ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МОЛИЯВИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: МУАММОҲО ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 02/11/2026 - 10:58

Санаи 11.02.2026 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-evb декабри соли 2025 баён намуданд, семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи роҳнамо барои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, татбиқи амалии он саҳми фаъол, масъулиятшиносӣ ва иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҳайати олимону кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро тақозо менамояд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсози давлатӣ натанҳо самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян менамояд, балки барои тамоми сохторҳои давлатӣ масъулияти мушаххас ва дурнамои равшани фаъолияти минбаъдаро муқаррар месозад.
Дар навбати худ, мудири шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, д.и.и., дотсент Шарифзода Баҳром Маҳмуд дар мавзуи «Послание и финансовые вопросы развития национальной экономики: проблемы и пути их решения» маърӯзаи худро ироа намуд. Қайд гардид, ки дар Паём Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд. 
Дар ҷараёни муҳокима табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, тақвияти рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, рушди сармояи молиявӣ тавассути ташаккули бозори молиявии дохилӣ ва иқтидори сармоягузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 

Меню: