ПАРВОЗИ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ ДАР ФАЗОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 08/27/2024 - 15:06

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми «Фазои кушод» чораҷӯӣ намояд.


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022

Мафҳуми ҳавонавардӣ ё авиатсия шомили фаъолиятҳои марбут ба парвози механикӣ ва саноатии ҳавопаймоӣ буда, ин вожа аз ҷониби нависандаи фаронсавӣ ва собиқ афсари баҳрӣ Габриэл Ла Ланделл соли 1863 рӯи кор омадааст . Онро метавон илме номид, яъне назария ва амалияи парвоз дар атмосфера. 
Ин истилоҳ аслан аз калимаи лотинии “avis” маншаъ гирифта, маънои парандаро ифода мекунад ва бо изофа шудани пасванди “ation” мафҳуми ҳавонавардиро ба худ гирифтааст .
Тибқи таҳлилу баррасиҳо инсоният аз қадим орзуи парвоз карданро мекард, ки он дар афсонаву ривоятҳои қадимаи халқҳои ҷаҳон инъикос ёфтааст. Намунаи онро дар таърихномаи Юнон дар мисоли Дедал ва Икар, дар Ҳиндустони Қадим дар мисоли Пушпака Вимана дар Рамаяна ва дар Шарқ дар гилеми парон ва ғайра метавон мушоҳида кард. Ҳамин тариқ, тақрибан соли 400 то м. файласуф, математик, астроном ва арбоби давлатӣ Архити Тарентӣ аввалин дастгоҳи парвозкунандаро сохт, ки шаклан ба парандае монанд буду то 200 м парвоз мекард. Дертар «Чароғи парон» бо болопӯши коғазӣ ё курраи ҳавоии бо ҳавои гарм пуркардашуда ҳанӯз дар садаи III то м. дар Чини Қадим истифода шуд. Сипас, соли 559 дар шоҳигарии Вэйи Шимолӣ (Хитой) аввалин одам дар бодпарак парвоз кард. Соли 852 дар Испанияи Ҷанубӣ дар замони ҳукмронӣ амир Абдурраҳмони II олим ва ихтироъкори араб Аббос ибни Фирнас (Армен Фирман) бо матоъҳо асбобе чун чатр сохт ва аз манораи Бузург ба поён парид, ки ин сохти аввалин парашют маҳсуб мешавад. Пас аз 25 сол ибни Фарнаси 65-сола ин ихтирои худро такмил дода, аввалин далтеплани идорашавандаро сохт, ки бо он даҳ дақ. парвоз кард. Ин парвози ибни Фарнас рӯҳонии англис Эймлери Малмсбериро илҳом бахшид ва ӯ соли 1010 асбоби париши ба далтеплан шабеҳро сохт, ки то 200 м парвоз мекард. Пас аз панҷсад соли ин ҳодиса рассом, ҳайкалтарош, меъмор ва олими италиявии замони Эҳё — Леонардо да Винчи аввал нақшаи далтеплан ва соли 1496 худи онро сохт. 
Соли 1884 ихтироъкори рус А. Ф. Можайский моноплане сохт, ки ду муҳаррики буғӣ дошт ва онро санҷид. Аммо ҳангоми санҷиш дастгоҳ ба садама дучор шуд. Кӯшишу ҷустуҷӯҳо нишон доданд, ки муҳаррикҳои буғӣ талаботи ҳавонавардиро қонеъ гардонда наметавонанд. 17 декабри 1903 бародарон Орвилл ва Уилбер Райт дар самолёти сохтаи худ муҳаррики дарунсӯзро истифода бурда, аввалин парвози тӯлонии идорашавандаи дастгоҳи парвозкунандаи аз ҳаво вазнинро иҷро карданд. Ин парвоз бо муваффақият анҷом ёфт. 25 июли 1909 конструкторлётчики фаронсавӣ Л. Блерио бо самолёти хеш аз гулӯгоҳи Ла-Манш парвоз карда гузашт. Дертар дар Россия солҳои 1909 — 14 Я. М. Геккел, Д. П. Григорович, В. А. Слесарёв, И. И. Стеглау намудҳои гуногуни самолётҳоро сохтанд. Б. Н. Юрев солҳои 1910 лоиҳаи нахустин вертолётро дар Россия тартиб дод. Соли 1913 самолёти вазнини сохти И. И.Сикорский «Руский витяз» нахустин маротиба парвоз кард. Барои равнақу ривоҷи А. дар Россия лётчикҳо М. Н. Ефимов, Н. Е. Попов, Г. В. Алехнович, А. В. Шиуков, Б. И. Россинский, С. И. Уточкин ва дигар саҳми калон гузоштанд. 9 сентябри 1913 лётчики рус П. Н. Нестеров дар самолёти «Ниюпор-4» «ҳалқаи ҳавоӣ»-ро ба ҷо овард, ки «ҳалқаи ҳавоии Нестеров» ном гирифт. Дар пешрафти илми аэродинамика олими бузург, «падари ҳавонавардии рус»-профессор Н. Е. Жуковский ва шогирди ӯ академик С. А. Чаплигин саҳми бузург гузоштанд. Соли 1904 дар Кучино назди Москва бо ташаббус ва роҳбарии Жуковский Институти аэродинамика таъсис ёфт. Асарҳои Жуковский доир ба назарияи парвози самолёт, устуворӣ, идорашавӣ ва дигар проблемаҳои ҳавонавардӣ дар ҳамин ҷо таълиф шудаанд. Осори Жуковский ва дигар олимони русу хориҷӣ асоси илмии самолётсозиро ба вуҷуд оварданд. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914 —18) ба инкишофи ҳавонавардӣ такони амиқ бахшид. Дар давраи ҷанг сифати парвозии самолётҳо хубтар гардид: суръати парвози самолётҳои қиркунанда аз 90 — 120 то 200—220 км/ соат, баландии парвоз аз 2 то 7 км, борбардории самолёт то 1500 кг расонда шуд. Мавқеи ҳавонавардӣ дар ин давра чун навъи мустақили қӯшун муайян гардид. Аввалин давлате, ки самолётро бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода кардааст, Булғория буд. Паз аз ҷанг истеҳсолоти самолётҳо зиёд гашта, дар сохтани онҳо дастовардҳои навини техника истифода шуданд. Солҳои баъдӣ (1918-39) дар таърихи самолётсозӣ «асри тиллоӣ» ном бурда мешавад. Соли 1918 Институти аэрогидродинамикии марказӣ таъсис ёфт, ки дертар бузургтарин маркази илмии авиатсионӣ гардид. Соли 1919 техникуми авиатсионии Москва ташкил шуд, ки баъдтар (1922) ба Академияи ҳарбии ҳавопаймоии инженерии ба номи Н. Е. Жуковский табдил ёфт. Соли 1930 Институти авиатсионии Москва таъсис дода шуд. Солҳои бистуми садаи XX бюроҳои лоиҳасозӣ бо сардории А. Н. Туполев, Н. Н. Поликарпов ва Д. П. Григорович ташкил ёфтанд. Соли 1930 дар Германия ва Англия коркарди муҳаррики реактивӣ оғоз ёфт. Тараққиёти минбаъдаи ҳавонавардӣ дар арафа ва солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба пайдоиши муҳаррикҳои авиатсионии ихтирои В. Я. Климов, А. Д. Шветсов, А. А. Микулин ва дигарон алоқаманд аст. Ин ва парвозҳои дигар аз маҳорату ҷасорати лётчикҳо, муваффақиятҳои бузурги илмию техникии ҳавонавардӣ, радиоалоқа ва метеорология шаҳодат медоданд.
Дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ нахус¬тин парвози реактивиро лётчик В. П. Фёдоров (февали 1940) дар ракетоплани СК-9 (сохти С. П. Королёв) иҷро кард. 15 майи 1942 лётчик Г. Я. Бахчиванҷи ба парвози нахустини самолёти муҳаррикаш реактивии моеии БИ-1 (сохти В. Ф. Болховитинов) муваффақ шуд. Бо вуҷуди ин ҳавонавардӣ минбаъд бо истифодаи муҳаррикҳои турбореактивӣ пеш меравад. Парвози аввалин самолётҳои шӯравӣ бо муҳаррикҳои турбореактивӣ — МиГ-9 ва Як-15 24 апрели 1946 ба вуқӯъ омад. Самолётҳои ин давр аз ҷиҳати схемаи аэродинамикӣ ва шакли худ аз самолётҳои муҳаррикашон поршенӣ тафовут надоштанд, фақат суръати онҳо 100-200км/соат бештар буд. Афзоиш ва ба суръати садо наздик шудани суръати парвоз ба вуҷуд овардани шаклҳои нави самолётҳоро талаб мекард. Дар натиҷа, болҳои тунуки пайконшакл пайдо шуданд. Солҳои 1947 — 1948 самолётҳои реактивии пайконболи шшӯравии Ла-15 ва МиГ-15 ба вуҷуд омаданд, ки суръати онҳо то ба 1050 км/соат мерасид. Пас аз ҶБВ самолётҳои зиёди ҷангӣ бекор монданд ва онҳоро каме дигаргун сохта дар тиҷорат истифода мебурданд. Ин солҳо давраи самолётҳои реактивӣ буд .
Ҳамин тариқ, Тоҷикистони мусоир дар давоми солҳои Истиқлолият аз низоми маъмурии  идоракунии иқтисодиёт ба усулу равиши муносибатҳои бозорӣ гузашт. Дар ин замина, бештари идораҳои кишвар, аз ҷумла, мудирияти ҳавонавардӣ (авиатсия ё аэронавигатсия) аз ин усули нави иқтисоди бозаргонӣ таъсирпазир шуда, тасмим гирифтанд кадом равишро интихоб намоянд. Зеро дар шароити бозор ҳам идораи мустақилонаи комплекси авиатсионӣ ва ҳам идораи давлатии фаъолияти он имконпазир мебошад.  
Мавриди зикр аст, ки таърихи таъсисёбии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз соли 1930 оғоз шуда, моҳи майи ҳамон сол ду ҳавопаймои Ю-13 бо экипаж ба базаи доимӣ ба Тоҷикистони Шӯравӣ ворид шуданд. Ҳамин тариқ, ин ҳавопаймоҳо аз шаҳри Сталинобод ба шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Ғарм, Данғара ва Панҷ парвозҳои доимиро ба ҷо меоварданд. Пас аз як сол ҳавопаймоҳҳои П-5 ва Р-5 ба минтақаҳои Шаҳритус ва Хоруғ парвоз намуданд. Ҳамин тавр, моҳи марти 1933 дар Сталинобод 25 ҳавопаймои По-2 мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин давра хатсайрҳои Сталинобод-Фархор, Сталинобод-Ғарм-Ҳоит-Тоҷикобод-Ҷиргатол, Сталинобод-Ховалинг кушода шуданд. Дертар соли 1935 ба Сталинобод ҳавопаймоҳҳои АНТ-9, СП-9, П-5 ворид гардида, бо дастрасии техникаи нав хатсайрҳои Сталинобод-Мӯъминобод, Сталинобод-Ворошиловобод роҳандозӣ шуданд. Бо чунин пешрафтҳо дар низоми нави ҳавонавардӣ соли 1940 Раёсати Флоти Ҳавоии Граждании Тоҷикистон ташкил карда шуд. 
Тадриҷан идора ё комплекси авиатсионӣ бо суръати баланди кашонидани мусофиру бор аз намудҳои дигари нақлиёти кишвар фарқ мекард. Зеро хизматрасониҳои он бо равишу арзиши хубу олӣ, бо риояи шароити обу ҳаво ва инчунин, сифату вазни борҳои интиқолшаванда хос буда, амалӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, соҳаи комплекси нақлиёт асосан ба таъмини мусофиркашонии масофаи дур, инчунин, базудӣ расонидани борҳои хурд ва гаронбаҳо нигаронида шудааст. Бори аввал экипажҳои ҳавопаймоҳои ҷумҳурӣ дар нахустин даврони истиқлолият зери нишони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» 15 майи соли 1992 ба парвоз шурӯъ карданд. Дар давраи аз соли 1995 то 1999 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, инчунин, ба як қатор давлатҳои Аврупо ва кишварҳои баҳри Миёназамин хатсайрҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ кушода шуданд. То соли 1999 аз 47 фурудгоҳи ҷумҳурӣ 10-тоаш фаъолият мекард ва парки ҳавопаймою чархболҳо аз 40 воҳиди таҷҳизоти корӣ иборат буд. Ҳамин тариқ, соли 2004 ширкати давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ба КВД «Тоҷикистон» ва соли 2006 он ба КВД «Тоҷик Эйр» табдил дода шуд. 
Дар ин хусус, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шумораи №491 аз 01.10.2008 Корхонаи воҳиди давлатии авиатсионии «Тоҷик Эйр» ба 5 корхонаи мустақили зерин тақсимбандӣ шуда, ба фаъолият оғоз карданд: 
•    Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»; 
•    Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»;
•    Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа»;
•    Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»; 
•    Корхонаи воҳиди давлатии «Аэронавигсияи Тоҷикистон» 
 Тибқи қарори иловагии Ҳукумат (№ 568 аз 20 ноябри соли 2008) дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Агентии алоқаи ҳавоӣ, Ширкати сӯзишворӣ ва Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Авиатор» таъсис дода шуданд. 
Ҳамин тавр, идораи ҳавонавардии Тоҷикистон дар ихтиёри худ қариб 9480 километр роҳҳои авиатсионӣ дошта, то соли 2008 дар кишвар 16 фурудгоҳ мавҷуд буд, ки фақат 4 фурудгоҳ ба фурудгоҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва 12 фурудгоҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта дохил мешудаанд. Аммо 21 фурудгоҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ фаъол набуда, аксари онҳо бо нарасидани ҳаҷми ҳаракати нақлиёт тавсиф мешаванд, ки ин бо рушди нокифояи инфрасохтор вобастагӣ дошт. Ин амал барои азнавсозии фурудгоҳҳо хароҷоти иловагии асосиро талаб мекард. Дар давраи зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли ҳавоӣ аз ҷониби 3 ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешуд. Афзоиши шумораи парвозҳо дар як шабонарӯз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон фақат дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд мушоҳида мешуд. 
Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт як қатор корҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба таври зарурӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд. Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) зиёда аз 200-адад усулу қоидаҳои умумии авиатсияи гражданӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо ва дастурҳо ба тасвиб расида, дар корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд.

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 боз як таҷдиди сохторӣ дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Инчунин, идораи авиатсияи гражданӣ ба Вазорати нақлиёти кишвар дохил шуд. Шуъбаи сертификатсия ба танзим ба назорат дар соҳаи нақлиёт табдил ёфт. Раёсати авиатсияи граждании назди Вазорати нақлиёт бо роҳи муттаҳид кардани ин ду шуъба сохторҳои нав таҳия намуда, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дод. 
Моҳи декабри соли 2018 қарори таъсиси агентии авиатсияи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад. Ба сохтори агентӣ се идора дохил мешавад: идоракунии сиёсати назорат, сертификатсия ва шуъбаи бехатарии авиатсия. Сохторҳои нав музди меҳнати коргаронро баланд карда, ҷадвали штатиро зиёд карданд. Идораи авиатсияи гражданӣ курси такмили ихтисос дар соҳаи авиатсияи гражданиро ташкил намуд, 
Аз соли 2019 фаъолияти ширкати ҶСК «Тоҷик Эйр» ба далели мавқеъ дар назди корхонаҳои дигари авиатсионӣ коҳиш дода шуда, роҳбарияти ширкат барномаҳои навро ба нақша гирифтанд. Аз ин рӯ, ширкат барномаи солимгардонии ҳавопаймоҳои модерн ба нақша гирифта, барои дастрасии ҳавопаймоҳои нав дар фурсати кӯтоҳ талош карда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Тоҷикистон соли 2008 ташкил ёфта, яке аз нахустин ширкати ҳавопаймоии миллииест, ки мусофиркашӣ, боркашӣ ва расондани почтаро амалӣ мегардонад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» маркази таълимии авиатсионии (МТА) худро барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун таъсис додааст. Ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидањои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, шомил гардидааст.
Санаи 7-уми ноябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати «Эйрбас» ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонид. Дар таърихи 1 декабри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе иҷро намуда, 18 декабри ҳамон сол ширкат бо ҷоизаи «Бренди сол — 2019» қадрдонӣ шуд. Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо як адад чархболи нави Ми8АМТ ғанӣ гардид. Дар таърихи 13 ноябри соли 2021 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Самара-Душанбе иҷро намуд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 30 августи соли 2022 як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд кард. Ҳавопаймо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ - ACG гирифта шуда, санаи 8 сентябри соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дуюм ҳавопаймои Boeing 737-800-ро дар асоси лизингии амалиётӣ аз ширкати ACG вориди Душанбе намуд. Ҳамин тариқ, дар соли 2023 ширкати ҳавопаймоӣ нахустин хатсайри мустақимро дар самти Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Ҷидда, Махачкала ва ахиран, соли 2024 аз шаҳри Хуҷанд ба Дубай шурӯъ намуд. Дар ин зимн, санаи 6 феврали соли 2024 Сомон Эйр парвози мунтазам дар самти Хуҷанд - Ҷидда - Хуҷанд роҳандозӣ карда, парвози аввалин дар самти Хуҷанд - Истанбул - Хуҷанд ба роҳ монд. 
Санаи 22 майи соли 2024 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Тбилисӣ шурӯъ намуда, тибқи сиёсати стратегии худ Сомон Эйр ҳудуди ҷуғрофии парвозҳои худро ботадриҷ васеъ гардонида, ба самтҳои гуногуни Россия , Олмон, Туркия, Хитой, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро тавассути тайёраҳои нави ҳавопаймоии навъи «Боинг 737-800» ва «Боинг 737-900» амалӣ мегардонад.
Бо мақсади таҳлили вазъи воқеии соҳаи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист фаъолияти ин соҳаро дар даҳ соли охир дида баромада, вазъи кунунии онро баҳогузорӣ намуд. Бояд қайд кард, ки мувофиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи авиатсияи гражданӣ ба чанд зерсоҳа ва ё ширкатҳои мустақил тақсим шуда, фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.
Дар давоми даҳ соли охир раванди косташавии ҳиссаи иштироки ширкатҳои миллии ҳавопаймои дар бозори хизматрасониҳои ҳавоӣ ба назар мерасад. Таҳлили ҳаҷми химатрасониҳои пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки дар давраи омӯхташаванда ҳиссаи ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ торафт кам шуда, дар бозори миллӣ ширкатҳои хориҷӣ фаъолияти худро зиёд намуданд. 
Бояд қайд кард, ки фурудгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин, дар пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон нақши муҳим мебозанд. Фаъолияти фурудгоҳҳо мебоист дар ду ҷабҳаи баҳодиҳӣ яъне ҳамлу нақли мусофирон ва кашонидани борҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дод. 
Маълумоти дар боло овардашуда, дар асоси ҳисоботҳои даврии Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва таҳия шудааст. Аз он маълум мегардад, ки фаъолияти фурудгоҳҳо низ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ алоқамандии зич дошта, лаппиши ҳаҷми интиқоли бору мусофирон ба фаъолияти онҳо низ таъсир мерасонад. Таҳлил нишон медиҳад, ки солҳои 2015–2017 дар ҳар чор фурудгоҳ камшавии ҳаҷми хизматрасонӣ дида мешавад, намунаи дигари афзоиши манфии ҳаҷми хизматрасониҳо соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии COVID-19 ба мушоҳида мерасид. 
Аз рӯи таҳлили овардашуда, мо дида метавонем, ки чӣ тавр омилҳои дарунаву беруна ба ҳаҷми фаъолияти хизматрасонии фурудгоҳҳои байналхалқии мо таъсири худро гузоштаанд. Чӣ тавре ки дар боло қайд карда будем, ду давраи лаппиши ҳаҷми хизматрасониҳои фурудгоҳҳо мушоҳида мешаванд. Лаппиши якум ба солҳои 2015 – 2017 рост омада сабаби асосии он таъсири буҳрони молиявӣ ва муфлисшавии ширкатҳо мебошад. 
Ҷанбаи дигари баҳодиҳӣ, чи тавре ки мо дар боло кайд карда будем, ин кашонидани борҳо мебошад. Натиҷаи таҳлили маълумоти оморӣ, ки дар ҳисоботи даврии Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, тамоюли дигари ҳаракати борҳоро нишон медиҳад. 
Таҳлили қиёсии маълумоти овардашуда нишон медиҳад, ки ҳиссаи зиёди борҳо бо тариқи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва Кӯлоб интиқол мешаванд ва ин ду воҳиди хоҷагидор ҳиссаи калони бозори химатрасониҳоро соҳиб мебошад. 
Чӣ тавре ки аз таҳлили графикии маълумотҳои оморӣ бармеояд, тамоюли умумии ҳамлу нақли бор бо воситаи фурудгоҳҳои байналмиллалии Тоҷикистон як хусусияти хосро дорост. Мизоҷон қисмати зиёди борҳоро бо воситаи фурудгоҳҳои байналмиллалии Душанбе ва Кӯлоб интиқол шуда, фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар ва Хуҷанд нисбатан камтар истифода мешаванд. Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар фақат солҳои 2013 – 2014 нишондиҳандаҳои мусбати ҳаҷми боркашониро нишон дода, соли 2018 бошад, умуман ягон ҳаҷми бор интиқол нашудааст. Омилҳои дар боло зикршуда, яъне буҳрони молиявии солҳои 2016 – 2017 ва пандемияи COVID-19 дар соли 2020 таъсири манфии худро ба ҳаҷми боркашонӣ расонидаанд. 
Айни замон бо мақсади баҳодиҳии ҳолати рушди бозори миллии хизматрасонии ҳавопаймоӣ мебоист ҳиссаи ширкатҳои миллии ҳавопаймоиро дар интиқоли мусофирон таҳлил кард. Мувофиқи маълумоти таҳлилӣ дар асоси ҳисоботҳои даврии Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таҳлилӣ, шумораи мусофирони кашонидашуда аз тарафи ширкатҳои миллӣ тадриҷан паст шуд. 
Ин лаппиши манфӣ дар ҳиссаи хизматрасониҳо аз тарафи ширкатҳои ватанӣ боиси он гардид, ки ҳиссаи бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ ба фоидаи ширкатҳои хориҷӣ тағйир ёфт. 
Дар тамоми мархилаҳои тараққиёти иқтисодиёт низомии нақлиёт эҳтиёҷоти соҳаҳои саноат ва аҳолиро ба ҳаракати фаврии бор ва мусофирон таъмин менамояд. Дар баробари ин, хусусияти асосии низоми нақлиёт хусусияти ғайримоддии маҳсулоти истеҳсолшаванда мебошад. Ин низоми кори муътадили соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолии иқтисодиётро таъмин намуда, талаботи аҳолиро қонеъ мегардонад ва аз ин рӯ, соҳаи хизматрасонӣ мебошад. Низоми нақлиёт дар як вақт ҳам ҳамчун истеъмолкунанда ва ҳамчун истеҳсолкунанда баромад мекунад, зеро вай воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ ва маҳсулоти дигари соҳаҳои гуногуни иқтисодро, инчунин, захираҳои меҳнатиро истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, суръати рушди низоми нақлиёт бояд аз эҳтиёҷоти кашондани бор ва мусофирон чанд маротиба зиёдтар бошад. 
Ба инобат нагирифтани мавқеи нақлиёт дар иқтисодиёт боиси қафомонии соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти саноату хоҷагии қишлоқ мегардад. Ҳамин тавр, роҳҳои бад ва ё набудани роҳ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти тайёр содир карда шавад, ки ин махсусан барои кишоварзӣ, ки ҳар як навъи маҳсулот муҳлати нигоҳдории маҳдуд дорад, зарар дорад. Нақлиёт дар раванди истеҳсолии ҳар як корхона, кашондани ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр, маҳсулоти тайёр иштирок мекунад, ки ин шарти ҳатмии истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад. 
Дар баробари ин, бояд дар назар дошт, ки нақлиёти дохилиистеҳсолӣ ба воситаҳои истеҳсолот ва равандҳои истеҳсоли мол дар корхонаҳое, ки ба он хизмат мерасонад, дохил мешаванд, яъне дар баъзе мавридҳо нақлиёт қисми таркибии раванди технологии истеҳсолӣ ин ё он маҳсулот мебошад. Аҳамияти иқтисодии низоми нақлиёт дар ҳаёти ҷомеа таъмини рушд, робита ва ҳамоҳангсозии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт буда, рушди нақлиёт яке аз вазифаҳои стратегии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайянгардида мебошад. 
Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 қайд гардид, дар соли 2017 мо ба яке аз ҳадафҳои муҳим ноил гардидем. Ҳадафҳои стратегии мо, яъне Тоҷикистон, ки ба се қисм тақсим шуда буд, ба қаламрави ягона табдил ёфт ва тавассути долонҳои нақлиётӣ пайвастани онро ба кишварҳои ҳамсоя, кишварҳои дуру наздик таъмин намуд. Айни замон дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки ба табдил додани Тоҷикистон ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ мусоидат мекунад .
Ба ғайр аз ин, рушди босуръати илм, техника ва технология дар соҳаи нақлиёт ва алоқа боиси кам шудани хароҷоти нақлиёт ва алоқа, коркард, расондан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани иттилоот гардид. «Азбаски ҳадафи асосии раванди ҷаҳонишавӣ ин рушди савдои байналмилалӣ мебошад, воситаҳои муосиру пуриқтидори алоқаи нақлиётӣ ва имкониятҳои нави интиқоли миқдори зиёди бор ва мусофирон боиси босуръат рушд додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷамъият гардиданд» .
Соҳаи авиатсия як қатор фаъолиятҳоро оид ба таҳия, истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири ҳавопаймоҳоро дарбар мегирад. Шумораи зиёди корхонаҳо ва ширкатҳои бо соҳаҳои илм ва истеҳсолот бо саноати авиатсионӣ алоқаманданд, ки супоришҳо ва пешравиҳои худро иҷро кунанд.Дар маҷмӯъ, ин гуногунии муносибатҳо на маҷмӯи оддии унсурҳо, балки низомеро ташкил медиҳанд, ки маҷмӯи органикии унсурҳоест, ки бо ҳамдигар амал мекунанд ва ҳамаи воҳидҳои сохтории онҳо бо ҳам алоқаманданд .
Тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ дар кишвар дар солҳои истиқлолият тағйироти куллӣ дар ташкили низоми нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо кардааст. Ин ягонагии қисмҳои мураккаб ҷойгиршуда ва ба таври органикӣ бо ҳам алоқаманди ташкили ҳаракати одамон ва бор тавассути ҳавопайморо дар назар дошта, аз ҳайати кормандон, ҳавопаймоҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, корхонаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ташкилоти нигоҳдорӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо, марказҳои тайёр кардани кадрҳо, ташкилоти илмӣ, муассисаҳои таълимӣ  иборат аст.
Дар баробари ин, маълум аст, ки омилҳои ҳалкунандаи афзоиши рақобатпазирӣ дар соҳаҳои саноат инҳоанд: 
1) кадрҳои баландихтисос - аз коргар то роҳбари дараҷаи олӣ; 
2) ҳавасмандгардонии самаранок;
3)дараҷаи шаклҳои ташкилие, ки нишондиҳандаҳои сифатии амалиёти кадрҳоро муайян мекунанд ва истифода мешаванд» .
Мавқеи стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ маънои онро дорад, ки ҷумҳурӣ имконияти ташкили як маркази логистикии авиатсиониро барои ҳамлу нақли мусофирон ва ҳам боркашонӣ дорад. Илова бар ин, комплекси авиатсионӣ аз нуқтаи назари низоми нақлиёти миллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун заминаи рушди иқтидори иқтисодӣ баромад мекунад.
Таҳлили мунтазами мушкилоти идоракунии тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти касбӣ ва олии соҳаи комплекси авиатсионӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои асосии баланд бардоштани сатҳи низоми кадрҳо инҳоянд: 
•    Баҳисобгирии равишҳои инноватсионӣ ва оптимизатсия, ки ба талаботи пешрафта оид ба самаранокӣ, сифат ва эътимоднокии фаъолият ва рушди комплекси авиатсионӣ дар захираҳои таълимӣ нигаронида шудаанд; 
•    Таъмини мувофиқати ҳаҷми низоми тайёркардани кадрҳо ва эҳтиёҷоти корхонаҳои авиатсионӣ;
•    Ноил шудан ба пайвасти максималии хусусиятҳои салоҳияти стандартҳои касбӣ ва таълимӣ.
Аз рӯи баҳои ду созмони бонуфузи байналмилалии авиатсионӣ – Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) – нақлиёти ҳавоии ҷаҳонӣ дар таърихи худ буҳрони бузургро аз сар мегузаронад. Зараровар будани фаъолияти бисёр ширкатҳои ҳавопаймоиро метавон бо сабабҳои умумӣ шарҳ дод: болоравии арзиши ҳавопаймоҳои муосир, сӯзишвории авиатсионӣ, хизматрасонии рӯизаминӣ, хароҷоти умумии истифодабарӣ, андозҳо, пардохтҳои гуногун ва пардохтҳои иловагии аз ҷониби ҳукуматҳо ва фурудгоҳҳо муқарраршуда, инчунин маоши кормандон мебошад. Аммо ширкатҳои зиёновар зарари худро аз ҳисоби давлат ва дигар манбаъҳо мепӯшонанд ва рақобатро дар бозор идома медиҳанд. 
Дар умум, дигаргуниҳои сохторӣ дар як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ гузаронида шуданд, бисёриҳо маҷбур шуданд як қисми кормандонро ихтисор кунанд, бекорӣ дар байни кормандони маъмурӣ ва ёрирасон оғоз ёфт, умуман, фармоишҳо барои ҳавопаймоҳои нав 60% кам гардиданд, , инчунин, ширкатҳои ҳавопаймоии зиёновар барҳам дода шуданд ва сиёсати сарфаҷӯиву кам кардани хароҷот ворид карда шуд. 
Ҳамин тариқ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар даврони истиқлолият ба 37 ҳазору 747 киштии ҳавопаймо хизмат расонид, ки нисбат ба давраи гузашта 13 дарсад зиёд мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» якчанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харидорӣ шуда, ба ислоҳсозӣ фаро гирифта шуда, дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд, ки бевосита ба таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар ин давра 18 ҳазору 691 парвози транзитӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 дарсад зиёд аст. Дастоварди дигари корхона ин насбу васли таҷҳизоти низоми овозӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати «ZAMAK AG» дар филиалҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва омӯзиши кормандон доир ба истифодаи таҷҳизот, инчунин, озмоиши ҳавоии низоми мушоҳидавии ADS-B дар парвози ғайрихатсайрӣ ба қисмати шарқии ҷумҳурӣ бо воситаи ҳавопаймои В 787 мебошад. Дастоварди дигари корхона ин ба роҳ мондани ҳамкориҳоии мустақими муштарак бо ширкати “Бойинг” буда, таҷҳизоти зарурӣ саривақт таъмин карда мешаванд. 
Бо мақсади ба роҳ мондани хатти нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо ҳайати кории марбути Чин дар Пекин, вохӯрии сатҳи олии мақомоти авиатсионии ду давлат баргузор шуд. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба нақши КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ёдовар шуда, таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҷалб гардид. Ширкат тасмим дорад, то дар соли ҷорӣ хизматрасониҳоро хубтар ба роҳ монда, теътоди хати сайрҳоро афзоиш диҳад. 
Хулоса, 2 июли соли 2024 дар ҳузури роҳбарият имзои Ёддошти тафоҳуми байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ, ҷиҳати боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании мамлакат ба имзо расид . Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлолият идораи комплекси авитасионии кишвар тавонист чаҳор фурудгоҳи байналмилалӣ бо тамоми таҷҳиҳот нави техникӣ ва системаҳои нави замонавӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи якуми соли 2024 Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ оид ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои мамлакат, сазовор ҷашн гирифтани 33 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қонунҳои миллӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 100-солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ, нашри китоби ҷашнӣ ва рӯзномаи соҳавӣ, рушди соҳаи авиатсия, дар муддати муқарраршуда таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба масъулини соҳаи авиатсияи гражании мамлакат дастур доданд, ки дар пешрафту пешбурди ҳавонавардии кишвар кумак расонад. 
Хулосаи калом, дар даврони 33 соли истиқлолияти кишвар, сурату симо ва фазои мудирияти комплекси авиатсиониии кишвар хеле хуб рушд намуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат карда, тамоми шароитро барои пешбурди корҳои бо сифат роҳандозӣ кард.
Дар ин замина, тавсия ва корҳои зерин баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондан сифатнокии мудирияти идораи ҳавонавардии кишвар ёрӣ расонда, сифати хизматрасониҳоро боло хоҳад бурд:
    Беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо бо нархномаҳои дастрас барои шикратҳои ҳавопаймоӣ.
    Ба роҳ мондани таъмини сӯзишвории ҳавопаймоҳо аз ҷониби фурудгоҳ.
    Зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ.
     Эҷоди «ҳабҳои транзитӣ»
    Фароҳам овардани шароити мусоиди рақобатпазири солим барои ширкатҳои ватанӣ
                                                                                                                                 Ходими калони илмии шуъбаи 
                                                                                                                                 таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.

                                                                                                                                  Раҳмон Юсуф Азим
 

Меню: