Санаи 28-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд марҳилаи ниҳоии силсилаи фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи фестивал муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳамадзода оид ба моҳияти маърифати молиявӣ, зарурати дониш ва саводнокии молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди кишвар ва аҳолӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии таълимӣ, балки имконияти хуб барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода барои иштирокдорони фестивал доир ба «Таърихи пайдоиши низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди он дар шароити имрӯза» маърўза (презентатсия) намуданд.
Сипас, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба мавзуъҳои «Муҳиммияти саводнокии молиявӣ», «Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он», «Рақамикунонии пардохтҳо: моҳият ва бартариятҳои он», «Таъсири суғуртакунонӣ ба иқтисодиёт», «ESG ва алоқамандии он ба саводнокии молиявӣ», «Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ» рӯнамоҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб сурат гирифта, нафарони фаъол соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.