Санаи 11-уми апрели соли 2024 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03-юми апрели соли 2024, №11149 (2936) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар остонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои калидии таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии Ӯзбекистон, аз ҷумла директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Абдуҷалолович Ваҳобов, муовини директори Институти тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия Акрам Умаров, сардори шуъбаи Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фатҳулаев Аброр Джахангирович, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалӣ Валиев Санжар Алимхонович, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Холмухамедов Мухсин Муродуллоевич ва дигарон баргузор гардид.
Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва шарикии стратегӣ, арзёбии васеи дастовардҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои тавсеаи равобити ҳасанаи миёни ҳар ду кишвар дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳ дода, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишвар дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим, ба мисли ҳамлу нақли долонҳои нақлиётӣ, таѓйирёбии иқлим, хоҷагии қишлоқ, муносибат ба экология ва муҳити зист, рушди сайёҳӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ, захираҳои обӣ, ашёи хом ва захираи он, сохтмони магистралҳои транзитӣ, сиёсати иқтисодии ҷавонон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар раванди мулоқот ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз гардид.
Мулоқот дар фазои муколамаи созанда баргузор гашт.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()












Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








