Рӯзи 08 сентябри соли 2022 дар Институти иктисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Оид ба қабул ва баррасии диссертатсияҳои унвонҷӯёни Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
2. Дар бораи ба ҳайси тадқиқотчӣ-таҷрибаомӯз қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ Александр Майер (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) ва тасдиқи мавзӯи илмии он
3. Масъалаҳои ҷорӣ
3.1. Тибқи мӯҳлатҳои муайянгардида пешниҳоди Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии шуъбаҳои илмии ИИваД дар нӯҳ моҳи соли 2022





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








