Санаи 29-уми августи соли 2025 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон – Виктор Лутенко (роҳбари Намояндагии СБМ), Азиза Бахтдавлатова (ходими калони лоиҳа), Баҳром Раҳматҷонов (мутахассиси миллии барномаи ҳифз), Гулнора Камолова (корманди миллии лоиҳа), Мавҷуда Азизова (корманд оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ) баргузор гардид.
Дар раванди мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатии баргашта, диверсификатсияи самтҳои муҳоҷирати меҳнатии беруна, истифода бурдани иқтидори диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, пешгӯии вазъи демографӣ ва омори муҳоҷират, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва истифодаи мақсадноки он дар хонаводаҳо, афзоиши ҷараёни муҳоҷирати дохилӣ, таъсири ивазшавии иқлим ба равандҳои муҳоҷират, муҳоҷирати экологӣ ва сабз дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо муҳокима гардид.
Ҳамзамон, ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҷараёни муҳоҷират, аз ҷумла гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмин намудани амнияти муҳоҷирон, коркарди стратегияи давлатӣ оид ба танзими муҳоҷират таваҷҷуҳ дода шуд.
Имкониятхои тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ гардида, сатҳу самтҳои ояндадори дарёфти роҳи муносиби пешбурд ва васеъ намудани низоми мубодилаи афкор муҳокима гардид.
Вохӯрӣ дар фазои солими корӣ ва мутақобилан судманд сурат гирифт.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








