Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/20/2022 - 15:09

Санаи 20 майи соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Саҳми академик Раҳимов Рашид Каримович дар рушди илми иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони илмии Институт бо роҳбарии директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ Носирзода А.А. ва котиби илмии Институт, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. иштирок намуданд. Дар кори семинари ҷумҳуриявӣ бо сухани маърузавӣ директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и., дотсент Бабаджанов Р.М. ва ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л. баромад намуданд.

Тоҷикӣ

Меню: