Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои он

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 06/12/2025 - 16:24

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар замони муосир ва дар ҳаёти инсон ва рушду пешрафти кишварҳо бисёр нақши муҳим дорад. Маҳз ҳамин Ваҳдати миллӣ таҳти сарварии дурандешонаю хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватанро аз горатгарию таҷовузкорӣ  амон нигоҳ дошта, муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва огози марҳилаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад. 
Мо дар фазои сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ дорем. Ин ҳама натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Албатта, ҳар як миллат кӯшиш мекунад, ки  дигаргуншавии иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ, хусусан, дар даврони ҷаҳонишавӣ  оид ба сулҳу фазои оромӣ доимо пойдор бошад. 
Консепсияи Ваҳдати миллӣ, ки муаллифи он Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба мо имкон дод, ки мо ҳам дар атрофи Пешвои худ ва дар атрофи вазифаҳои дарпешгузоштаи  ӯ, ҳадафҳову стратегияҳое, ки барои мо ироа гашта буданд, муттаҳид бошем. Ба назари мо Ваҳдати миллӣ натанҳо дар таърихи муосири тоҷикон, балки дар воқеияти сиёсии минтақаи мо бисёр як падидаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин арзиш дар зеҳни мардуми тоҷик тасаввуротро оид ба арзиши олии ҳар як миллат – истиқлоли сиёсии Ватан такмил дод. Ватан ҳамчун арзиши олии ҳар як тоҷик, маънии ҳастии тоҷикро муайян мекунад.
Ваҳдати миллӣ –ҳамандешӣ ва ягонагии ҳадафҳо мебошад, ки тамоми миллат дар масъалаҳои сарнавишсоз, аз ҷумла, ҳифзи якпорчагии сарзамин, манфиати миллӣ арзишҳои меҳварии ҷомеа шаъну эътибори Ватан ва ҳамватанон ба он ифтихор доранд.
Имрӯз дар ҳоле ки ҷаҳон мувозеҳи хатарҳои зудпаҳншавандаву зудфарогир ва низоу раванҳои мураккабу печида аст, мо тавонистем таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу оромӣ ва сулҳу ваҳдати кишварро муназзам нигоҳ дорем ва ин омили муҳим сарчашмаи саодату хушбахтӣ ва рафоқату осудагӣ маҳсуб меёбад.
Пас, дар оянда низ ҳифзи ин неъматҳои бузург рисолаи мо шаҳвардони кишвар дониста мешавад. Маҳз дар ин васила Пешвои муаззами миллат дуруст қайд намудаанд, ки “Ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.” .
Бо назардошти ин таъкидҳо, набояд фаромӯш созем, ки дар пешрафту тараққиёти ҳама кишварҳои дунё, аз ҷумла, кишвари мо низ олимон ва ходимони илм нақши муассир дорад. Дар марҳилаи кунунии Истиқлоли давлатӣ ҳама шароит ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар барои мо муҳайёст. Танҳо дарки худогоҳиву хештаншиносӣ ва иҷрои рисолату масъулиятшиносӣ зарур аст, ки моро ба зиндагии шоиста, дарки баланди маърифати ҳуқуқӣ ва орому субот расонида тавонад.
Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ барои ҳар як сокини соҳибдавлат ҳамзамон роҳнамоӣ барои баланд бардоштани масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, ба хотири ободонии бештари сарзамини аҷдодӣ ва масъулият дар баробари расидан ба ҳаёти шоистатари наслҳои кунунӣ ва ояндаи он мебошад.
Мардуми Тоҷикистон бартарии сиёсати мустақилона ва ҷавобгӯ ба манфиати халқ будани Президенти маҳбуби кишварро якдилона ҷонибдорӣ менамояд, зеро ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи тоҷик ба қадри истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ мерасад ва ба хизматҳои Пешвои миллат арҷгузорӣ менамоянд.
Таҳлили амиқи Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мамлакат сол тосол дар арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои қобили қабул ноил мегардад. Дар доираи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар барномаҳои азиме амалӣ гардидаанд, ки пешрафти мамлакатро таъмин намудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри инкишофи ҷомеаи босаодат ва шукуфоии кишвар, сулҳу ваҳдат таъмини  зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакат устуворона қадам бардошта, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ торафт мустаҳкам менамояд. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол, миллати тоҷик бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги тавоно тавонист дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун миллати фарҳангӣ муаррифӣ созад. Пешвои муаззами миллат бори дигар собит намуд , ки ҳамаи пешравиҳо маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ва ваҳдату сиёсати пешрафтаи давлату ҳукумат ба даст омадааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси гояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу таргиб намоем. 
Хулоса, дар замони Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тараққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пургановатамон бархӯрдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.

Ходими хурди илмии шуъбаи тадқиқоти муқоисавии иқтисодии
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ.
Бабаева Майрамбӣ Аҳтамовна

 

Меню: