Вохӯрии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бо ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/13/2024 - 15:10

Вохӯрии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бо ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 

 Санаи 13-уми майи соли 2024 дар толори Шурои олимон вохӯрии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бо ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
 Дар вохӯрӣ масъалаҳои сохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои   Тоҷикистон, шумораи умумии ходимони илмии ҷавони унвондор, аз ҷумла, докторону номзадони илм ва кормандони бе дараҷаҳои илмӣ, тартибу интизоми меҳнат, реҷаи корӣ, сифати корҳои илмӣ, талабот ва дастурамали коргузорӣ, навиштани мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ, нашри мақолаҳо бо забони русӣ ва англисӣ, тақвият бахшидани маҳфилҳои инфиродии олимони барҷаста, самти иттиллот, Шурои олимони ҷавон, чопи китобҳо, навиштани мақолаҳои идеологӣ ва ғ.  баррасӣ гардид.
 Дар охир директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода ба масъулин барои беҳтар намудани вазъи кории ходимони илмии ҷавон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 

Меню: