ВАХДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУБОТИ ҶОМЕА ВА ОМИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/11/2025 - 15:41

Дар тӯли таърих ҳар гоҳе ки миллате муттаҳид ва сарҷамъ буд, ба қуллаҳои баланди пешрафт, ифтихор ва худшиносии миллӣ расид. Ваҳдати миллӣ натанҳо нишони якпорчагии халқ аст, балки неруест, ки миллатро аз вартаи нестӣ ба сӯи нуру умед раҳнамун месозад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи ҳазорсола, фарҳанги ғанӣ ва забони пурқимат дорад, ваҳдат натанҳо як зарурат, балки шарти ҳастии давлатдорӣ ва пояи устувори суботи миллӣ мебошад.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ки Тоҷикистони ҷавонро ба як гирдоби хатарнок андохта буд, нишон дод, ки бе ваҳдат ҳеҷ як орзуи миллӣ ҷомаи амал намепӯшад. Вале дар партави хиради миллӣ, сабру таҳаммул ва нақши барҷастаи роҳбари давлат, миллати тоҷик тавонист аз вартаи ҷанг раҳ ёбад ва сулҳи деринтизорро ба даст орад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон душвортарин марҳилаи таърихӣ буд.Ҷанги шаҳрвандие, ки бар асари ихтилофоти сиёсиву мазҳабӣ оғоз ёфт, ҳазорон ҷони бегуноҳро гирифт ва садҳо ҳазор танро гуреза кард. Ин фоҷиа нишон дод, ки ҷудоӣ, тафриқа ва нотаҳаммулӣ метавонад миллатро ба вартаи ҳалокат расонад.
Бо вуҷуди вазъияти душвор дар саҳнаи сиёсӣ марде зуҳур кард, ки бо хислатҳои раҳнамоӣ, аз худгузаштан ва иродаи қавии сиёсӣ тавонист кишварро ба роҳи сулҳу субот раҳнамоӣ кунад. Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 раиси Шурои Олӣ интихоб гардид, дар нахустин  суханрониаш гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам, ман намегузорам, ки халқи тоҷик пароканда шавад».
Ин суханҳо натанҳо изҳори ният, балки оғози сафари сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ буданд. Пас аз музокироти тӯлонӣ, нихоят, санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод ҳамчун нуқтаи тилоии таърихи навини тоҷикон сабт шуд ва дар тақвими давлатӣ ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ шинохта шуд.  Пас аз имзои созишномаи сулҳ, марҳилаи наве дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар натиҷаи ин ваҳдати бадастомада ҳазорон тоҷики парешону  ҳайратмонда, гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргаштанд ва ин буд суханони марде бо иродаи қавӣ!  
Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Тоҷикистони муосир хеле назаррас аст. Баъд аз имзои созишнома, Тоҷикистони пасоҷангӣ тадриҷан  ба як кишвари орому босубот ва рӯ ба рушд табдил ёфт. Ваҳдати миллӣ ба раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳёи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшид:
1.    Дар соҳаи иқтисодиёт, ҳазорҳо иншооти муҳими давлатӣ ва инфрасохторӣ сохта шудаанд.
2.    Дар соҳаи маориф, садҳо муассисаҳои таълимӣ барқарор ва навсозӣ гардиданд.
3.    Дар бахши фарҳанг, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллӣ ва мероси таърихӣ авҷ гирифт.
4.    Дар сатҳи ҷаҳонӣ, обруи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҳамкори созанда тақвият ёфт.
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки нақбҳо, неругоҳҳо, роҳу пулҳо ва шаҳракҳои нав ба мисли оинаи ваҳдат, ободӣ ва рӯшноии роҳи ояндаи давлатамон ҳастанд.
Мафҳуми ваҳдат танҳо ба сулҳи сиёсӣ маҳдуд намешавад. Ваҳдат пеш аз ҳама як ҷаҳонбинӣ, як ахлоқ, як тарзи зиндагии миллӣ аст. Он бояд дар шуури ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан насли наврас ва ҷавонон ҷой дошта бошад.
Ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат бояд масъулияти бузургеро барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ба зима гиранд. Онҳо бояд бо илму дониш, ҳисси баланди ватандорӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ба рушду пешрафти Ватан хизмат кунанд.  Маориф, фарҳанг, расонаҳо ва муассисаҳои ҷамъиятӣ бояд пайваста дар тарбияи ҷавонон ва таблиғи ғояҳои ваҳдат фаъол бошанд.
Ба ибораи дигар, ваҳдат он вақт пойдор мемонад, ки мо дар муносибат бо якдигар таҳаммулпазир, меҳрубон ва хайрхоҳ бошем. Ҳар вақте ки байни мо эҳтиром ба забон, дин, урфу одат ва фарҳанги якдигар ҳаст, ваҳдат на танҳо шиор, балки воқеият аст.


Ваҳдат, эй ганҷи ба гетӣ нодир,
Эй чароғи субҳ дар шабхои тир.
Бо ту гардид ин Ватан обод,
Бо ту мо дорем фардои умед.

Бе ту дунё сахт торик асту талх,
Бе ту миллати бузург ҳам ҳаст ноқис.
Ту ба додӣ нишони зиндагонӣ,
Эй ваҳдат, ҳастии моӣ, ту боқӣ!


Дар ниҳоят бояд таъкид кард, ки ваҳдати миллӣ натанҳо шохиси амнияти давлат, балки муқаддастарин арзиши миллии мост. Онро бо тамоми ҳастӣ бояд ҳифз кард, тақвият бахшид ва ба наслҳои оянда ҳамчун сармояи маънавии бебаҳо мерос гузошт.
Имрӯз, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва рушди устувор қарор дорад, ҳар як фарди бедордил бояд дарк намояд, ки танҳо  дар сояи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем давлати худро рушд диҳем, фарҳангу арзишҳои миллиро нигоҳ дорем ва насли ояндаро дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ тарбия намоем.

Ходими илмии шуъбаи 
таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ
Холова Шарофат

 

Меню: