ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ АМН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 09/26/2025 - 15:03

     Таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти охирин, ки аз ҷониби созмони маъруфи ҷаҳонӣ оид ба арзёбии сатҳи амният ва субот анҷом дода шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои ҷаҳон мақоми дуюмро аз рӯи амният соҳиб гардид. 
       Ин эътироф гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон тавонистааст дар як муҳити мураккабу пуртазоди ҷаҳонӣ сатҳи баланди амният ва суботи сиёсиву иҷтимоиро таъмин намояд. 
Ҷойгоҳи баланд дар раддабандии ҷаҳонӣ - дастоварди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ. Ба ин натиҷа омадан осон нест.
Дар гузоришҳои таҳлилӣ, омилҳои зиёде ба назар гирифта шудаанд: 
- сатҳи ҷинояткорӣ ва хавфҳои иҷтимоӣ; 
- эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ; 
- шумораи ҳодисаҳои хушунатомез; 
- амнияти шахсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ; 
- суботи сиёсӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. 
     Маҳз дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи чунин нишондиҳандаҳо Тоҷикистон тавонист дар байни садҳо кишвари ҷаҳон мақоми ифтихории дуюмро касб намояд. 
      Таҳлилгарон ва коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳои асосии таъмин шудани чунин сатҳи баланди амният дар Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 
     Пас аз солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромии сиёсӣ, марҳилаи нави таърихии давлатдорӣ бо эҳёи сулҳу ваҳдат оғоз гардид. Ташкили сохторҳои устувори давлатӣ, таҷдиди қувваҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, самтҳои калидии ин раванд буданд. 
     Сарвари хирадбунёдамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати устувори худ дар заминаи ҳуқуқ ва тартибот, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва рушди низоми қонунгузорӣ, ислоҳоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими амнияти ҷомеа заминаи боэътимоди суботи давлатро фароҳам оварданд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари кишвар мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ қудрат пайдо карданд, то манфиатҳои шаҳрвандонро боэътимод муҳофизат намоянд ва дар ҷомеа фазои эътимоду итминонро ба вуҷуд оваранд. 
Маҳз бо ташаббусҳои Пешвои миллат суботи иҷтимоӣ, посдории урфу одатҳои миллӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа ба меъёри зиндагии мардум табдил ёфта, ба таҳкими ваҳдат, эҳсоси бехатарӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намуд. Дар баробари ин, роҳбарияти давлат таваҷҷуҳи махсусро ба рушди инфрасохтор, роҳҳо, иртиботот, хизматрасониҳои давлатӣ ва таъмини волоияти қонун равона карда, шароити боэътимоди зиндагӣ ва рушди ҷомеаро таъмин сохт. 
     Бо заҳмат ва сиёсатҳои дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари устувор, боэътимод ва дорои мавқеи мусбат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Мавқеи давлат дар минтақа ва ҷаҳон маҳз ба шарофати дипломатияи фаъоли Сарвари давлат ва нақши ӯ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ устувор гардид. Тоҷикистон натанҳо ҳамчун кишвари амн барои сармоягузорӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ мешавад, балки ҳамчун шарики боэътимод дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, амният, мубориза бо таҳдидҳо ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ, арзи вуҷуд мекунад. 
     Сиёсати Пешвои миллат боиси ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ гардид, ки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Ҳамчунин, роҳбарии хирадмандонаи Президенти оқиламон имконият дод, ки Тоҷикистон дар амнияти Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ бо садои қавӣ баромад намояд. 
     Қобили зикр аст, ки Созмони GALLUP дар гузориши «Global Safety report» раддабандии кишварҳои амнтарини оламро дар соли 2025 тартиб додааст, ки дар ин ҷадвал Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. 
      Бори чандум дар солҳои охир аст, ки дар ин раддабандӣ Тоҷикистони мо ба қатори кишварҳои амнтарин, махсусан, аз лиҳози сайругашти шабонаи шаҳрвандон ва сайёҳон, шомил мешавад. Яъне, шаҳрвандон худро дар кӯчаву хиёбонҳо, ҳатто зимни гаштугузорҳои шабона, комилан дар амну осоиш ва зери ҳимояи давлат эҳсос мекунанд. Ин натиҷа гувоҳи он аст, ки кишвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як мамлакати воқеан, боамну субот ва орому осуда табдил ёфтааст. 
      Вақте ки Тоҷикистон дар сафи 10 кишвари амнтарини дунё қарор мегирад, ин дастоварди давлат ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд мебошад. 
     Амнияту суботи ҷомеа, муҳити орому осуда ва меҳмоннавозии тоҷиконаи мо имрӯз ҳамчун арзишҳои воло дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Ҷой гирифтани Тоҷикистон дар чунин раддабандии баланд сатҳи боварии мардум ва эътимоди ҷаҳониёнро ба кишвари мо боз ҳам қавитар месозад. 
    Дар баробари ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми мақомоти қудратӣ - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратура, Гвардияи миллӣ ва сохторҳои дигар дар ҳифзи амнияти дохилӣ ва муқовимат ба хатарҳои муосир назаррас аст. Ғайр аз ин, иштироки фаъоли ҷомеа, аз ҷумла, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, занон ва кормандони соҳаи маорифу фарҳанг, дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба суботи дохилӣ мусоидат кардааст. 
    Тайи солҳои охир Тоҷикистон натанҳо барои шаҳрвандони худ, балки барои сайёҳони хориҷӣ низ ба як макони бехатар ва ҷолиб табдил ёфтааст. Далели ин - афзоиши ҷараёни сайёҳон аз гӯшаву канори ҷаҳон ба манотиқи сайёҳии кишвар, хусусан ба кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, ноҳияи Варзоб, Хатлон ва Суғд мебошад. Сайёҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн, фарҳангӣ ва меҳмоннавоз муаррифӣ мекунанд, ки дар он муҳити ором ва дӯстона барои ҳама фароҳам аст. 
    Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун яке аз амнтарин кишварҳои дунё, натанҳо як комёбии муваққатӣ, балки марҳилаи нав дар роҳи таҳкими амнияти миллӣ ва рушди босуботи ҷомеа мебошад. Дар оянда низ нигоҳ доштани ин сатҳи баланди амният, тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният, вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад. 
    Мавқеи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии амнтарин кишварҳои ҷаҳон, ифодагари ҳушёрӣ, масъулият ва иродаи қавии мардум ва роҳбарияти кишвар мебошад. Имрӯз Тоҷикистон натанҳо як намунаи сулҳу оромӣ, балки намунаи як кишварест, ки бо иқдомҳои стратегӣ тавонист дар шароити муосир амнияти комил ва зиндагии осудаи мардумро таъмин намояд. 
      Ҳамин тариқ, мардуми тоҷик дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти оқилу хирадманд, корозмуда, дорои савияи баланди роҳбарӣ ва ташаббускорӣ, инсони содиқ ба халқу ватанро дарёфт. Ин вафодории Сарвари давлат ба Ватан ва халқ дар он аст, ки аз нахустин лаҳзаҳои роҳбари давлат будан аз барқарор кардани сулҳу амонӣ дар ин сарзамин иқдом гирифтанд. Бо ваъдаи худ - «Ман ба шумо сулҳ меорам!» вафо карда, Тоҷикистонро ба кишвари амн табдил доданд. 
     Ба сифати Президент корнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати мо хеле зиёданд, шуруъ аз чаҳор ҳадафи бузурги миллию стратегӣ то шоҳкорию корнамоиҳо ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ. Шоҳкории аввалин ин аст, ки Президенти маҳбуби мо дар аввалин кӯшишҳояшон мардуми пурҳаросу ҷафодидаро гирди як суфра ҷамъ оварданд, мардуми минтақаҳои мухталифи кишварро, ки ба ҳам кинаву адоват меварзиданд, бо ҳам пайванд сохтанд ва сулҳро дар кишвари ҷангзадаи мо сарбаландона барқарор намуданд. Пас аз иҷрои ин ваъда рисолати бузурги сулҳсозии Сарвари давлат оѓоз шуд. Ҷонибдори сулҳ будани эшон аз дохили мамлакат то минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳувайдо шуд. 
     Давлатсозии мо бо роҳбарии Сарвари хирадманд аз сифр шуруъ гардид. Роҳбари давлат бо дасту дили гарм ба бунёди давлати навин оѓоз карданду Тоҷикистонро ба мамлакати биҳиштосо табдил доданд. Имрӯз кишвари мо яке аз амнтаринҳо дар сатҳи дунё эътироф гардидааст. 
     Рисолати сулҳофарӣ ва ҷонибдорӣ ба он аз ҷониби Пешвои миллат то ба минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ рафта мерасад. Дар ҷаҳон Президенти кишвари моро ҳамчун шахсияти сулҳофар шинохта, эътирофу эътиром мекунанд. 
    Ҳамин тавр, Президенти мамлакат дар ҳар як маросиму саммитҳои сатҳи байналмилалии вобаста ба масъалаҳои сулҳ масъалаҳои мубрами ҷаҳониро пешниҳод месозанд, ки қобили дастгирӣ ва ҷонибдорианд. Чунин пешниҳодоти мубраму саривақтӣ бори аввал нест, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳони ҷонибдорӣ мегарданд. Ин масъала далели он аст, ки сарвари давлатӣ натанҳо ҳомии сулҳ дар кишвари худ, балки дар тамоми мамолики ҷаҳонанд. 
    Ин хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, дар роҳи сулҳофарӣ он касро ба унвонҳои сатҳи ҷаҳонӣ сарфароз гардонидаанд. Аз ҷумла, барои нақши бориз доштан дар таҳкими сулҳу истиқрори ваҳдат ба Пешвои миллат «Унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо - Пешвои асри ХХI», медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо» ва мукофоти сулҳи Созмони Милали Муттаҳид тақдим намудаанд. 
     Дар маҷмуъ, бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон, ҳомии халқ ва шахсияти маорифпарвару сиёсатмадори сатҳи олӣ эътироф шудааст. Бигзор, сулҳи Тоҷикистон бо Сарвари оқилу доно ва маҳбубаш доимо пойдор бошад. 
     Ҳамин тариқ, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати онанд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ низ тавонистааст фазои суботу эътимодро эҷод кунад. Барои нигоҳдорӣ ва таҳкими ин дастовардҳо зарур аст, ки ислоҳоти давомдор дар низоми ҳуқуқӣ ва судӣ амалӣ шаванд, истифодаи васеи технологияҳои муосир таъмин гардад, сиёсати дохилӣ ба таҳкими ваҳдату ҳамбастагии миллӣ равона бошад ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаҳои амният ва ҳуқуқи инсон густариш ёбад. 
    Мо, кормандони соҳаи илм, аз ҷумла, олимону ходимони илм ва ҷавонони боору номуси кишвар бо Ватани сулҳҷӯё ва дурандешонаи соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил дорем ва аз ин ифтихор менамоем, ки бо меҳнати софдилона дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро хоњем гузошт. 
    


    Ходимони пешбари илмии шуъбаи 
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович.,
Мирзоева Ҷонона Пируншоевна 

 

Меню: