Санаи 21-уми майи соли 2025 дар шаҳраки академӣ бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва шумораи зиёди ходимони илмии ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, низ фаъолона иштирок намуданд.
Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон зери роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Зеро ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим мегузоранд.
Дар роҳпаймоӣ ҷавонон бо шиорҳои «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Пешвои мо – ифтихори мо», «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш», «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон» ва амсоли инҳо ширкат намуда, изҳори хушнудии хешро аз сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Инчунин, гулдухтарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири эҳёи фарҳанги милливу либосҳои миллии тоҷикона, дар роҳпаймоии осоишта бо пушидани либосҳои миллии тоҷикона ба ҳусни чорабинӣ таровати дигар бахшиданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








