Давлати муосири демократии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Ҷанги хонумонсӯз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, муноқишаҳои ба амал омадаи низомӣ дар дохили кишвар, гузариш ба сохти нави сиёсиву иқтисодӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошти он давра дар ҳаёти шаҳрвандон ба шиддатнокии раванди муҳоҷирати аҳолӣ оварда расонид.
Вазъияти сиёсии муташанниҷ ва задухӯрдҳои дохилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта маҷбур сохт, ки миқдори зиёди тоҷикистониён тарки Ватан намуда, ба давлатҳои хориҷа ва дигар минтақаҳои дохили мамлакат муҳоҷират намоянд. Шумораи умумии гурезаҳои кишварамон, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо паноҳ ёфта буданд ва муҳоҷирони иҷбории дохили ҷумҳурӣ дар солҳои 1992-1998 зиёда аз 900 ҳазор нафарро ташкил дод. Вазъияти ба амаломадаи он давра Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба парокандагии давлатӣ ва парешонҳолии мардумӣ оварда расонид.
Сессияи таърихии XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, роҳбарияти нави Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакатро интихоб намуд ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи созандагӣ комилан дигаргун гашт.
Суханони аввалини роҳбари нави давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз интихоб гардидан дар ҳайси Раиси Шурои Олии кишвар рӯзи 19 ноябри соли 1992 чунин буданд: «Ман барои барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан, тайёр ҳастам ҳаётамро қурбон кунам». Ин гуна суханони таъсирбахш ба дили ҳамаи шаҳрвандони кишварамон умеди сулҳу осоишро нақш баст ва аз соли 1993 сар карда, пайи ҳам раванди баргардонидани мардуми ҷабрдидаю парешонҳоли Тоҷикистон ба ҷойҳои зисти доимиашон оғоз ёфт.
Тайи солҳои 1993-1997 Роҳбари давлат кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод, то ин ки сулҳу оромиро ба хонадони мардуми Тоҷикистон бозгардонад. Сафарҳои чандинкаратаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои хориҷи дуру наздик бо мақсади гузаронидани гуфтушунидҳо бо тарафи мухолифин ва пайдо кардани роҳи ҳалли масъала оид ба пойдор намудани сулҳу салоҳ дар мамлакат, ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда расониданд.
Бо мақсади ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид гуфтушунидҳои зиёди байни тоҷикон оид ба барқарорсозии сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ баргузор гардиданд. Дар натиҷа, ҳашт гуфтушунид байни ҳайати намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷикон, шаш вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷикон, инчунин се машварати ҳайати тарафҳо, ки дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Москва, Теҳрон ва Хосдеҳ (Афғонистон) барпо гардиданд ва доир ба он протоколу ҳуҷҷатҳои зиёде ба имзо расонида шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ташкил доданд.
Созишномаи умумӣ аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат буд;
1. Протокол оид ба шартҳои асосии барпо намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 17 августи соли 1995;
2. Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз 18 майи соли 1997 ва ҳуҷҷати ба он дахлдошта – Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷикон Саид Абдулло Нурӣ мутобиқ ба натиҷаи вохӯрии онҳо дар ш.Москва аз 23 декабри соли 1996;
3. Протокол «Дар бораи ӯҳдадориҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996;
4. Низомнома дар бораи Комиссияи оштии миллӣ аз 21 феврали соли 1997;
5. Протоколи иловагӣ доир ба протоколи «Дар бораи ӯҳдадориҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997;
6. Протокол оид ба проблемаҳои ҳарбӣ аз 8 марти соли 1997;
7. Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо аз 13 январи соли 1997;
8. Протокол оид ба кафолатҳои иҷрошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 28 майи соли 1997.
Ҳамин тариқ, 27 июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия ш. Москва бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Борис Николаевич Ельцин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷикон Саид Абдулло Нурӣ ва Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Герд Меррем - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар Тоҷикистон ба имзо расониданд ва ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон саҳифаи нави худро, ки ба беҳбудию хушбахтии шаҳрвандони кишварамон роҳ кушод, дарҷ намуд.
Таҷрибаи Тоҷикистон оид ба бартараф кардани низоъ дар кишвар ва барқарорсозии сулҳу салоҳ, баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои муқимии худ ва ҷо ба ҷо намудани онҳо, ташкил намудани ҳаёти осоишта ба шаҳрвандон, инчунин ҳалли дигар масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, метавонад дар сатҳи байналхалқӣ ҳамчун намуна барои дигар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ карда шавад. Зеро, он солҳо дар байни коршиносони хориҷиву ватанӣ ва инчунин саҳнаи байналмиллалии Созмони Милали Муттаҳид истилоҳи «намунаи тоҷикии оштии миллӣ», ё ин ки ба забони русӣ – «таджикская модель национального примирения» ҳамчун намуна барои дигар кишвар ҷаҳон қабул шуда буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар он давраи тақдирсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима диҳад ва дар сарзамини тоҷикон сулҳу салоҳро пойдор созад. Барқарор намудани тинҷию оромӣ дар мамлакат воқеона таҷрибаи нодир ба ҳисоб меравад ва он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шудааст, ки ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии он мебошад. Вобаста ба ин, барои шаҳрвандони кишвар имконият фароҳам оварда шудааст, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ҷомеаи обод ва бахтоварандаи мардуми он равона созанд.
Бобозода Анвар, н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографии
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








