Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 09/26/2023 - 14:30

Санаи 26 сентябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва баробарӣ -  Оберт Пимхидзай (иқтисодчии пешбар), Алишер Раҷабов (иқтисодчии калон), Чигу Ню (иқтисодчӣ), Илҳом Алиев ва Маҳваш Қаландарова (коршиносон) баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои методии арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва осебпазиии аҳолӣ, омилҳои таъсиррасон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин раванд ба ҷанбаҳои гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла, ҷамъоварию коркарди иттилоот дар доираи тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, лоиҳаи «Гӯш мекунем Тоҷикистон» ва махзанаи иттилоотӣ дар миқёси ҷамоатҳои кишвар, таваҷҷӯҳ дода шуд. 
Вобаста ба дурнамои тақвияти ҳамкориҳо баррасии масъалаҳое зикр гардид, ки дарёфти роҳи муносиби пешбурд ва васеъ намудани низоми таҳлилии ҷанбаҳои васеи коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ таҳкиқоти амиқи коршиносиро тақозо менамоянд.
Вохӯрӣ дар фазои солими корӣ ва мутақобилан судманд сурат гирифт.
 

Тоҷикӣ

Меню: