ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН» ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Submitted by IED.TJ on Friday, June 21, 2024 - 2:47pm

Дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 15-уми майи соли 2024 №2 санаи 21-уми июни соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИД АМИТ дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Қурбонова Ширин иштирок намуданд. 
Рўзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буданд:
1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД дар нимсолаи аввали соли 2024.
2. Интихоби Раис.
3. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ.
4. Масъалаҳои ташкилӣ.

 Тибқи муқаррарот ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, аз рўи масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. шунида шуд. Қайд гардид, ки ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, ки бевосита аъзои ҲХДТ ба ҳисоб мераванд, дар рафти иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, низ фаъолона иштирок менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи Нақшаи кории Институт барои соли 2024 ходимони илмии Институт оид ба таҳкиму тарғиби сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат дар воситаҳои ахбори омма беш аз 30 маротиба тавассути воситаҳои ахбори умум, барномаю намоишҳои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ фаъолона баромад намуданд, аз ҷумла, 
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ; 
- Тоҷикистон - Узбекистон: самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ»;
- Таджикистан - Узбекистан: основные направления сотрудничества;
- Эътимод муҳимтарин рушди омили ҷомеа;
- Истиқлолияти энергетикӣ плюс VI: тадбирҳои стратегӣ дар таъмини инкишофи «иқтисоди сабз»;
- Таъмини рушди сифатҳои ҷомеаи ратсионаливу муташаккил дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023;
- Масъалаҳои рушди институти шарикии иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023; 
- Масаълаҳои баланд бардоштани сифати  хизматрасониҳои давлатӣ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023; 
- Наврўз дар хиёбони андешаи инсон ва ё ҷаҳонбинии созанда;
- Аз рушди миқдорӣ ба рушди сифати гузаштан дар илм амри ногузир аст;
- Болоравии тафаккур ва фарҳанги техникӣ омили бунёдии рушди низоми инноватсионии мамлакат;
- Зарурати густариш додани механизмҳои ҳамгироии илму истеҳсолот ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ;
- Масъалаҳои баланд бардоштани тафаккур ва фарҳанги техникӣ дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30.05.2024 ва ғайра.
Дар қисмати музокираҳо аъзои фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилотро мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Дар рафти муҳокимаи масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис Шариф Раҳимзода – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз нав ба ҳайси раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ интихоб гардида, доир ба он қарори дахлдор тасдиқ карда шуд.
Бо ҳамин тартиб, ҷиҳати баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, номзадии аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои иштирок дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и АМИТ пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идома, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлатии миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва итминон дорем, ки бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд.