Рӯзгоре барои ибрат

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/15/2022 - 15:20

Қаюмов Нуриддин 15 июни соли 1937 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1961 хатм намуда, бештар аз 60 сол бо корҳои илмиву педагогӣ ва истеҳсолӣ машғул шудааст.
Фаъолияти меҳнатиро солҳои 1961-1964 ба сифати омӯзгор дар кафедраи ҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ оғоз намуда, соли 1964 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1978-1980 ходими калони илмӣ, мудири бахш, мудири шуъба ва муовини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1981-1993 директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодию риёзии нақшагирӣ дар назди Маркази ҳисоббаробарии Госплани Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, солҳои 1995-1997 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998 директори институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то имрӯз вазифаи мудири шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад
Самти кори илмии ӯ ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, таносуб ва тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ бахшида шудааст. Натиҷаи фаъолияти илмии Қаюмов Нуриддин дар зиёда аз 440 асару мақолаҳо инъикос гардидааст. 
Академик Қаюмов аз соли 2001 то 2010 директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳамзамон, ташкилдиҳанда ва сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-амалии «Иқтисодиёти Тоҷикистон: стратегия тараққиёт», раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи диссертатсияҳои докторӣ ва номзадӣ дар панҷ бахшҳои ихтисоси 08.00.05. – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (2003-2015), узви Иттиҳодияи байналмилалии иқтисоддонон (аз соли 1991), узви ҳақиқии Академияи байналмилалии менеҷмент (аз соли 1996) ва узви маҳфили олимони кишварҳои Авро-Осиё (аз соли 2008) мебошад. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки ӯ «Тарҳи рушд ва ҷойгиркунии иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат», «Консепсияи рушд ва ҷойгиркунии неруи истеҳсолкунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои давраи то 2010», «Барномаи комплексии «Сифат», «Ресурсҳои меҳнатӣ-2005», «Рушди иқтисодиёти деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2005», «Барномаи давлатии сарфаи ресурсҳои иқтисодӣ барои солҳои 1991-1995», «Барномаи комплексии «Шиддатфизоӣ», «Консепсияи шуғлнокии аҳолии Тоҷикистон», «Таҳия ва аз назари илмию амалӣ асоснок намудани андозаи сабади истеъмолӣ барои табақаҳои мухталифи аҳолӣ дар давраҳои алоҳида (бо дархости расмии Ҳукумати Тоҷикистон) ва ғ. омода гардидааст. 
Таҳқиқоти судманд ва таклифу пешниҳодҳои аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дошта, ҳаллу фасли масоили муҳими таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, амалӣ кардани ислоҳоти куллии иқтисодӣ бо роҳи гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ва торафт паст намудани сатҳи камбизоатии онҳо, таъмини амнияти иқтисодӣ, қабл аз ҳама, стратегияи баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди устувори иқтисодӣ ва дигар масоилро фаро гирифтанд. Хизматҳои Қаюмов Н.Қ. дар таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, пешгӯиҳои илмии иқтисодӣ-риёзӣ, таҳияи лоиҳаи барномаҳо, консепсияҳо ва пешниҳодҳои муфиди зиёд назаррас мебошанд.
Дар конфронсу нишастҳои илмӣ-амалӣ дар сатҳи ноҳия, вилоятҳо, кишвар ва хусусан, дар форуму симпозиумҳои сатҳи минтақаи кишварҳои Осиёи Миёна, Русия, Чин, Афғонистон, Покистон, кишварҳои Кавказу Иттиҳоди Аврупо, Австралия бо суханрониҳои донишмандона илми Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Ӯ узви чандин маҷаллаҳои илмӣ, комитетҳои кории ташкилотҳои бонуфузи иқтисодӣ, аъзои ифтихории иттиҳодияҳои иқтисодии хориҷӣ мебошад. 
Корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар мавзӯъҳои иқтисодиёти имрӯзи Тоҷикистон, масоили модернизатсия, таъмини рушди инноватсионии соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, соҳибкории инноватсионӣ, ҳамкории субъектҳои бахши хусусӣ бо давлат ва масоили дорои аҳамияти стратегӣ анҷом додааст.
Соли 2002 аз ҷониби хазинаи Иттиҳоди байналхалқии иқтисоддонон бо Дипломи тиллоӣ сарфароз гардида, профессори ифтихории клуби Авро-Осиёии олимони иқтисоддон шудааст. 
Хизматҳои академик Қаюмов Н. аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997), медал барои «Меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат», нишони ифтихории Вазорати мудофиаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ифтихорномаҳои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987), мукофотҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ва сатҳи байналмилалӣ қадр шудааст.
Дар солҳои охир таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи академик Қаюмов Н.Қ. як қатор монографияҳо бахшида ба иқтисодиёти инноватсионӣ аз чоп баромадааст: «Экономический и научно-технический потенциал инновационного развития Республики Таджикистан: современное состояние, проблемы и перспективы развития» - Душанбе 2018, 460с. (26,7 ҷ.ч.); «Финансовый потенциал инновационного развития Республики Таджикистан и механизмы его активизации» - Душанбе 2019, 244с. (14,4 ҷ.ч.). «Промышленность Таджикистана в годы государственной независимости». Душанбе 2020, 672с. (40,0 ҷ.ч.). 
Бояд қайд камуд, ки бо иштирок ва роҳбарии бевоситаи Қаюмов Нуриддин ҳанӯз солҳои 60-уми садаи ХХ дар Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи оқилона ҷобаҷо намудани қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1971), «Рушди илми техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1990), баъдтар «Нақшаи тараққӣ ва ҷобаҷо намудани қувваҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то солҳои 2010» дар Институти иқтисодиёти назди Госплани Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд.
Академик Қаюмов Нуриддин воқеан, рӯзгоре ба сар бурдаанд, ки ибратбахши ҳар яки мост. Мавсуф олиманд, орифанду оқил, ки тухми илму ирфонро дар боғи маърифат кошта. Ин аст аслияти олими асил, ки дар давоми умри худ самараи хуб ба бор оварад.
Мелоди умр муборак бошад, муҳтарам академик Нуриддин Қаюмов.

Чун Рӯдакӣ фармуда:
Сад сол бизӣ,
Садҳазор сол бизӣ!

 

Меню: