ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии Китоб

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 06/03/2025 - 10:01

Имрӯз  дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри муаллифон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон Қаландар Абдураҳмонов таҳти унвони “Иқтисоди меҳнат дар асри зеҳни сунъӣ” рӯнамоӣ гардид.

ШУРОИ ОЛИМОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/30/2025 - 10:40

Санаи 30-юми майи соли 2025 дар Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ИИваД доир ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2025-2026
2. Оид ба вазъи фаъолияти семинарҳои илмӣ-назариявии шуъбаҳо ва Институт
3. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021 №263 «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030»

Курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/28/2025 - 10:07

Санаи 28 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ба анҷом расид.
Курси мазкур бо ташаббуси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака ва салоҳияти касбии роҳбарони аввали мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуд.

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/27/2025 - 11:03

27 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ» баргузор гардид.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ