Паёми Президенти кишвар ва рушди низоми идоракунии стратегӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 12/24/2025 - 15:31

Санаи 16-уми декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуданд, ки дар он масъалаҳои ҷорӣ ва рӯзномаи дарозмуддат баррасӣ гардиданд ва ишораҳои калидӣ доир ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ гузошта шуданд.
Соли 2025 дорои якчанд хусусият мебошад, ки ба садодиҳии ҷанбаҳои калидӣ дар Паёми сол таъсир расонид:
1)    Таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 2026 – 2030, бо гузориши масъалагузориҳои нав ба марҳилаи миёнамуҳлат;
2)    Идома намудани ташаббусҳое, ки дар Паёми соли 2024 садо дода шуданд (барои таъмини ҳамгироию пайдарҳамии фаъолият);
3)    Ташаббусҳои нав (бо такя ба сабақу вазифаҳои рушд то соли 2026).
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ишораҳо оид ба самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ таъмин гардиданд.
Инъикоси пешбурди фаъолиятҳои маҷмӯи дар самти ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар –Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ; Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ѓизои хушсифат; Саноатикунонии босуръат ва вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул таъмин гардид. 
Амалишавии фаъолиятҳо дар самтҳои мазкур дар шароити афзудани шиддати чолишхои технологӣ, иқтисодӣ ва экологӣ баргузор мегардад, ки вокунишу баинобатгирии муайянро талаб менамояд.  
Ҳамзамон, дар шароити муосир (барои таъмини устуворию рақобатпазиии рушд) таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта афзун мегардад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи вазифаҳои танзими иқтисодии давлатӣ ба як низом пайваст карда шуда, барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ равона карда шуданд. 
Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи миллӣ пояи муттаҳидкунандаи таъмини рушди кишвар буда, фаъолияти барномавиро ба низом медарорад.   
Дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузориҳо доир ба таҳия ва иҷрои силсилаи стратегия ва барномаҳо таъмин шудаст, аз ҷумла:  
•    Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (дар ҳошияи идомаи рушди   фаъолиятҳо дар самти иқтисодиёти рақамӣ); 
•    Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030 (дар доираи идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ);
•    Стратегияи рушди бозори сармоя (дар доираи тавсеаи имкониятҳои сармоягузории рушди кишвар);
•    Барномаи саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим (дар доираи таъмини саноатикунонии босуръат);
•    Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030 (дар доираи таъмини амалисозии афзалиятҳои рақобатии кишвар ва шуѓли пурмаҳсул);
•    Бозбинии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 (дар ҳошияи ташаккули модели иқтисодиёти ба донишу навоварӣ такямекарда).
Бояд қайд намуд, ки ҳоло, дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 150 ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллию соҳавӣ мавриди амал қарор дорад, ки аз силсилаи қарорҳои байнисоҳавӣ вобаста буда ба механизмҳои ҳамгироӣ такя бояд намояд. 
Ҳамзамон, силсилаи барномаҳои давлатӣ бо самтгирӣ ба ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ қабул гардида боиси амал қарор гирифтанд, натиҷанокию устувории амалии онҳо боиси пайгирӣ мегардад. 
Дар ин раванд пайвасташавии пешбурди сиёсати иқтисодӣ бо афзалиятҳои стратегӣ ва пайгирии самаранонокии маблаѓгузории  онҳо хеле муҳим аст. 
Барномаҳои миёнамуддати рушд ба нигоҳ доштани муттасилӣ ва паиҳамӣ дар доираи вазифаҳо ва натиҷаҳои пешбинишуда оид ба татбиқи Стратегияи миллии рушд ва нигоҳ доштани формати консептуалӣ аз рӯи принсипҳо ва сохтор нигаронида мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» (соли 2022) муайян карда шудаанд. 
Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ мувофиқи ин дастурҳо дар ҳама сатҳҳои ҳукумат таҳия шудаанд. Дар ин раванд ҳамгироии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ байни якдигар хеле муҳим аст. 
Методологияи банақшагирии стратегӣ низоми ягонаи пешгӯиҳои дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоҳмуддат ва интихоби афзалиятҳои рушди иқтисодиро, инчунин абзорҳо ва механизмҳои татбиқи онҳоро талаб мекунад.
Хеле муҳим аст, ки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии макроиқтисодӣ, соҳавӣ ва ҳудудӣ маҷмӯи ягонаро ташкил намуда, дар асоси методологии умумӣ таҳия карда шаванд.
Дар ин раванд банақшагирии воқеии давлатӣ бо механизмҳои ҳисоботдиҳӣ, маблағгузорӣ ва дастгирии илмӣ одатан бояд пайваст гардад. 
Интизориҳо бо беҳтар кардани сифати дастгирии иттилоотию таҳлилӣ, ҷорӣ кардани низоми муассири мониторинг ва навсозии мунтазами он доир ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пайваст аст. 
Чун намояндаи муассисаи илмӣ – таҳқиқотӣ масъулиятро доир ба натиҷанокии коркардҳои илмӣ - амалӣ қайд намуда, зарурати афзудани малакаю тавонмандӣ дар чунин ҷанбаҳоро ишора менамоем (дар раванди таҳия ва иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ): 
•    арзёбии вазъи ҷории рушд, дастоварду имкониятҳо дар соҳаҳои гуногун;
•    мушкилот ва чолишҳои пешбинишуда, ки дар оянда мушоҳида мешаванд;
•    асосноксозии ояндаи чашмдошт бо истифодаи нишондиҳандаҳои мушаххаси миқдорӣ ва сифатӣ;
•    муайян намудани мақсад ва вазифаҳои оянда ва роҳҳои татбиқи онҳо. 
Дар ин раванд коркардҳои илмию амалӣ дар асосноксозии сенарияҳои рушд метавонанд ба вазифагузориҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ саҳми худро гузоранд. 
Таҳкими иқтидори миллӣ барои ташаккули пешбиниҳои макроиқтисодӣ бо мақсади ба таври кофӣ асоснок кардани тадбирҳои сиёсӣ ва қарорҳои идоракунӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот ва устувории иқтисод ба назар муҳим мерасад. 
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба муттаҳидсозии саъю талошҳо дар самти пайвастагии ҷанбаҳои гуногуни таъмини субот ва устувории иқтисодӣ ишораҳои заруриро гузошт. 

Муминова Ф. н.и.и., 
мудири шуъбаи моделсозӣ ва ояндабинии
равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодии 
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Меню: