ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

Submitted by IED.TJ on Monday, April 22, 2024 - 2:10pm

Санаи 22-юми апрели соли 2024 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, унвонҷӯён, магистрантони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Илм аз дидгоҳи олимони ҷавон» баргузор гардид.
 Дар кори конференсияи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулаҳмадзода Зулфиқор иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Таъкид шуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дастгирии илм ва махсусан олимони ҷавон яке аз авлавиятҳои вижаи сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи кишвар ба ҳисоб мераванд. Таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри аҳолӣ зиёд буда, барои онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам овардаанд.
Дар кори конференсияи мазкур, инчунин раиси Шурои олимони ҷавони Институт, н.и.и. Юнусзода Х.Қ. дар мавзӯи «Влияющие факторы на внешнюю торговлю Республики Таджикистан» ва ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Мадаминов А.А. дар мавзӯи «Оценка влияния на экономическую устойчивость предприятий промышленности факторов внешней среды» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.