ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲ

Submitted by IED.TJ on Friday, June 23, 2023 - 9:00am

Тоҷикему якдилу ҷонем, 
Партави як субҳи тобонем.
Шӯълаи як моҳи шомафрӯз, 
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо иқтидори мост, 
Ваҳдати мо  ифтихори мост.

        Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.
       Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд.  Имрӯз кишвари азизи моро беш аз 170 мамлакати ҷаҳон бо пойдор гардидани сулҳу имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ки аз он 25 сол пур мешавад, мешиносанд.
        Эҳёи Ваҳдати миллӣ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, қабл аз ҳама, миллати тоҷикро аз парокандагӣ эмин дошт ва Тоҷикистони азизу муқаддасро аз пора-пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшид. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Қаҳрамонии Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Аз ин рӯ, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро бояд донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфоии мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.
        Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
       Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
       Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар рӯи замин аст.
       Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.
      Танхо дар сурати пойдор будани ваҳдату якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
      Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида мавҷуданд, ки мехоҳанд ваҳдату суботи давлати соҳибистиқлоли моро бо ҳар роҳу васила халалдор намоянд. Созмону ташкилотҳои мамнӯъ дар сомонаҳои интернетӣ, маълумотҳои бардурӯғ бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷикон ва шаҳрвандони онро дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ паҳн менамоянд.
      Аз ин рӯ, барои ободии давлату миллат ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешрафти Ватан гузорад ва сулҳу Ваҳдати миллиро аз душманони миллат эмин нигоҳ дорад.

Ҳусейн Аюбов – лаборанти калони 
шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ