АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯ
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи «Марҳилаҳои асосии таърихи афкори иқтисодии ҳалки тоҷик ва вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ» баргузор менамояд. Ҷаласаи пленарии конфронс дар шаҳри Душанбе 28 ноябри соли 2025 баргузор мешавад. Чорабиниҳои минтақавии бахшҳо бо ҷалби доираи васеи муҳаққиқон ва омӯзгорон дар донишгоҳҳои бонуфузи Душанбе, Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
Пешвои миллат ва рушди иқтисоди миллӣ;
Масъалаҳои актуалии рушди илми иқтисоди ватанӣ;
Илми иқтисодӣ дар давраи трансформатсияи рақамӣ;
Консепсияи иқтисоди сабз ва проблемаҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Илми иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳон;
Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик;
Илми иқтисодии академӣ, соҳавӣ ва донишгоҳӣ: дастовардҳо ва дурнамо.
Дар фарҷоми конференсия беҳтарин маърӯзаҳо мувофиқи тавсияҳои бахшҳо дар шакли монографияи коллективӣ ба чоп тавсия карда мешаванд.
Талабот нисбати маърӯзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда:
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;
- сатри якум - номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм - насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- матни маърӯза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ - 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);
- дар охир маълумот дар бораи муаллиф - насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда);
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 20-уми ноябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърӯзаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.
Маводи конференсия нашр мешавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Ризо 6А. Телефон: +992934430405
Почтаи электронӣ: shermamad@bk.ru , jalilov_74@mail.ru




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








