ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМИ ҶАВОН

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шӯъбаи тадқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ

Боиси сарбаландист, ки дар таърихи кишварамон моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Таърих гувоҳи он аст, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳадафи бузургтарин бобати рӯзи ид муайян кардани санаи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин воқеаи хотирмон, яъне рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Маҳз дар ин рӯз, бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир доранд. Дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор давардани нахустин чархаи НБО-и Роғун рост омадааст. Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Ин иҷлосияи тақдирсоз давлату миллати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ташаббуси ин санаи муҳим, дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт. Ҳамаи дастовардҳои назарраси имрӯза бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дошта, он ҳама дастовардҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадаанд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Барои миллати тоҷик дар як давраи ҳассосу нооромиҳо ва парокандагӣ шахси барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлатро ба даст гирифта, дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд. Бояд таъкид намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. Мо, бояд аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи таърихи миллат, забони давлатӣ, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Сарвари ғамхору некбини худ ҷамъ гардем, эҳтиром ба корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир сина сипар созем. Зеро, Сарвари давлатамон барои миллат ва Ватан, баҳри нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге анҷом додаанд. Марду зан, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд бо чашми ростбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистони азиз бо муттаҳидӣ ҳиссагузор мегарданд. Имрӯз бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ оид ба сиёсати давлатии кишварамон дар самти таҳкими баробарии гендерӣ низ сухан намудан бамаврид аст, зеро маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому рисолати занону бонувон дар ҷомеа бомаром баланд шуда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштирок дар ҳаёти ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, шумораи бонувону духтарон дар мақомоти давлатӣ, соҳаи иқтисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳибкорӣ сол аз сол меафзояд. Қабули барномаҳову стратегияҳои давлатӣ, қарорҳо ва амрҳо, ки ҳадафи муҳим – баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа, қобилияти роҳбарии занон, рушди истеъдодҳо, сайқал додани донишу малакаи илмӣ ва ҷалби бонувон дар раванди идоракунии давлатӣ аз роҳнамоиву дастгирии доимӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат замина мегирад. Ба таҳсил фаро гирифтани ҳазорҳо духтарону бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чӣ дар манотиқи кишвар, чӣ дар хориҷи кишвар, инчунин ҷудо намудани квотаи Президентӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва касбомӯзӣ боиси ифтихор ва миннатдорист. Лозим ба тазаккур аст, ки дастоварди дигари асосӣ ва бузург дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии онон мебошад. Имрӯзҳо барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад. Тоҷикистон ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт, ки имрӯзу ояндаи миллати моро боз ҳам равшан мегардонад. Маҳз, чунин санаи таърихӣ моро водор менамояд, ки бори дигар ба таърихи халқи худ назар афканем, то ки ба қадри сулҳу субот ва оромию осоиштагии имрўза бирасем. Албатта, сулҳу оромии имрўзаи мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин ҷода саҳми шахсиятҳои бузурги миллат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Азму талошҳои ин марди бузург буд, ки халқи тоҷик аз ҳаёти пурмашаққат ба зиндагии осоишта баромад. Имрўзҳо аҳли кишвар дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати тозаистиқлоли худро мустаҳкам карда, бо амалисозии ниёзу армонҳои худ дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва бо як ҷаҳон шукргузориву ифтихор кору фаъолият мебаранд. Истиқлол барои ҳаёти мардуми кишвари мо нақши муҳимеро дорост ва онро метавон эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик номид. Дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҳаёти халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлати соҳибистиқлол тамоми масъулиятро ба зиммаи хеш гирифта, сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагии тоҷиконро имконпазир намуданд. Ба шарофати Пешвои миллат мушкилоти ба сари мардуми кишвар омада бартараф гардид, ҳазорон-ҳазор гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ҳаёти осоишта барқарор шуд ва корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Пешвои миллат бо нерўю ғайрат, муҳаббат ва садоқат сулҳу ваҳдати миллиро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатдории тоҷикон роҳандозӣ мекунанд. Ҳастии кишварамон ба ҳайси давлати алоҳидаи мустақил баъди ба даст овардани истиқлолият бо ин шахсият, фарзанди фарзонаи миллат пайванди абадӣ касб намудааст. Дар тўли 35 соли Истиқлолият бисёр мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф ва таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ба амал бароварда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Мо - мардуми тоҷик, аз љумла шахсони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро ҷонибдорӣ менамоем. Ҳар як нафари саодатманди ин сарзамини хуршедиро месазад, ки аз чунин роҳбару Пешвои халқпарвар ифтихор намуда, дар амалигардонии дастурҳои созанда дар роҳи рушди кишвар ва ҳифзи Истиқлолияту ваҳдати миллӣ муҳофизи арзишҳои миллӣ бошад. Бошад, ки Сарвари кишварамон чун ҳамешагӣ ифтихори миллат бошанд! Давлату миллати сарбаландамон пойдор ва парчами мо парафшон бошад! Обидова М. Р. – н.и.и., котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муфассалтар
ХАТСАЙРИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН АЗ БИНОИ НАВИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДИДАН НАМУДАНД

ХАТСАЙРИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН АЗ БИНОИ НАВИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДИДАН НАМУДАНД

Дар доираи хатсайри илмӣ – маърифатӣ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити муосири корӣ, имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фаъолияти муассиса аз наздик шинос гардиданд. Зимни боздид қайд гардид, ки бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакат ба рушди илму маориф бунёд гардида, барои фаъолияти пурсамари олимону муҳаққиқон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Ёдовар мешавем, ки 9 июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави институт ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурии илмӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва рушди илмҳои иқтисодиву демографӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни шиносоӣ олимону муҳаққиқон аз ҳуҷраҳои корӣ, бахшҳои илмӣ ва дигар иншооти бинои нав боздид намуда, бо имкониятҳои фароҳамгардида барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ ва демографӣ, инчунин фаъолияти кормандони муассиса шинос шуданд. Зикр гардид, ки Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омӯзиши масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, таҳқиқи равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳлили вазъи демографӣ, омӯзиши бозори меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии равандҳои иқтисодӣ ва демографӣ, рушди технологияҳои муосир ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва демография беш аз пеш меафзояд. Дар ин замина, фароҳам овардани шароити муосири корӣ барои олимону муҳаққиқон имкон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши масъалаҳои мубрами иқтисоди миллӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пешгӯии равандҳои демографӣ ва таҳияи тавсияҳои илмии асоснок боз ҳам тақвият дода шаванд. Қайд гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва иқдомҳои пайгиронаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар солҳои охир ҷиҳати навсозии инфрасохтори илмӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти муассисаҳои таҳқиқотӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва таҳкими заминаи моддиву техникии институтҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.. Ҳамчунин, зикр шуд, ки рушди таҳқиқоти иқтисодиву демографӣ дар шароити имрӯза барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ аҳаммияти махсус дорад. Таъкид гардид, ки олимону муҳаққиқони институт бояд бо истифода аз шароити фароҳамгардида ба таҳқиқи масъалаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, таҳияи пешниҳодҳои илмии амалӣ, омӯзиши равандҳои демографӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар равона намоянд.

Муфассалтар
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ОМИЛИ ТАЪМИНИ СУБОТИ ҶОМЕА

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ОМИЛИ ТАЪМИНИ СУБОТИ ҶОМЕА

Терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи хатарҳои бузургтарини ҷаҳони муосир ба шумор рафта, дар шароити рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ хусусияти мураккаб ва фаромиллӣ касб намудаанд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба амнияти давлатҳо ва суботи сиёсӣ, балки ба ҳаёти осоиштаи инсон, рушди иқтисодӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ таҳдид мекунанд. Терроризм сарҳадҳои ҷуғрофиро эътироф намекунад ва оқибатҳои он метавонад ба кишварҳо, миллатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Дар шароити имрӯза терроризмро наметавон танҳо ҳамчун амали зӯроваронаи гурӯҳҳои алоҳида арзёбӣ намуд. Он падидаи мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ буда, решаҳои пайдоишаш ба омилҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои сиёсӣ, ноустувории иқтисодӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифат, бӯҳронҳои арзишӣ ва таъсири таблиғоти ифротӣ алоқаманд мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз вазъи душвори иҷтимоӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва эҳсосоти осебпазири баъзе шахсон кӯшиш мекунанд ғояҳои зӯроварона ва зиддиинсониро паҳн намоянд. Яке аз хусусиятҳои ташвишовари терроризми муосир истифодаи васеи фазои иттилоотӣ барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ мебошад. Рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои васеи дастрасӣ ба иттилоотро фароҳам овардааст, аммо дар баробари ин, барои паҳн гардидани маълумоти бардурӯғ, барангехтани кинаву адоват ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ шароит ба вуҷуд овардааст. Дар чунин вазъият саводи рақамӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти дуруст арзёбӣ намудани иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҳар як шаҳрванд бояд пеш аз қабул ва паҳн намудани маълумоти интернетӣ ба дурустӣ, манбаъ ва ҳадафи он диққат диҳад. Мушкилоти дигари муҳим таъсири манфии терроризм ба иқтисодиёти давлатҳо мебошад. Ноустувории сиёсӣ ва таҳдидҳои террористӣ метавонанд боиси коҳиш ёфтани сармоягузорӣ, маҳдуд гардидани фаъолияти соҳибкорӣ, паст шудани ҷараёни сайёҳӣ, афзоиши хароҷоти давлатӣ барои таъмини амният ва суст шудани рушди инфрасохтор гарданд. Дар чунин шароит имкониятҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ маҳдуд мешаванд. Аз ин рӯ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ яке аз шартҳои муҳимми рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Терроризм, пеш аз ҳама, ба арзишҳои инсондӯстӣ, ҳуқуқ ба ҳаёт ва озодии инсон мухолиф мебошад. Қурбониёни амалҳои террористӣ танҳо шахсони бевосита осебдида нестанд, балки оилаҳо, наздикон ва тамоми ҷомеа аз оқибатҳои вазнини чунин ҳодисаҳо ранҷ мебаранд. Тарсу ҳарос, осеби равонӣ, аз даст додани наздикон ва коҳиш ёфтани эҳсоси амният метавонанд дар ҳаёти одамон таъсири дарозмуддат гузоранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм бояд ҳамзамон ҳифзи ҳаёт, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари худ қарор диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ дар канор буда наметавонад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби геополитикии минтақа, хусусияти фаромиллии ҷиноятҳои террористӣ ва зарурати ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии чунин зуҳурот яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар ин самт ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байниидоравӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар муқовимат ба терроризм нақши ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, касбият ва мавқеи шаҳрвандии онҳо вобастагии калон дорад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо маҳз камтаҷрибагӣ, надоштани ҷаҳонбинии васеъ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва таъсирпазирӣ аз иттилооти бардурӯғ метавонад ҷавононро ба ғояҳои ифротӣ наздик созад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва ташаккули тафаккури мустақил таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Дар баробари ин, таъмини шуғли ҷавонон, рушди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди шахсият аз омилҳои муҳимми пешгирии ифротгароӣ ба шумор мераванд. Вақте инсон имконияти татбиқи қобилиятҳои худро пайдо мекунад, соҳиби касб ва ҷойи кор мегардад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи муайян дорад, заминаҳои таъсирпазирии ӯ аз ғояҳои зӯроварона коҳиш меёбанд. Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, олимон, ходимони динӣ ва воситаҳои ахбори омма низ назаррас мебошад. Оила ҳамчун ниҳоди аввалини тарбия бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии солим, эҳтироми дигарон ва масъулияти шаҳрвандии фарзандон саҳми муносиб гузорад. Муассисаҳои таълимӣ бошанд, дар баробари додани дониш, бояд қобилияти таҳлил, андешаи мустақил ва фарҳанги муколамаро дар байни хонандагону донишҷӯён ташаккул диҳанд. Воситаҳои ахбори омма низ вазифадоранд, ки бо пешниҳоди иттилооти саҳеҳ, таҳлилҳои воқеъбинона ва маводи маърифатӣ ба баланд бардоштани ҳушёрии ҷамъиятӣ мусоидат намоянд. Бояд махсус таъкид намуд, ки мубориза бо терроризм набояд бо муқобилгузории динҳо, миллатҳо, забонҳо ва фарҳангҳо омехта карда шавад. Терроризм ва ифротгароӣ ифодаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян буда, онҳоро набояд ба эътиқод ва фарҳанги ягон миллат ё дин нисбат дод. Ҳамзистии осоишта, эҳтироми гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ аз муҳимтарин заминаҳои муқовимат ба ғояҳои ифротӣ мебошанд. Ҳар гуна кӯшиши барангехтани кинаву адоват дар байни мардум бар хилофи манфиатҳои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа мебошад. Муборизаи самаранок бо терроризм муносибати маҷмуӣ, пайваста ва дарозмуддатро талаб менамояд. Танҳо чораҳои қудратӣ барои бартараф намудани ин падида кофӣ нестанд. Дар баробари фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зарур аст, ки сабабҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологии ба густариши ифротгароӣ мусоидаткунанда низ коҳиш дода шаванд. Тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди маорифу илм, дастгирии оилаҳои осебпазир ва ташаккули фарҳанги сулҳ бояд ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирикунанда арзёбӣ гарданд. Дар замони муосир ҳифзи сулҳу субот танҳо вазифаи давлат ва сохторҳои дахлдор набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Ҳар як инсон бо муносибати масъулона ба иттилоот, эҳтироми қонун, тарбияи насли наврас, таҳаммулпазирӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ метавонад дар пешгирии зуҳуроти номатлуб нақши муҳим гузорад. Ҷомеае, ки дар он дониш, маърифат, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон арзишҳои асосӣ мебошанд, нисбат ба таъсири ғояҳои зӯроварона устувортар хоҳад буд. Сулҳу амният шарти асосии пешрафти ҳар як давлат ва саодати ҳар як миллат мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд вазифаи умумии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамкории созанда метавон ҷомеаи пешрафтаву амн бунёд намуд ва барои наслҳои оянда ояндаи дурахшонро таъмин кард. Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Муфассалтар

ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо ҳам ба маврид қайд кардаанд, ки «Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад». Яке аз омилҳои муҳиме, ки насли наврасу ҷавонро то ба ифротгароиву терроризм бурда мерасонад, ин хурофотпарастӣ ва мафкураи хурофотӣ мебошад ва ягона силоҳи мубориза бо ҳурофот ин илму дониш ва маърифату фарҳанг аст. Бо дарки ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми солонаашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷойи онро фарҳангӣ бегона мегирад». Тазаккур бояд дод, ки дар синни ҷавонӣ ҳар як инсон дар рӯбарӯи интихобҳои тақдирсоз қарор мегирад ва ояндаи ӯ аз дурустии ҳамин роҳ вобастагӣ дорад. Дар ин масир ҷавонон бештар ба дастгирӣ ва маслиҳати дурусту роҳнамоии инсонҳои дурандеш ниёз доранд. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки падару модар, устодон ва аҳли ҷомеа ба рафтору кирдори наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, баҳри камолоти маънавии онҳо саъю талош варзанд, то ки ба доми фиреби равияҳои тундгаро ва ифротии динӣ мувоҷеҳ нашаванд. Агар дар тарбияи ҷавонон саҳлангорӣ намоем, оқибат ба коми заҳоксириштон афтида, ахлоқу рафтор, гуфтору муносибати онҳо пурра тағйир ёфта, оқибат ифротӣ мешаванд. Мусаллам аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа дониши ҷавонон коста шавад, ҳамон қадар тасаввурпардозӣ, хаёлгароӣ ва ақибмондагӣ ба назар мерасад. Таъсири омилҳои болозикр ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, моликияти зеҳнӣ ва ташаккулёбии давлатдорӣ таъсири бад мерасонад. Дар ҷомеае, ки ҳурофот реша медавонад, гуруҳҳои муайяни манфиатхоҳ зуд ҷои по пайдо мекунанд, зеро фосила миёни ҳурофотпарастӣ ва андешаи ифротӣ, яъне экстремизм як ваҷаб аст. Гуруҳҳои ифротию террористӣ афроди ноогоҳро ҳамчун аслиҳа ва ё дастак ба муқобили давлату миллати худ истифода мебаранд. Дар фазои имрӯзаи ҷаҳонӣ, кишварҳои пешрафта барои касби дастовардҳои технологӣ ҷаҳду талошҳои беандоза мекунанд, ки дар маҷмуъ барои ҳадафгузории миллӣ ин амри сутуданист. Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи ҷавонон вобаста аст. Набояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошанд. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Ватани азизу соҳибистиқлоли мо мебошад. Муҳимтарин омили худшиносии ҷавонон рӯ овардан ба таърихи миллат, омӯзиш ва донистани адабиёти пурғановати тоҷик, огаҳии комил аз фаъолияти илмӣ ва кашшофии фарзонафарзандони донишманди гузаштаи миллат, ки тавонистанд дар поягузорӣ ва рушди илмҳои башарӣ нақши бориз гузоштаанд, маҳсуб мешавад. Баҳри камолоти маънавии мардум аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои судманд рӯйи даст гирифта шуд, ки садсолаҳо дар сафҳоти таърих бо ҳарфҳои зарҳалин сабт мешаванд. Роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ-маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи ташаббусҳои ниҳоят бамаврид ва ҳуввиятсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамин мақсадҳои неку дурбинонаи Сарвари давлатро ифода мекунанд. Се озмуни ҷумҳуриявие, ки аз тарафи Пешвои миллат пешниҳоду ташкил гардид, дар самти баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ ва рӯ овардани онҳо ба китобу китобхонӣ, илмҳои дақиқу риёзӣ, табиатшиносӣ, фарҳангу ҳунар бо пешбинии мукофотҳои калони пулӣ мусоидат намуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд. Бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузоранд. Иродаи сиёсии Тоҷикистон ин иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз ҷавонони мо чунин иродаи қавиву тавоно ва наҷотбахши миллатро ҳамвора дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоянд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, хуруҷи ифротгароӣ, таъсири равандҳои геопалетикӣ моро водор месозад, ки бо ҳисси ифтихори ватандорӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дастаҷамъона баҳри ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, чун истиқлолияту ваҳдати сар то сарӣ мардонавор истодагарӣ намоем. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, имрӯзҳо вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, то ҳол мехоҳанд, ки фаъолияти таҳрибкоронаи худро дар давлати мо густариш дода, ба амнияту оромии кишвар халал ворид намоянд. Таъмини амният, сарҷамъии миллат, расидан ба зиндагии осоишта кори саҳлу сода набуд, ки ин рисолати бузургро Пешвои муаззами миллат баҳри мардум таъмин кард. Пешгирӣ аз амалҳои ношоиста, ки доғ ба миллату давлат меорад, кори дастаҷамъона буда, тақозо менамояд, ки тамоми қишри ҷомеа дар ин амри хайр саҳмгузор бошанд. Арҷгузоштан ба хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, расидан ба қадри истиқлолу Ваҳдат, пос доштани арзишҳои миллӣ ва самимияту садоқат ба ин сарзамин ҳар фарди бедордили Ватанро ба он водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар бо масъулияти баланди ватандорӣ хизмат намоянд. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода - н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муфассалтар
Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон механизмҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд

Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон механизмҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд

Шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сатҳи муҳими татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, саҳмгузор ва натиҷагирандаи рушди кишвар мебошад. Дар сатҳи минтақавӣ на танҳо мушкилоту интизориҳои мардум бештар аён мегардад, балки самаранокии истифодаи имконияту иқтидорҳо беҳтар метавонад таъмин шавад. Дар натиҷа омили минтақавии рушди кишвар муҳаррики муҳими ташкили шароити мусоид ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, сатҳи баландтари зиндагонӣ мебошад. Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаву имкониятҳои мавҷуда ба хотири пешрафти минтақаҳои кишвар равона шуда истодаст, то ки барои шаҳрвандони мо шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад. Дар натиҷа, танҳо дар тайи даҳ соли охир маҷмӯи маҳсулоти минтақавии кишвар аз 43,7 миллиард сомонӣ дар соли 2015 то ба 162,7 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзуд, ки ба 92 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад. Бунёд гардидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳу пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир, иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ боиси беҳтар шудани шароити зиндагиву фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар сафарҳои корӣ Президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳар сол якчанд маротиба сурат мегиранд, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рӯзгору фаъолияти сокинони минтақахои мамлакат, инчунин бо ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои фармону амрҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, дастуру супоришҳои додашуда ва бо корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос мешаванд. Бо сарварии Президент Ҳукумати кишвар барои ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта, аз он ҷумла оқибати офатҳои табиӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ мешаванд. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуданд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмини рушди устувори минтақаҳо барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳия ва қабул гардиданд. Амалӣ гардидани барномаҳои мазкур дар шароити ташаккули модели нави рушди иқтисод, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани нақш ва саҳми минтақаҳо, инчунин ба истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ вобаста аст. Бояд қайд намуд, ки баҳри амалӣ гардонидани ҳадаф ва афзалиятҳои дар доираи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар қабулгардида таваҷҷуҳ доимо баланд аст. Пояи ягонаи ҳуқуқии ташаккули Барномаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳру ноҳияҳои кишвар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» (бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022, № 724 қабул гардидааст), «Тартиби мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 405 тасдиқ шудаст)) имконият медиҳад, ки шакли ягона (бо назардошти сохтори ягонаи барномаҳо дар сатҳи маҳал) таъмин гардад. Албатта, барномаҳои рушди минтақаҳои кишвар таҷассумгар ва нуқтаи муҳими саъю кӯшишҳо дар самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардида, масъалаҳои муҳимро, аз қабили таъмини дараҷаи мақбули амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар ва таъмини суботи иҷтимоиро дар бар мегиранд. Дар ин раванд, масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ самти асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ, алалхусус роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия мебошад ва ба ин мақсад тамоми имконияту воситаҳо, аз ҷумла тавассути таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, яъне имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорон васеъ истифода карда мешаванд. Дар натиҷа - дар минтақаҳои кишвар бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои хурд, ҷалби занону ҷавонон ба истеҳсолот, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ба назар мерасад. Илова бар ин, дар минтақаҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, технопаркҳо ҳамчун муҳаррикони муҳими рушд таъмин шудаст. Кӯшишҳо ба он равона шуда истоданд, ки ба ташаккул ва устуворгардонии ин неру диққат баланд нигоҳ дошта шавад. Дар сатҳи минтақаҳои кишвар вазифагузориҳо доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор аст, таъмин мегардад. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки чунин ҳамгироии Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 ба раванди идоракунии шаҳру ноҳияҳои кишвар имкон медиҳад, ки иқтидорҳо дар самти татбиқи қарорҳои инноватсионӣ таҳким ёбанд. Дар назар аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар татбиқи ҲРУ тавассути қабули қарорҳои мутобиқ ба эҳтиёҷоти ҷомеаи маҳаллӣ ва афзалиятҳои рушди минтақаҳо нақши муҳим мебозанд. Бо ташаббуси Президенти кишвар муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи минтақавӣ низ рушду тавсеа ёфта, айни замон дар назди раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки дастаҷамъии фаъолият дар сатҳи марказу минтақа ба хотири афзун намудани имкониятҳои ҷалби сармояҳо таъмин гардад. Ва минтақаҳо бевосита дар ташаккули механизмҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ иштирок менамоянд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки амалӣ намудани механизми аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ба сатҳи минтақаҳо интиқол додани қисми зиёди ваколатҳо, ки махсусан, ба равандҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ба назар мерасад. Дар натиҷа, маблағгузории соҳаҳои барои рушди инсонӣ муҳим, мисли тандурустӣ ва маориф, дар ҳаҷми зиёд (қариб 80%) аз ҳисоби буҷети маҳалҳо анҷом дода мешавад. Дар давоми танҳо 10 соли охир хароҷотҳои буҷетҳои маҳаллӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ аз 1 миллиард сомонӣ то ба 13 миллиард сомонӣ расонида шуданд. Ҳамасола барои пӯшонидани хароҷоти буҷети маҳалҳои ноҳияҳои дурдасти кӯхистон, аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда мешаванд. Дар баробари дастгирии молиявии буҷетҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳ ба такмили механизмҳои зиёд намудани даромадҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, диққати зиёд дода мешавад. Раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда якҷо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои пурраву сифатноки буҷети давлатӣ доим тадбирҳои зарурӣ андешанд. Таъмини мутавозинии рушди минтақаҳо, бахусус дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ ва маблағгузории буҷетӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодии минтақаҳо ҳадафҳои муҳим дар давраи миёнамуҳлат ҳисобида мешаванд. Албатта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташкил ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии минтақахои кишвар хеле муҳим ва бориз аст. Маҳз чунин фаъолияти пурсамару дурандешона имкон медиҳад,ки минбаъд низ суботи рушд бо ноилшавӣ ба қуллаҳои нав дар минтақаҳои кишвар таъмин гардад. Муминова Фарида Маҳмудовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шӯъбаи иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муфассалтар
Роль Конституции в формировании социального государства

Роль Конституции в формировании социального государства

Понятие «социальное государство» означает, что главной целью политики страны является обеспечение достойной жизни и свободного развития каждого гражданина. Именно здесь ключевую роль играет Конституция - основной закон, который обеспечивает справедливость. Конституция – это правовой акт на гарантированную защиту прав и свободы не только гражданина, но и любого человека, проживающего в нашей стране. Конституция является основой государства это высший закон для принятия всех правовых нормативных документов в политической, экономической, социальной сферах и правильного достоверного решения любого положения. В Таджикистане Конституция была принята 6 ноября 1994 года всенародным референдумом. До сегодняшнего дня референдумом 3 раза вносились изменения: 26 сентября 1999 года, 22 июня 2003 года и 22 мая 2016 года. Конституция обладает высшей юридической силой и состоит из 10 глав и 100 статей: Глава 1. Основы конституционного строя, определяют суть государства и суверенитет народа, имеет 13 статей (1- 13); Глава 2. Права, свободы, основные обязанности человека и гражданина, определяют гражданские, политические, экономические и социальные права, имеет 34 статьи (14- 47); Глава 3. Маджлиси Оли, определяет статус, полномочия и порядок работы парламента, имеет 16 статей (48- 63); Глава 4. Президент, определяет требования к кандидату, функции и полномочия главы государства, имеет 9 статей (64- 72); Глава 5. Правительство, определяет состав и исполнительно-распределительную деятельность, имеет 3 статьи (73- 75); Глава 6. Местные органы государственной власти и самоуправления, определяют управление на уровне областей, городов и районов, имеет 5 статей (76- 80); Глава 7. Горно-Бадахшанская автономная область, определяет особый конституционный статус, имеет 3 статьи (81- 83); Глава 8. Суд, определяет принципы правосудия и судебную систему, имеет 9 статей (84- 92); Глава 9. Прокуратура, осуществляет надзор за исполнением законов, имеет 5 статей (93- 97); Глава 10. Порядок изменения конституции, вносятся правки только через всенародный референдум, имеет 3 статьи (98- 100); Переходные положения из 4-х пунктов. В Таджикистане Конституцией предусмотрена гуманность в отношении всех граждан, не только законопослушных, но и преступников. По отношению к преступникам не проводится полная конфискация имущества, что является одним из положительных показателей в нашей стране. Во многих странах такого гуманизма нет по отношению к своим гражданам. Мы граждане, живущие в Таджикистане в случае каких-либо неправовых действий со стороны других государств, должны защитить суверенитет, независимость и безопасность своей страны, что является священным долгом каждого гражданина. Каждая страна на планете земля является неотъемлемой частью всего мирового сообщества, для того чтобы понять и осознать всю ответственность во взаимоотношениях с каждой страной необходимо в своей стране создать все условия для решения задачи по устройству справедливого общества. Избранный нами Руководитель страны, который нас граждан Таджикистана объединяет, целеустремляет во всех делах, защищает и направляет по жизненному пути в соответствии с утвержденной Конституцией. Сайдалиева Алкос Сайдамировна, младший научный сотрудник отдела инфраструктуры Института экономики и демографии НАНТ

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734063 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 267.

Телефон

(+992 37) 225-80-80

Email

info@ied.tj