Форуми 2-юми иқтисодӣ бахшида ба «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
Санаи 28 майи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми 2-юми иқтисодии «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» дар мавзуи «Рушди устувори иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бахшида шуда, ба масъалаҳои мубрами рушди иқтисодии кишвар дар партави таҳаввулоти иқлимӣ бахшида шудааст.
Дар кори форум беш аз 400 нафар мутахассисон, олимон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои илмии кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии форум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромзода Парвина, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ва раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар кори Форум дар қатори дигар олимону мутахассисони соҳаи иқтисоди кишвар ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Шариф Раҳимзода, Лутфулло Ҳабибулло ва Абдуғаффор Рауфӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуда, масъалаҳои стратегияи рушди «сабз», идоракунии таваккалҳои иқлимӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисоди устуворро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Мақсади асосии баргузории форуми мазкур муҳокима ва таҳлили самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишвар дар ҳолати таъсири тағйирёбии иқлим ба бахшҳои муҳими иқтисод мебошад. Ҳамзамон, ҳадафи форум ҷалби диққати ҷомеаи илмӣ ва иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори муқовимати иқтисоди миллӣ дар шароити ҷаҳонии тағйирёбии иқлим аст.
Дар поёни форум аз ҷониби иштирокчиён қарорҳо ва тавсияҳои мушаххас ҷиҳати таҳияи сиёсати устувори иқтисодӣ дар шароити тағйирёбии иқлим қабул гардид, ки метавонанд ҳамчун заминаи таҳия ва татбиқи барномаҳои стратегии миллӣ истифода шаванд.
Форуми мазкур бори дигар собит намуд, ки муҳокимаи илмӣ ва муколамаи созандаи байни давлат, илм ва бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди муосири Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








