СОҲИБКОРӢ МУҲАРРИКИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 01/05/2023 - 15:44

«Соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд». (Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» http://www.prezident.tj/node/29823)

СОҲИБКОРӢ МУҲАРРИКИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Соҳибкорӣ дар маркази сиёсати иқтисодии давлат ҷойгоҳи устувор пайдо намудааст. Мамлакат дар даврони соҳибистиқолӣ ба як  кишвари  дорои иқтисоди бисёрсоҳавии рушдёбанда табдил ёфта, дар он тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷода мусоидату дастгирии давлат нақши гиреҳӣ дорад. Чуноне, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шудааст “дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида, зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.”
Воқеан ҳам, солҳои охир пайваста бо бунёди инфрасохторҳои азими стратегӣ ва такмили асосҳои институтсионалӣ заминаҳо ва шароитҳои  мусоид барои рушди соҳибкории истеҳсоливу саноатӣ пайдо шудааст. Гурӯҳи муайяни соҳибкорони ташаббускору нерӯманд дар ин самт фаъолияти  босубот пайдо намуданд ва силсилакорхонаҳои саноатӣ, ки  дар минтақаҳои мамлакат ба фаъолият оғоз намуданд, аз ин шаҳодат медиҳад. «Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд». Масалан, сол аз сол  сурати ба кор андохтани силсилакорхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои мамлакат афзуда истодааст, ки дар роҳи тадбиқи стратегияи воридотивазкунанда ва рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ дар бозори дохиливу ҷаҳонӣ заминаи мусоид гузошта истодааст. (ниг. расми 1.). Дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 12,1 то 38,8 млрд.сомонӣ афзудааст. Бахусус, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат силсилакорхонаҳои нав дар саноати коркард бунёд шудааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, воридотивазкунанда ва содиротӣ машғул мебошанд. Ҳаҷми исеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноати коркард бошад, аз 8 то 22,3 млрд.сомонӣ афзудааст.
 Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар
 

Расми 1. Динамикаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (млн.сомонӣ)


Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ ташкил гардида, дар онҳо шаҳрвандони маҳаллиро, хусусан, занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб менамояд.
Бӯҳрони соли 2020 вобаста ба COVID-19 ва бӯҳроони замони муосир бори дигар исбот намуд, ки мо бояд ба афзун шудани иқтидори истеҳсолии саноати хӯрокворӣ, ки дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат нақши гиреҳӣ дорад, диққати ҷиддӣ диҳем. Дар мамлакат ин соҳа рӯ ба инкишоф ёфтааст, барои таъмини пурраи аҳолии кишвар  бо маҳсулоти  ғизоӣ, шароити мусоид муҳайё ҳам мебошад. Умуман, ба роҳ мондани коркарди  ашёи хоми ватанӣ бо тариқи рушди соҳаҳои саноати коркард самти стратегӣ маҳсуб шуда, дар тадбиқи тамсилаи рушди иқтисодии воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат нақши ҳалкунанда дорад. Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои пешомадҳои муҳим барои рушди саноати хӯрокворӣ мебошад. Хусусан, барои истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот, вино, обҳои минералӣ ва нушокиҳои ғайриспиртӣ шароитҳои хело хуб дорад. Шароитҳои мусоиди табиию иқлимӣ, мавҷуд будани рӯзҳои офтобӣ то 300 рӯз дар як сол, зимистони нарм дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикуҳӣ, тобистони гарму офтобӣ дар маҷмӯъ бо заминҳои лалмии ҳосилхез ва ҷудокунию беҳтаркунии доимии навъи растаниҳо имконияти хуб барои ангурпарварӣ, боғдорӣ, ситруспарварӣ, сабзавоткорӣ ва полизкориро фароҳам оварда, манбаи боэътимоди ашёи хом барои истеҳсолу коркарди маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, пайваста бо афзудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ дар бахши аграрии иқтисодиёт соҳибкорони соҳаи саноати хӯрокворӣ дар истеҳсоли  маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, ки аз коркарди маҳсулоти чорводорӣ тавлид мешавад, рушди устувор касб намуданд. (ҷадвали 1.) 
  Ҷадвали 1. 
Динамикаи истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, ки аз коркарди маҳсулоти чорводорӣ тавлид мешавад

Нишондиҳандаҳо

2015

2016

2017

2018

2019

2020

2021

С.2021 нисбат ба с.2015

Гӯшт, якҷоя бо каллапочаи навъи 1,  ҳазор, тонна

40,7

45,5

47,2

58,9

65,0

69,5

67,6

166,1

Ҳасиб, ҳазор тонна

4,1

4,9

4,9

4,6

5,0

7,1

5,9

143,9

Маҳсулоти шири холис ба ҳисоби шир, ҳазор тонна

14,5

14,1

14,4

14,6

15,2

15,4

16,4

113,1

Яхмос, ҳазор тонна

1,45

1,51

1,58

1,55

1,74

1,64

2,37

163,4

Панири равғанин (якҷоя бо бринза), ҳазор тонна

0,181

0,191

0,224

0,256

0,224

0,226

0,227

125,4


Манбаъ: Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022, С 293; Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2022, с 48

Саноати хӯрокворӣ, бояд соҳаҳои афзалиятноки рушди саноати коркард гарданд ва дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба бозорҳои берунӣ маҳсулотҳои худро содирот намоянд. Афзун намудани истеҳсоли саноати коркарди маҳсулоти кишоварзиро метавон ба воситаи зиёд намудани майдони дарахтзорҳо 2-3 маротиба аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, баланд бардоштани ҳосил аз ҳисоби истифодаи нуриҳои минералӣ ва ҳимояи онҳо аз зараррасонҳо ва аз ҳама муҳим, аз ҳисоби омода намудани боғдорону ангурпарварони баландихтисос ба даст овардан мумкин аст. 
Дар мамлакат заминаҳои ташкили инқилоби саноатӣ, касби рушди иқтисодии ба саноат такядошта ташаккул ёфтааст. Дар ин роҳ, фаъолияти устувори ватандӯстонаи  соҳибкорони истеҳсоливу саноатӣ нақши гиреҳӣ дорад. Механизмҳои  сиёсати саноатии ташаббусбахш (инициативная), ки маҷрои тавонои саноатсозӣ ва бунёди индустрияи нави мамлакатро ба ҳар як субъектҳои иқтисодӣ, бахусус, ба субъектҳои гуногуни доираи соҳибкориии истеҳсолӣ  паҳн мегардонад ва ангезиш медиҳад, бояд  коркард намуд. Ҳадаф аз ин ташаккул додану ба маҷрои созанда ҳидоят намудани қишри краетивӣ,  технократияи  ҷомеа,  сулолаи поягузорони технологияи мошинии миллат, ки мақому манзалати имрӯзу фардои таърихӣ дорад, мебошад. Имрӯз зарур аст, ки соҳибкорони мамлакат гурӯҳбандӣ шаванд ва категорияи мақоми онҳо, ки ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат мувофиқ аст, муайян карда шавад. Вобаста ба ин, ба ҳар категория соҳибкорон дар асоси натиҷаҳои мониторини иқтисодиву иҷтимоӣ мустақилии дохиливу беруна низоми ҳавсамандкунонӣ (имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ, бонкӣ, лифофаҳои иҷтимоӣ, дастгирии давлатӣ ва ғ.) таҳия гардад.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити пайдо шудани маҳдудиятҳо ба сармогузории хориҷӣ зарурати дарёфти механизмҳои андӯхту истифодабарии сармояи дохилӣ ба миён омадааст. «Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст». Бинобар он, аз тарафи Президенти мамлакатамон таъкид шудааст, ки «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд».


Муовини директори Институт оид
ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор
Мирсаидов А.Б.

Меню: