ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ.

Submitted by IED.TJ on Wednesday, May 15, 2024 - 10:50am

Бо мақсади баланд бардоштани арзишҳои миллӣ санаи 15-уми майи соли 2024 дар боғи «Истиқлол» бо иштироки занону духтарони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид, ки дар он бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, низ фаъолона иштирок намуданд.
Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас ва чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардида, ҳамчун матои миллии зебову шинам пазируфта шудааст, ки ин шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад.
Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳадаф аз гузаронидани ин гуна чорабиниҳо, ин муаррифии либоси миллӣ мебошад. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллат мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ - Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз ҷониби дигар аз рӯи либос ва фарҳангаш мешиносанд.
Дaр Тоҷикистон нaфaреро пaйдо нaмудaн душвор aст, ки мaфтуни сеҳру ҷозибаи aтлaсу aдрaси Суғд, чaкaни Хaтлон, гулдӯзиҳои нотaкрори минтaқaи Рaшт, aлочaву шоҳии водии Ҳисор, рaнгҳои пурҷилои куртaву тоқӣ вa ҷӯробҳои Бaдaхшон нaбошaд. Либоси миллии мо мaҳз бо ҳaмин рaнгу ҷило дaр ҷaҳон муaррифӣ гaрдидaaст.  


Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас…

Бо шоми сипеду ранги зебои чакан,
Гулрез бувад ваҷаб-ваҷаб хоки Ватан