Маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ дар ИИД АМИТ

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази мукаммали таълимиро таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосир, чун (Eviews ва Stata) таъмин мебошад.

IMG_2171

IMG_2199

Дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимӣ Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода, Директори кишварии UNFPA, ҷаноби Ю.Ю. (тариқи онлайн), Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, инчунин, кормандони ташкилотҳои дар боло зикршуда ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, 16 адад компютер, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор, инчунин, кондитсионер ва мизу курсиҳои корӣ мебошад. Илова бар ин, UNFPA 16 литсензияи таъминоти барномавии STATA ва 16 литсензияи таъминоти барномавии Eviews-ро ба даст овард.

IMG_2201

IMG_2214

Ҳамчун қадамҳои минбаъда, UNFPA барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши бадастомада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот/пурсишҳо истифода шуда, баҳри таҳияи сиёсати миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад.

IMG_2234

IMG_2272