Санаи 04-уми сентябри соли 2023 дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомали Сайфиддин ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа бахшида ба истиқболи 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуданд. Аз ҷумла,
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 Каримова Мавзуна Тимуровна – д.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 Шарифзода Баҳром Маҳмуд – д.и.и., сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 Муминова Фарида Маҳмудовна – н.и.и., мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 Алимов Анвар Латифович – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023 №618 Субҳонов Акбарҷон Идирсович – н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.