КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 05/27/2025 - 11:03

27 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори конференсияи мазкур сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои хориҷии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Баҳром Маҳмуд иштирок ва дар мавзӯи «Мобилизация резервов роста внутренних финансовых ресурсов как предпосылка для решения социально-экономических проблем Таджикистана в современных условиях» баромад намуданд.
Конференсия ҳамчун як платформаи муҳимми табодули дониш ва таҷриба ба баҳсҳои созанда ва ташаккули пешниҳодҳои амалӣ барои такмили сиёсати иҷтимоии кишвар мусоидат намуд.

Меню: