РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 06/14/2024 - 14:12

 Санаи 14-уми июни соли 2024 дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар назди даромадгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» – намоиши дастовардҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии зертобеи он баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати меҳмонони даъватшуда, раисони Шуъбаҳои АМИТ И. Амонзода, А. Мирзораҳимзода, С. Ибодзода ва роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ иштирок ва аз намоиши дастовардҳои АМИТ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии зертобеи он дидан намуданд. 
 Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур намояндагони Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои олии шаҳри Душанбе, инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳвандӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок доштанд.
 Дар рафти чорабинӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода дастовардҳои муассисаро, аз љумла, дар самти коркардҳои илмӣ, тайёр намудани кадрҳои муосир ва ташаккули майдони муҳокимаҳои васеъ байни олимон-иқтисодчиён нисбати рушди иқтисодиёт ва рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳкиқотии хориљӣ муаррифӣ намуданд. Ҳайати меҳмонон ва раисони Шуъбаҳои АМИТ аз намоиши дастовардҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дидан намуда, бо адабиётҳои тозанашри Институт аз наздик шинос шуданд.
 

Меню: