оянда мушаххастар асоснок карда шаванд. 
Дар раванди мулоқот ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз гардид. 
Мулоқот дар фазои муколамаи созанда баргузор гашт.