Санаи 5 ноябри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари назариявӣ дар мавзӯи "Конститутсия ва иқтисодиёт: алоқамандии диалектикӣ” баргузор гардид, ки дар он узви вобастаи АМИТ д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. баромад карда, доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳрезию татбиқи самтҳои стратегии рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат маъруза намудаанд.
Аз давраи аввали истиқлолияти давлатӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ин ҳуҷати тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд. Инунин гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунанда ва ҳимоякунандаи манфиатҳои тамоми мардуми мамлакат амният ва сулҳу суботи миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бо шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаи фаъоли рушди заминаҳои конститутсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир хусусияти комилан нави сифатӣ гирифт, ки он дар ҳуҷҷатҳои нави стратегии рушди кишвар таҷассум ёфтааст.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |