ИНФРАСОХТОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Submitted by IED.TJ on Wednesday, July 31, 2024 - 6:18pm

Термини инфрасохтор аввалин маротиба дар солҳои 20-ми асри 20 дар соҳаи ҳарбӣ истифода шудааст. Дар ин ҷо маҷмӯи иншоотҳое, ки амалиёти самараноки қувваҳои мусаллаҳро таъмин мекарданд инфрасохтори соҳаи ҳарбӣ номида мешуданд.  
Дар адабиёти иқтисодӣ мафҳуми инфрасохтор дар соҳои 30-40-ми асри 20 пайдо шуд. Дар ин давра иқтисодиёти мамлакатҳои рушдёфтаи иқтисодӣ дар марҳилаи иқтисодиёти индустриалӣ буданд, ки дар сохтори иқтисодиёти онҳо ҳиссаи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, дар навбати аввал саноат нақши калон доштанд. Бозор дар он марҳила бозори истеҳсолкунандагон буд. Бинобар ин ҳамаи соҳаҳои дигар, ки барои рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ – саноат ва кишоврзӣ шароитҳои умумии зарурӣ месохтанд, соҳаҳои инфрасохтори иқтисодиёти миллӣ ҳисоб карда мешуданд. 
Аз ин ҷо, инфрасохтор – комплекси объектҳо ва сохторҳои бо ҳам алоқаманде мебошанд, ки барои рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ шароитҳои умумии зарурӣ месозанд. Ба инфрасохтор соҳаҳои нақлиёт, сохтмон, алоқа, савдо, энергиятаъминкунӣ, обтаъминкунӣ, гармитаъминкунӣ, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ дохил мешаванд.  
Ҳамаи соҳаҳои инфрасохторӣ ба 2 гурӯх ҷудо мешаванд: инфрасохтори истеҳсолӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ. Ба инфрасохтори истеҳсолӣ соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо, энергиятаъминкунӣ, обтаъминкунӣ, гармитаъминкунӣ ва ба монанди инҳо дохил мешаванд. Ба инфрасохтори иҷтимоӣ соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ дохил мешаванд.
Дар нимаи дуюм, аниқтараш дар солҳои 50-ум ва аввали 60-уми асри 20-ум дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии дунё ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра дар ҳаёти иқтисодии мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон ба ҷои иқтисодиёти индустриалӣ муносибатҳои иқтисодиёти баъдииндустриалӣ (ё иқтисодиёти ахборотӣ) ҳукмрон гаштанд. Дар ин марҳила дар сохтори иқтисодии мамлакатҳои рушдкарда ҳиссаи асосиро ҳам дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар шуғли аҳолӣ соҳаҳои хизматрасонӣ ишғол мекунанд. Инчунин дар бозори ҷаҳонӣ низ ва ҳатто дар байни мамлакатҳои ҷудогона муносибатҳои бозаргонӣ мувофиқи тадаботҳои иқтисодиёти баъдииндустриалӣ ҳалли худро меёбанд. Бозор дар ин маҳила бозори истеъмолкунандагон буд. Бинобар ин бисёр мамлакатҳои рушдкарда ва рӯй ба рушд оварда бо роҳи ҷаҳиш кардан суръати афзоиши иқтисодии худро мувофиқи тадаботҳои иқтисодиёти баъдииндустриалӣ тезониданд. Ҳиссаи соҳаҳои инфрасохторӣ дар ин марҳила ҳам дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар сохтори шуғли аҳолӣ баланд гашт.  
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи мамлакатҳои рушдкарда ва рӯй ба рушд оварда барои таъмини рушди иктисодӣ ва иҷтимоии худ  дар навбати аввал ба рушди соҳаҳои инфрасохторӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Бинобар ин аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам ба рушди соҳаҳои инфрасохторӣ имкониятҳои калон фароҳам оварда шудаанд. Ба ин рушди сохтмони нақлиётӣ, алоқа, истгоҳҳои хурду калони энергетикӣ, обанборҳо, мактабҳо, иншоотҳои тандурустӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.
Бояд қайд кард, ки сатҳи пасти рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи бисёр шаҳру ноҳиҳои минтақаҳои Тоҷикистон аз набудани роҳҳои нақлиётӣ, нарасидани энергияи электрикӣ, таъмин накардани об, набудани таълимгоҳҳо ва хизматрасониҳои тиббӣ дар сатҳи даркорӣ ва ба монанди инҳо соҳаҳои инфрасохторӣ сахт вобастагӣ дорад. Масалан, сари вақт нарасидани воситаҳои истеҳсолот ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёр кардаи онҳоро ба бозори фурӯш расонида натавонистан ба рушди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо  имконият намедиҳад. Мунтазам нарасидани энергияи электрикӣ рушди бисёр корхонаҳоро қатъ мегардонад. Аз набудани инфраструктураи обтаъминкунӣ бисёр корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ фаъолият карда наметавонанд ва бисёр дигар мисолҳо.
 Дар навбати худ бояд қайд кард, ки на танҳо соҳаҳои инфрасохторӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ шароит месозанд, балки соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳам барои рушди дигар соҳаҳо шароити умумии зарурӣ месозанд. Масалан, бе воситаҳои истеҳсолоти дар соҳаҳои саноат сохта шаванда ягон соҳаи дигар рушд ёфта наметавонад. Бе маводу ашёҳои аз маҳсулоти кишоварзӣ сохта шаванда бисёр соҳаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла одамон, ки қувваи асосии истеҳсолкунандаанд ҳисоб мешаванд, рушд ёфта наметавонанд. Аз ин ҷо, саноат ва кишоварзӣ ҳам барои рушди дигар соҳаҳои ҷомеа шароитҳои умумии зарурӣ месозанд. Вале ҳангоми шарҳи соҳаҳои базавӣ ва инфрасохторӣ ҳиссаи онҳоро дар сохтани маҳсулоту хизматрасонии ниҳоӣ барои истеъмолкунанда ба эътибор гирифтан лозим меояд. Бо назардошти инҳо гуфтан мумкин аст, ки инфрасохтор – ин маҷмӯи соҳаҳое мебошанд, ки барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои тайёр барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётии ҷамъият шароити умумии зарурӣ месозанд. 
Чунин соҳаҳои созандаи маҳсулот ва хизматрасониҳои тайёр барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ асосан соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мебошанд. Дигар соҳаҳои фаъолият барои онҳо шароити умумии зарурӣ месозанд. 
Рушди соҳаҳои инфрасохторӣ баъзе хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошад.
1. Сохтани инфрасохтор бисёр маблағталаб мебошад. Масалан, 1 килметр роҳи автомобилии муътадили магистралии сахт пушондашуда ба ҳисоби миёна на камтар аз 1,6-1,8 млн доллар меистад. Ҳамин тавр сохтмони дигар объектҳои нақлиётӣ, алоқа, обтаъминкунӣ, энергиятаъминкунӣ ва ғайраҳо. Бинобар ин ҳангоми сохтани соҳаҳои инфрасохторӣ дар баробари ин корҳо дар як вақт бояд чораҳои зарурии истифодабарии самараноки онҳо низ бояд кор карда шаванд, то ки дар муҳлати пешбинишудаи истифодабарии инфрасохтор онҳо пеш аз муҳлат корношоям нашаванд.  
2. Барои сохтани объектҳои инфрасохтор истифодаи техникаи сохтмонии инфрасохторӣ дар аксар ҷойҳо бисёр душвор аст. Ин, албатта, сохтани объектҳои инфрасохторро мушкил мегардонад ва бештар вақт бо ҳамин сабаб нобаробар ҷойгиркунонии объектҳои инфрасохтор дар сарзамини мамлакат ба вуҷуд меояд. Масалан, таъмин карда натавонистани бисёр минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва бисёр дигар хоҷагиҳои ба инфрасохтор эҳтиёҷмандбуда  бо роҳҳои нақлиётии қаноатмандкунанда, бо об, бо энергияи электрикӣ ва ба монанди инҳо имкон намедиҳанд, ки ин ҷойҳо ва хоҷагиҳо рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худро дар сатҳи қаноатбахш таъмин карда тавонанд. 
3. Сохтмони объектҳои инфрасохторӣ метавонад зиёни экологӣ расонад. Масалан, дар натиҷаи сохтани объектҳои нақлиётӣ, обтаъминкунӣ, энергиятаъминкунӣ ва ғайраҳо масофаи зиёди замин барои дигар истифодабариҳо корношоям мешаванд, партовҳо аз истифодаи инфрасохтор муҳити атрофро вайрон мекунанд. Бинобар ин ҳангоми сохтан ва истифодабарии инфрасохтор муносибатҳои таъмини рушди устувори ҷамъият бояд риоя карда шаванд, яъне муҳити атроф вайрон карда нашавад ва барои насли оянда мероси зарурӣ боқӣ монда шавад. 
4. Маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ метавонанд дар корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Вале таъминкунии маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ асосан молҳое мебошанд, ки бе онҳо дигар соҳаҳои ҷамъият фаъолият карда наметавонанд. Бинобар ин таъминкунии маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ молҳои ҳаётан муҳим ҳисоб мешаванд ва онҳо моликияти табии давлат мебошанд. Хариду фурӯши таъминкунии маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ дар бозори монополияи соф мегузаранд, ки дар ин бозор танҳо як фурӯшанда аст – ин ҳам давлат мебошад ва доду гирифт дар ин бозор на бо нархи бозорӣ, балки бо нархи ягонаи муқараркардаи давлат мегузарад. 
5. Хароҷотҳо ва фоида аз таъминкунӣ ва истифодабарии маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ бевосита ва бавосита муайян карда мешаванд. Бевосита барои фаъолияти худи соҳаҳои инфрасохторӣ истифода мешавад, то ки онҳо фаъолияти рақобатпазирии худро таъмин карда тавонанд. Бавосита дар миқёси давлат ҳисоб када мешавад.  Дар ин ҷо фоида аз истифодабарии таъминкунии маҳсулот ва хизматрасониҳои соҳаҳои инфрасохторӣ ба воситаи соҳаҳое муайян карда мешавад, ки онҳо бо истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои таъминкардаи соҳаҳои инфрасохторӣ фаъолияти самараноки худро ба роҳ мемонанд, натиҷаҳои баланд мегиранд ва пардохтҳое, ки онҳо ба давлат дар шакли андоз ва дигар пардохтҳо мекунанд, хароҷотҳои буҷети давлатро барои нигоҳдории соҳаҳои инфрасохторӣ садкаратаҳо пушонида боз фоидаи барзиёд меоранд. 
6. Дар фаъолияти самараноки соҳаҳои инфрасохтории муосир омили муҳимтарин – омили инсонӣ мебошад. Маҳз одамон бо донишу малакаи баланди худ метавонанд муъҷизаҳои ҳайратоварро офаранд  ва сатҳи баланди технологияи соҳаҳои инфрасохтории ватании худро таъмин намоянд. Бо ин мақсад ба баланд бардоштани потенсиали интеллектуалии одамони соҳаҳои инфрасохторӣ диққати аввалиндараҷа додан лозим меояд.
Ҳамин тариқ, вобаста ба мавқеи инфрасохтор дар сохтори ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат ва талаботҳои иқтисодиёти бозории муосир рушд ва ҷойгиркунии инфрасохтор талаботҳои махсусро торанд.
1. Рӯй ба бозор овардан, яъне эҳтиёҷот ва дархостҳои бозории истеъмолкунандагониро ба ҳисоб гирифта фаъолияти соҳаои инфрасохторро ба роҳ мондан лозим аст. 
2. Соҳаҳои инфрасохторӣ бояд кореро иҷро кунанд, ки дар бозор натиҷаи гирифташуда харидор дорад, яъне натиҷаи кор фурӯхта мешавад, на ин ки кореро иҷро кунанд, ки карда метавонанд.
3. Таъмин кардани моли инфрасохтор ба истеъмолкунанда ҳамин тавре, ки истеъмолкунанда истеъмолоти баланди максималиро соҳиб шавад. 
4. Таъмин кардани қаноатмандии истеъмолии максималии  истеъмолкунандагон аз фаъолияти инфрасохтор.
5. Ба истеъмолкунандагон пешниҳод карда тавонистани интихоби васеи максималии фаъолияти инфрасохтор. 
6. Соҳаҳои инфрасохтор чунин шароитҳои умумии зарурӣ ба вуҷуд оваранд, ки истеъмолкунандагон сифати баланди зиндагии максималиро ноил шаванд. 
7. Рӯй овардан ба қаноатманд гардонии дархостҳои индивидуалии ҳар истеъмолкунанда, мизоҷи ҷудогона ва ё гурӯҳи истеъмолкунандагон. 
8. Таъмин кардани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, хурд ва миёна дар соҳаи инфрасохтор. 
9. Васеъ кардани фаъолияти ҳамаи намудҳои инфрасохторӣ ва самаранок ба роҳ мондани корҳои ҳамоҳангсозии байни онҳо. 
10. Паст кардани хароҷотҳои инфрасохторӣ ва зиёд кардани фоидаоварӣ аз вай бо роҳи дуруст ҳисоб кардани хароҷотҳо ва фоидаоварии инфрасохторӣ бо методҳои бевосита ва бавосита. 
11. Баланд бардории мавқеи инфрасохтор дар таъмини гузариш ба иқтисодиёти индустриалии инноватсионӣ.  
12. Мувофиқан ба талаботҳои иқтисодиёти индустриалии инноватсионӣ сохта ба истифода додани соҳаҳои инфрасохтор. 
13. Ташкил кардан ва рушд додани саноати мошинсозии инфрасохтории ватании худӣ. 
14. Дар баробари самаранок истифода бурда тавонистани намудҳои дар  ҳозира ҷой доштаи воситаҳои истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои инфрасохтор намудҳои нави воситаҳои истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолиро ҷорӣ карда истифода бурдани онҳо. 
15. Баланд бардоштани сатҳи арзишмандии сармояи инсонӣ дар соҳаҳои инфрасохторӣ. 

Рауфӣ Абдуғаффор – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

мудири шуъбаи таҳқиқотҳои инфрасохтории

Институти иқтисодиёт и демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,