Самтҳои фаъолият

 

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Институти

иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ

 

Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиаш ба Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 декабри соли 2014 №765 “Дар бораи номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҶТ барои солҳои 2015-2020” такя менамояд:

-дурнамои иқтисодӣ ва истифодаи оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда;

-рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ;

-ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодӣ, рушди устувори минтақаҳои кишвар;

-ташаккулёбии сиёсати саноатии тамоюли содиротдошта ва ивазкунандаи воридот;

-афкори иқтисодии ватанӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ;

-фаъолияти иқтисоди беруна ва рушди равандҳои интегратсионӣ;

-такмили механизми идоракунии иқтисоди миллӣ. Менеҷменти стратегӣ ва экологӣ.

Самтҳои афзалиятноки таҳқиқот дар соҳаи илми иқтисодиёт:

-такмили методологияи тарҳрезии дурнамои макроиқтисодӣ, ҷойгиркунӣ ва рушди минтақавии қувваҳои истеҳсолкунанда ва механизмҳои истифодаи самараноки онҳо (солҳои 2016-2020);

-муаяйн намудани  қонуниятҳои  рушди муносибатҳои экологӣ-иқтисодӣ ва ташаккули «иқтисодиёти сабз» (солҳои 2016-2020);

-таҳияи моделҳои эконометрикии сиёсати саноатӣ ва муаяйн намудани механизмҳои татбиқи сиёсати воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда (солҳои 2016-2020);

-таърихи рушди иқтисодӣ ва афкори иқтисодии тоҷикон ва ҷойгоҳи он дар андешаи миллӣ (солҳои 2016-2020);

-таҳқиқи ҳолат ва дурнамои фаъолияти муносибатҳои иқтисоди беруна, рушди равандҳои интегратсионӣ ва дарёфти механизмҳо дар таъмини динамикаи таносуби оқилонаи (ратсионалии) глобалию миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ва таъмини бехатарии он (солҳои 2016-2020);

-муаяйн намудани механизмҳои инноватсионии идоракунии иқтисоди миллӣ, ки ба назарияҳои муосири идоракунӣ, танзими иқтисодиёти миллӣ (менеҷменти стратегӣ) ва назарияҳои пешгирикунандаи хавфҳои иқтисодӣ такя мекунад (солҳои 2016-2020);

-таҳлили омилҳои бунёдиву инноватсионии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муаяйн намудани тамоюлҳои нави демографӣ ва рушди сармояи инсонӣ, таҳқиқи муаммоҳои иқтисодӣ-демографии оила ва сиёсати демографии давлат (солҳои 2016-2020).