РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/05/2024 - 10:04

05 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, директорон ва олимону кормандони муассисаҳои имлию таҳқиқотӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона, ки ба ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад, олимону кормандони соҳаи илм бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва самимияти беандоза аз сулҳу суботи комил дар кишвар ҷонибдорӣ менамуданд, зеро Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. 
Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати кишвар, алалхусус, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали рӯзҳои корӣ барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар хизматҳои мондагоре анҷом додааст. Албатта яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар ин соҳаи илм мебошад, ки маҳз дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ олимону академикон низ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин росто дар пайравӣ аз ин сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири арҷгузорӣ ба Истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои расмию давлатӣ саҳми калон мегузоранд. Роҳпаймоие, ки имрӯз баргузор гардид метавон гуфт, ки ин ҳам як рамзи эҳтиром гузоштан ба парчами миллӣ – ҳамчун нишони сулҳу субот ва оромӣ, иттиҳоду сарҷаъмӣ ва Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз мебошад.
 

Меню: