Санаи 16-уми феврали соли 2024 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои сохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шумораи умумии ходимони илмии унвондор, аз ҷумла, докторону номзадони илм ва кормандони бе дараҷаҳои илмӣ, тартибу интизоми меҳнат, реҷаи корӣ, сифати корҳои илмӣ, талабот ва дастурамали коргузорӣ, навиштани мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ, нашри мақолаҳо бо забони русӣ ва англисӣ, тақвият бахшидани маҳфилҳои инфиродии олимони барҷаста, самти иттиллот, Шурои олимони ҷавон, чопи китобҳо, навиштани мақолаҳои идеологӣ ва ғайра баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки дар баъзе муассисаҳои илмии АМИТ ҳастанд нафароне, ки солиёни зиёд кор мекунанду аммо то ҳол рисолаи номзадӣ ҳимоя накардаанд. Дар масъалаи докторантура зикр гардид, ки хоҳишмандон барои таҳсил намудан зиёданд, аммо ҳангоми хатм чуноне ки таҷриба нишон дода истодааст, 80-90 фоизи онҳо ҳимояи рисолаи докторӣ накарда, таҳсилро ба анчом мерасонанд, ҳол он ки ҳамаи онҳо аз буҷаи давлат дар давраи таҳсил идрорпулӣ мегиранд.
Доир ба ҳамкорон - ходимони илмии беруна таъкид гардид, ки дар муассисаҳои илмии АМИТ онҳоро ба кор қабул менамоянд, лекин дар натиҷа маҳсули кори илмиашон маълум нест. Масъалаи мазкур таҷдиди назарро тақозо менамояд.
Ҳисоботҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ба Раёсати АМИТ пешниҳод мегарданд, беҳбудиро металабад, чунки номукаммал ва аз лиҳози илмӣ заиф ва такроршаванда мебошанд, ки ин масъала низ, боиси нигаронӣ аст. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ходимони илмӣ бояд тибқи нақшаҳои инфиродиашон дар давоми сол на кам аз се мақолаи илмӣ нависанд.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки тамоми кормандони муассисаҳои илмии АМИТ бояд фарҳанги иқтибос оварданро зимни навиштани мақолаҳояшон тақвият бахшанд, яъне аз олимони ватани бештар иқтибос оранд. Ба ин васила, ҳар як ходими илмии Институт дар Портали РИНЦ бояд худро ба қайд гирад, зеро олиму муҳаққиқро имрӯз тавассути порталҳо мешиносанд.
Доир ба фаъолияти Шурои диссертатсионии назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ қайд гардид, ки ҳар як нафаре, ки ба ҳимоя пешниҳод мегардад, бояд аввал дар семинарҳои илмӣ-назариявии Институт баромад (рӯнамо-презентатсия) намуда, мавқеи худро дар самти таҳқиқот муайян намояд.
Дар охир президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба масъулин барои беҳтар намудани вазъи кории кормандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |