Раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 02/08/2023 - 16:11

Санаи 8-уми феврали соли 2023 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба нақшаи баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 ба роҳ монда шуд. Дар чорабинии мазкур, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат – муҳаррики рушди ҷомеа» баромад намуданд.

Меню: