Рӯзи 29 сентябри соли 2023 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар нӯҳ моҳи соли 2023.
2. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии магистрантон, унвонҷӯён ва докторантони PhD- и соли якуми таҳсил.
3. Гузаронидани аттестатсияи докторантони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ - соли таҳсили 2021-2023.
4. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, д.и.и. Назирӣ Гулбаҳор Назир барои дарёфти унвони дараҷаи илмии «профессор»-ӣ аз рӯи ихтисоси «Иқтисодиёт».
5. Тағйирот ба қарори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 26 декабри соли 2022, №12 (Оид ба тасдиқи шуъбаҳои илмӣ ва интихоби мудирони шуъбаҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).
6. Тағйирот ба қарори Маҷлиси умумии кормандони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2022, №12 (Оид ба интихоби аъзоёни Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон).
7. Оид ба тасдиқи мавзӯи илмӣ – таҳқиқотии рисолаи доктории ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, н.и.и. Раҷабов Қозӣ Раимович «Совершенствование системы управления инновационной деятельности горнорудных предприятий Республики Таджикистан» таҳти мушовирии д.и.и. Хоналиев Н.
8. Масъалаҳои ҷорӣ