
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
Дар таърихи ҳар як давлат рӯйдодҳое мавҷуданд, ки на танҳо аҳаммияти сиёсӣ, балки арзиши бузурги таърихӣ доранд. Қабули Конститутсия аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳост. Зеро дар ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои давлатдорӣ, тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва самтҳои асосии рушди ҷомеа муайян карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, Конститутсияро метавон таҷассумгари ормонҳои миллӣ, иродаи халқ ва заминаи ҳуқуқии пойдории давлат арзёбӣ намуд. Барои миллати тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини давраи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ва муайян намудани асосҳои давлатдории нав ба миён омад. Дар чунин шароити мураккаб, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ, ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи устувор гузошт. Тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ марҳилаҳои муҳими такмили низоми конститутсионии кишвар ба шумор мераванд. Дар ин раванд нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ташаккули низоми конститутсионии кишвар басо назаррас мебошад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи миллат барои барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди ниҳодҳои давлатдории мустақил заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Дар чунин шароити таърихӣ қабули Конститутсия барои муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи Тоҷикистон, таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ ва эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд аҳаммияти сарнавиштсоз касб намуд. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории конститутсионии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар фароҳам овардани заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии бунёди давлати мустақил зоҳир мегардад. Дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки кишвар ба мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дошт. Бо роҳбарии Сарвари давлат тадбирҳои муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардида, барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва қабули Конститутсия заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Ин раванд дар таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Конститутсия дар низоми ҳуқуқии давлат мақоми олӣ дошта, тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба муқаррароти он мутобиқат намоянд. Аммо аҳаммияти ин санад танҳо бо эътибори олии ҳуқуқии он маҳдуд намешавад. Конститутсия муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа, салоҳияти мақомоти ҳокимият, мақоми ҳуқуқии инсон ва принсипҳои асосии ҳаёти сиёсиву иқтисодиро муайян менамояд. Маҳз иҷрои пайвастаи меъёрҳои он метавонад устувории низоми ҳуқуқӣ ва эътимоди шаҳрвандонро ба давлат таъмин намояд. Яке аз арзишҳои бунёдии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Моддаи 5-и Конститутсия ин принсипро муқаррар намуда, инсонро дар маркази муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор медиҳад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан ва виҷдон, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, моликият ва ҳифзи судӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳое мебошанд, ки барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд аҳаммияти муҳим доранд. Вале танҳо дар қонун сабт шудани ин ҳуқуқҳо кофӣ нест. Муҳим он аст, ки онҳо дар амал таъмин гардида, ҳар як инсон имконияти воқеии истифода ва ҳимояи ҳуқуқҳои худро дошта бошад. Дар сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин самт дар такмили қонунгузории миллӣ, рушди низоми маорифу тандурустӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ инъикос меёбад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани мақоми занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар ҷомеа аҳаммияти махсус дорад. Ҳамин тариқ, арзишҳои дар Конститутсия эътирофшуда бояд тавассути сиёсати пайгиронаи давлатӣ ба натиҷаҳои воқеии иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ табдил ёбанд. Дар ин робита, волоияти Конститутсия ва қонун яке аз шартҳои асосии фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ вазифадоранд талаботи қонунро риоя намоянд. Ҳеҷ кас набояд худро болотар аз қонун ҳисобад. Баробарӣ дар назди қонун, фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба адолати судӣ аз омилҳои муҳими таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба шумор мераванд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ва такмили низоми қонунгузории миллӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мутобиқ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба талаботи замони муосир, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва такмил дода шуданд. Таваҷҷуҳи пайваста ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳкими асосҳои давлати ҳуқуқбунёд замина фароҳам меорад. Зеро давлати ҳуқуқбунёд дар он сурат устувор мегардад, ки қонун ҳамчун меъёри асосии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ эътироф ва риоя карда шавад. Конститутсия дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа низ нақши муҳим дорад. Ҷомеаи устувор танҳо дар сурати эҳтироми манфиатҳои умумӣ, риояи ҳуқуқи ҳамдигар ва мавҷудияти арзишҳои муштарак рушд карда метавонад. Санади асосии давлат маҳз чунин заминаи ягонаи ҳуқуқиро фароҳам оварда, барои ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон шароит муҳайё месозад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Конститутсия ҳамзамон эҳтиром ба давлат, ҷомеа ва ҳуқуқи ҳар як инсон мебошад. Ҷанбаи муҳими дигари Конститутсия таъсири он ба рушди иқтисодии кишвар аст. Муносибатҳои иқтисодӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ бе муҳити устувори ҳуқуқӣ наметавонанд самаранок рушд кунанд. Моддаи 12-и Конститутсия шаклҳои гуногуни моликиятро эътироф намуда, барои фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Моддаи 13 бошад, истифодаи самараноки замин ва дигар сарватҳои табииро ба манфиати халқ пешбинӣ менамояд. Ин муқаррарот дар шароити муосир, ки масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор аҳаммияти бештар пайдо кардаанд, хеле муҳим мебошанд. Ҳамзамон, хусусияти иҷтимоии давлат дар таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Амалӣ шудани ин ҳуқуқҳо аз фаъолияти самараноки сохторҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Маҳз тавассути чунин тадбирҳо арзишҳои конститутсионӣ ба воқеияти зиндагии мардум табдил меёбанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, ба қонун эҳтиром гузорад ва ҳуқуқи дигаронро эътироф намояд. Дар ин раванд тарбияи ҳуқуқии ҷавонон аҳаммияти махсус дорад. Оила, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма бояд дар ташаккули эҳтиром ба Конститутсия ва масъулияти шаҳрвандии насли наврас саҳми муносиб гузоранд. Зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама ба шаҳрвандони босавод, масъулиятшинос ва дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ниёз дорад. Бо гузашти солҳо аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии давлатдорӣ боз ҳам равшантар мегардад. Зеро он на танҳо заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлатро муайян мекунад, балки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди муносибатҳои демократӣ низ шароит фароҳам меорад. Албатта, самаранокии ҳар як муқаррароти конститутсионӣ аз сатҳи татбиқи он вобаста аст. Аз ин рӯ, эҳтироми қонун, фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд дар меҳвари тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ қарор дошта бошанд. Дар ниҳоят, Конститутсияро танҳо ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ кардан кофӣ нест. Он санади тақдирсозест, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи давлатро бо ҳам мепайвандад. Устувории давлатдорӣ, эътимоди шаҳрвандон ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза арзишҳои дар ин санади олӣ таҷассумёфта дар ҳаёти воқеӣ татбиқ мегарданд. Аз ин рӯ, ҳифзи Конститутсия ва эҳтироми меъёрҳои он вазифаи умумии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, заминаи муҳими пешрафт, субот ва ояндаи неки Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муфассалтар




