НИШАСТИ МАТБУОТИИ АМИТ

Рузи 27.07.2020 дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма ва масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

фото академия

   Дар он президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, рӯзноманигоронро аз фаъолияти илмии муассисаҳои илмии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2020 воқиф намуд.

Сипас, низоми суол-посух байни олимону рӯзноманигорон роҳандозӣ шуд, ки бархе аз паҳлуҳои асосии фаъолияти АМИТ – ро баррасӣ мекард

Рӯзноманигори АМИТ “Ховар” Елена Ботинкова аз авзои сейсмикии минтақа ва самтҳои кори хадамоти геофизикаи АМИТ ва ҳамчунин, аҳволи муҳоҷирону вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар аҳди паҳншавии COVID-19 суолгузорӣ кард. Дар посух ба суоли марбут академик Собит Неъматуллоев гуфт, ки алҳол бо дар назардошти болоравии арзиши обҳои ширин ва норасоии он дар минтақа низоми сейсмикии минтақа аз лиҳози мутобиқат бо зилзилаҳои барпошуда ҷавобгӯ буда, чунин иншоотҳои бузурге чун НБО – и Роғуну Норак арзи ҳастӣ намудаанд.

Дар посух ба суоли рӯзноманигори “Россия-сегодня” Фахриддини Холбек, ки чаро дар замони муосир зилзилаҳо бисёранд, Раҳимӣ гуфт, ки тақрибан дар соле 20 – 30 маротиб замин меларзад ва заминҷунбӣ бар хилофи андешаҳои пессимистӣ ҳодисаи табиӣ маҳсуб мешавад.

Дар мавриди мушкилии муҳоҷират директори Институти иқтисодиёт ва демография Шариф Раҳимзода гуфт: Паҳншавии коронавирус монанд ба буҳрони иқтисодӣ аст, аммо новобаста аз мушкилиҳо интиқоли маблағ дуруст ба роҳ монда шуда, меваҷот ва дигар маводи хушкшудаи ватанӣ ба хориҷ аз кишвар содир мешаванд.

фото амит

     Баъдан, бештар суолгузориҳо ҷиҳати паҳншавии пандемияи нав буданд ва Оҷонсии Рейтер кӯшиш ба харҷ дод то бидонад, ки дастгоҳҳои сардкунанда дар паҳншавии коронавирус дахл дорад ё на?

Сипас, Фарҳод Раҳимӣ хушҳолӣ аз ин кард, ки девони Аҳмад махдуми Дониш дар рӯзҳои наздик бори аввал интишор шуда, ба ҳамагон дастрас мегардад ва ҳамчунин, бо истифода аз системи ширкати Майкрасофт барномаи ҷоллибе татбиқ хоҳад шуд, ки тавассути он матни тоҷикӣ хатобарорӣ мегардад.

     Академик Собит Неъматуллоев гуфт, ки дар пояи фоҷиаи Ҳоит илми зилзилашиносии тоҷик ба вуҷуд омадааст.

ТАРҒИБИ АМНУ ОБОДӢ ДАР ОСОРИ АҲМАДИ ДОНИШ

Ҷамъияту ваҳдат омили суботу оромии ҷомеаҳо, сарҷамъиву ҳамбастагӣ, якдигарфаҳмиву муваффақиятҳо ва наҷот аз парокандагиву нобасомонии миллатҳо ҳисоб меёбанд. Иттифоқу якдилӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ мебозанд ва маҳз дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату иттиҳод метавон ба ҳадафу мақсадҳои бузурги хеш расид.

Ин неъмати бузургро дар ҳар замон адибону мутафаккирон ва оммаи мардуми бедор мавриди васфу ситоиш қарор додаанд. Ҳеҷ фозиле аз баёни эҳсосоти отифии хеш перомуни ваҳдату иттиҳод канор буда наметавонад.

Аз ҷумла, мутафаккири бузуруги тоҷик, Аҳмади Дониш (1827-1897) дар бораи фазилати ваҳдату якдилӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ихтилофу низоъ, хавфи ноамнӣ маслиҳату тавсияҳои муфиду хуб додааст, ки қобили таваҷҷуҳанд. Чунончи ӯ менависад: Роҳи мардумононро аз хавфи роҳзанону дуздон ба сатвати (қуввати) сиёсат эмин дорад. Ва ҳар кӣ дар роҳе ба изову тааддӣ (азияту озор) мутаарризи (дучори) мардуме шудааст, ба наколу уқубат (ҳукму ҷазо) ӯро ибрати дигарон гардонад ва дар мамлакат ҳар ҷо, ки маҳалли хавф бувад, агар имкони иморат бувад, иморат кунад ё нигаҳбон гузорад.

Дар ҳақиқат, бидуни ваҳдату иттиҳод, сиёсату ҳукуматсолорӣ  ҳеч пешрафту тараққиёт ва ободкориву созандагӣ буда наметавонад. Сабабгори ваҳдату оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пас аз побарҷо сохтани ваҳдату якдилӣ, роҳи ободкориро пешаи сиёсати созандаи худ гирифт. Бе сабаб нест, ки Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин андешаро чунин таъкид намуданд: “Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳад, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Роҳсозиву роҳкӯшоӣ аз аҳдофи бузурги ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба мақсади мустаҳкам намудаи сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ҳамчунон ки Пешвои муаззами миллат ба он ишора намуданд, “Роҳсозивуроҳкӯшоӣ – нишонаи рушди Тоҷикистонаст”.

Асрҳои XVIII-XIX, ки даврони рӯ ба тараққиву бедории мардумони Аврупову Русия буданд, донишманду мутафаккири маъруфи тоҷик Аҳмади Донишро бетарафу бетаваҷҷуҳ намонда, фикри ислоҳоту азнавсозии ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии мардумони Бухорову Самарқандро дар зеҳни ӯ ҷой кардаанд. Аз ин рӯ, мутафаккир бо ғояву идеяҳои нави равшангарона ба майдон баромада, барои рушду тараққӣ ва бедории халқу миллат тадбирҳои мушаххасу қатъӣ андешида, пешкаши аҳли аморату мардуми соҳибназар намуд.

Аҳмади Дониш дар осори хеш, бахусус дар “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-и худ, афкору назарҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии хешро далелмандона пешкаши хонандагони гиромӣ намуда, дар бораи фазилати роҳсозиву пулсозӣ ривояту ақволи бузургонро дар маърази диққати умум мегузорад.

Ӯ асарашро дар мавзӯъҳои миёнаравӣ ва муназзам сохтани ҳаёти амирону мутааллиқону зердастон ва тариқи зиндагии сутуда ва миёнаравӣ дар умури муояша (ҳамзистӣ) ва нақшаи рушду тараққии давлатдории Аморати Бухоро ва дар бораи фазилати роҳсозиву пулсозӣ бо истифода аз оёту аҳодис ва афкору андешаҳои олимону орифону файласуфон ва таҷрибаи амирони гузашта, монанди Арасту, Искандари Мақдунӣ, Анӯшервони Одил, Ғаззолӣ, Фузайл ибни Аёз, Алии Ҳамадонӣ, амирони умавӣ ва аббосӣ, амирони сомонӣ ва фикру пешниҳодҳои муфиду бикр ба онҳо арза кардааст.

Аҳмади Дониш, дар баробари тавсияву машваратҳо мардумро ба итоату фармонбардории подшоҳон, таҳаммулпазирӣ, ҳамёриву ҳамкорӣ, тарғиби илму дониш ва касбу ҳунар ва амсоли ин ахлоқи ҳасана даъват кардааст. Ӯ масъалаи бекориву бешуғлиро сахт мазаммат намуда, сабаби фитнаву фасод медонаду ба умаро муроҷиат мекунад: «Мардумоне, ки аъзои солим доранд, нагузорад, ки бешуғл бошанд, ба муздурии корҳои мулкӣ ва дурустии роҳҳову пулҳо ва иморот ба заҷр баркашад ва музд диҳад, то дуздию муқмирӣ (қиморбозӣ) накунанд».

Аҳмади Дониш ҷаҳонбиниву машоҳидаҳои худро аз рушду тараққии кишварҳои пешрафта бо сароҳат ба аҳли замона арза менамуд. Чунончи, ӯ хабар медиҳад: Ва ин маслак алявм (имрӯз) дар дували (давлатҳои) низомӣ ба аҳсан ваҷҳе ҷорист, ки дар роҳҳо манзилҳо ба ҳар ду фарсахе камобеш муқаррар карда, бар он касон муҳайё доранд, ки асбҳо аз подшоҳӣ ба кироя нигоҳ медоранд, то агар касе хоҳад, бетаваққуф саворӣ мекунад. Ва шавореъ (кӯчаҳо), ки ба умронот (ободиҳо) наздик аст, то миқдори даҳ фарсах ҳамаи роҳ аз ду тараф дарахтони бузург сабз кардаанд, то мардум ба соя гузаранду гумроҳ нашаванд. Ва он ҷо, ки аз иморот берунтар аст ва тарбияти ниҳол мутааззир, ба ҳар саду панҷоҳ қадам чӯбеву устувоне бардоштаанд барои аломат. Ва фаросихи масофат дар онҳо муайян карда, то ҳар касе бидонад, ки аз роҳ чӣ рафта ва ба манзил чӣ монда.

Мутафаккари бузург аз фоидаву манфиатҳои роҳсозиву пулсозӣ ёдовар шуда, дар боби фазилати ин амали нек чунин изҳори назар кардааст:

Дар вилоят ҳар ҷо, ки работу пулу обхона ҳоҷат бошад, ё роҳ аз мамарри селу борон хароб шуда, дар таъмири онҳо ба қадри имкон кӯшад, то ояндагонроу равандагонро осоиш бошад. Чӣ он сарвар (с) фармуд: Ҳар кӣ пуле бино кунад бар роҳгузари мусулмонон, то бар вай осон гузаранд, Худойи азза ва ҷалла осон гардонад бар вай гузаштани пули сиротро.

Дар ҷое дигари рисола ӯ дар боби зарурати гузоштани аломату нишонаҳои роҳ чунин машварат медиҳад: “Ва дар манозили баида (дур) аломат насб кунад наздики ҳамдигар, то ояндаву раванда бероҳ нашавад.

Амалидошти тавсияи донишманди тоҷик дар ҳамаи давру замонаҳо, бахусус, дар даврони кунунӣ, муфиду ногузир буда, садди бисёр ҷинояту иштибоҳоти ислоҳнопазир мегардад. Ҳатто дар собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ, бо вуҷуди пешрафту тараққиёт, ба василаи донишпажӯҳону мутарҷимони тоҷик барои дар хизмати ҳамагон қарор додани андешаву афкори ислоҳотпарваронаи Аҳмади Дониш аз тавсияҳову маслиҳатҳои ӯ баҳравар шуда, барои татбиқу амалигардонии он таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар муддати ду сол ду чорроҳаи сесатҳа ё эстакада сохта ба истифода дода шуда, дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Ибни Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардиданд.

Амалишавии ду тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат карда, рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳҳои чандқабата (эстакадаҳо) бори аввал дар Тоҷикистон сохта шудаанд, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи мостанд.

Бидуни шубҳа, кафилу раҳбару ҳомии ҳамин ҷамъияту иттиҳод, ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушду камоли ҳангуфти миллату давлати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон – марди фозили сабақгирифта аз мероси бузурги ниёконамон мебошад, ки тоҷикон таҳти сарварии эшон ба марраи муроди дил расиданд.

Ҳамин тариқ, андешаву ишораҳои Аҳмад махдуми Дониш дар ин маврид чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки ҷамъияту иттиҳод ва ваҳдату ягонагӣ дар ҳамаи давру замон лозиму зарур буда, кулли афроди ҷомеа дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва барои наслҳои оянда расондани ин неъмати бузург масъулу саҳим мебошанд ва бояд миллатро ҳамеша аз газанду хатарҳо эмин нигоҳ дошта, дар самти иттиҳоду ҷамъиятсозӣ ва ваҳдату якдилӣ ба қуллаҳои муваффақият ноил гарданд.

 

Исроилов Раҳматшо

корманди илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ БАЙНИИДОРАВӢ

Дар таърихи 20.07.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби президенти АМИТ Абдусаттор Саидов Шӯрои илмии доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар мубориза алайҳи паҳншавии бемории сироятии COVID -19 баргузор шуд.

1.2

     Узви вобастаи АМИТ А.С.Саидов аз вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва афзудани сафи ҳалокшудагон аз гирифторӣ ба пандемияи нав изҳори нигаронӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо беморӣ фаъол бошанд.

Олимони тиб дар ҷаласаи Шӯро мунозираҳо барпо намуданд.

ТОҶИРОНИ ВАТАН

Имрӯз дар санаи 16.07.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои баррасии муҳтавои филми “Хиёнат”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ таҳия гардидааст, ҳамоиш доир гардид.

 1

Аввалан, кормандони раёсат, Институтҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинов ва таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и ҲХДТ филми мазкурро тамошо карда, сипас барои баррасии он бо якдигар баҳсҳо намуданд. Таърихшинос Абдулло Ғафуров қайд намуд, ки ҷавонони дорои ҷаҳонбинии миллӣ бо таъсиргузории Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба неруҳои иртиҷоии дингароӣ пайваст шуданд, аммо бузургтарин иштибоҳи сиёсии ҳамонвақта маҳви қувваҳои демократии кишвар аз ҷониби наҳзатиҳо буд.

 

 2

Таърихшиноси дигар Ширин Қурбонова иқрор кард, ки ҳангоми мутолиаи андешаҳои афроди дигарандеш аз тариқи шабакаҳои иртиботӣ ба хулосае меоем, ки онҳо чун зархарид аз тарафи қудратҳои ҷаҳонӣ сӯиистифода мешаванд ва ин нишони он аст, ки бинобар фурухтани номус, Ватан ва миллати хеш ин афроди зархарид чун тоҷири мову шумо ҷилвагар мегарданд.

 3

Ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ҳангоми суханронӣ аҳли толорро даъват кард, ки дар такмили ҷаҳонбинии сиёсии худ кӯшиш бинмоянд. Номбурда гуфт, ки шахсан мухоллифинро қудрат намеҳисобам ва онҳо танҳо як амалро анҷом медиҳанд, ки он ҳам суханпардозист. Муҳаммад Абдураҳмон дар идомаи суханрониаш аз “душманҳои дохилӣ” ёдоварӣ кард, ки бо қудратҳои ҷаҳонӣ иртибот ҷуста, паи манофеи шахсӣ манфиатҳои миллиро зери по гузоштаанд.

 

 4

Дар анҷоми ҳамоиш президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ сухан карда, ҳозиринро ба зиракии сиёсӣ даъват намуд.

Ба ёдбуди академик Раҳимов Рашид Каримович

Без названия (1)

(04.05.1932-13.07.2020)

 

Имрӯз ҷомеаи илмии Тоҷикистон ва махсусан, бахши илми иқтисод талафи бузург дод. Яке аз олимони намоён ва шахсияти маъруфи соҳаи илми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми иқтисодӣ, профессор, узви пайвастаи АМИТ, ки дар илми иқтисодӣ ва тарбияи мутахассисон – иқтисоддонҳои ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоштааст, устод Рашид Раҳимов аз дунё гузашт.
Раҳимов Рашид Каримович 4-уми майи 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Соли 1946, ба шуъбаи ҳисоби бухгалтерии Техникуми коопертивии Хуҷанд ва пас аз хатми он (соли 1949) ба Донишкадаи кооперативии шаҳри Маскав ба номи Г.В. Плеханови дохил шуда, соли 1953 Донишгоҳи мазкурро бо баҳои аъло хатм намуд.
Соли 1954 Рашид Раҳимов ба аспирантураи АИ ҶТ дохил шуда, зери роҳбарии профессорон Е. Н. Давидов ва А. Д. Емелянов дар мавзӯи «Ҳосилнокии меҳнат дар саноати пахтатозакунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуд.
Соли 1964 Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи улуми ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки Рашид Раҳимов (аввалин) сарвари он таъйин гардид. Ӯро метавон кошифи ин соҳаи назарияи иқтисоди ватанӣ номид. Рашид Раҳимов соли 1968 рисолаи докториро дар мавзӯи «Самаранокии фондҳои асосии саноати Осиёи Миёна» ҳимоя кардааст. Соли 1973 узви вобастаи АИ ва соли 1987 академик интихоб гардидааст.
Солҳои 90-ум дар Тоҷикистон тағйиротҳои бузург ба вуқӯъ пайвастанд. Таҳқиқоти нисбатан мукаммали академик Рашид Раҳимов маҳз ҳамин масъалаҳои нозук ва муҳими солҳои 1990-2010-ро инъикос мекунад. Дар таълифоти академик Рашид Раҳимов – «Мнение специалиста, основанное на неправильном понимании макро и микро экономики», «К вопросу о финансовых рычагах развития экономики Таджикистана», «Факторы производства: вопросы развития и уровень использования», «Оид ба проблемаҳои рушди иқтисодиёт дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ», «Пешравиҳои сохтории соҳаи иқтисодиёт ва баҳодиҳӣ ба афзуншавии он», «Баъзе масъалаҳои амнияти иқтисодиёти Тоҷикистон» ҳамаҷониба инъикос шудаанд. Бар замми ин, дастури таълимии олим «Назарияи иқтисодӣ» (дар ҳаҷми 303 саҳ), маҳсули заҳмати ӯст, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ китоби судбахшест.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълифоти илмии ӯ дар 5 монография ва 65 мақолаҳо дарҷ гардидааст.
Дар тӯли зиёда аз шаст соли фаъолияти илмии худ академик Р. Раҳимов чун иқтисоддони болаёқат хешро нишон дода, даҳҳо аспирантҳо аз маслиҳати беғарази Рашид Раҳимов баҳравар гардида, 20 нафар номзад ва 6 нафар докторон дар шоҳроҳи илм пайроҳаи хешро пайдо намудаанд.
Академик Рашид Раҳимовро ҳамчун олими иқтисоддон ва фарди донишманд, ки дар ҳар масъала афкори саҳеҳи худро гуфта метавонист, шинохта ва эътироф намудаанд. Хидматҳои шоёни олими собитқадами ҷабҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ аз тарафи ҳукумат ва ҷамъият қадр гардидааст. Ӯ бо ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ҳамчунин, унвони ифтихории Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1994 барояш муносиб дидаанд. Бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) мукофотонида шудааст. Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки шогирдони намоёни олим анъанаҳои наҷиби ӯро дар масъалаҳои иқтисодӣ идома дода, ба шукӯҳи илми устодашон, ба китобҳо, рисолаҳо, мақолаҳои ӯ эътибору эътимод мебахшанд.
Академик Рашид Раҳимов дар илми иқтисод мактаби хоси худро соҳиб аст, дастовардҳои илмии худро тариқи гузоришҳои илмӣ дар маҷлису машварат, семинару конфронсҳо, симпозиуму конференсияҳои бошукӯҳи илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саховатмандона дастраси донишмандони дохиливу хориҷӣ гардонида, дар интишор ва таблиғу ташвиқи илми иқтисоди ватанӣ ҳиссагузорӣ намудааст.
Зери сарварии устод чандин нафарон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомувафақият ҳимоя намуданд.
Солҳои охир академик Рашид Раҳимов дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси сарходими илмӣ ва мудири шуъбаи назарияи иқтисодӣ таъриҳи иқтисод ва афкори иқтисодӣ фаъолият мекард.
Хотираи неки устоди ғамхор, дӯст ва ҳамкасби меҳрубон ҳамеша дар хотири шогирдон ва ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.