Хирадманд гӯяд, ки таъйиду фар,
Ба дониш ба мардум расад, на ба зар.
Чу доно марди бахшандакаф,
Мар ӯро расад ба ҳақиқат шараф.
Абушакури Балхӣ
Агар умр бақо мекард, 4 майи имсол 90 солагии доктори илми иқтисодӣ, профессор, академик, арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино Раҳимов Рашид Каримовичро ҷашн мегирифтем.
Қадри Устод назди шогирдон ва пайравони назарияи илмии он дар кишвар ва берун аз он хеле зиёд аст.
Бо роҳбарии академик Раҳимов Р.К. 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 5 нафар рисолаҳои доктории худро ҳимоя намуданд ва ҳама шогирдони устод дар илми иқтисодӣ мақоми шоиста доранд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки шогирдони намоёни ин олими мӯътабар анъанаҳои наҷиби ӯро дар масъалаҳои иқтисодӣ идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то сазовори шукӯҳи мактаби устод бошанд. Шогирдон дар корҳои илмиашон, чӣ монографияю китобҳо, рисолаю мақолаҳои худ иқтибос аз осори ғании устод менамоянд, то назари илмии изҳордошта эътимоди хос дошта бошад.
Академик Раҳимов Р.К. дар ташаккул ва рушди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазоворе гузоштаанд. Шурӯъ аз таъсиси шӯъбаи иқтисодии назди Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1963 устод мудирии онро ба уҳда доштанд. Чи хеле , ки маълум аст соли 1964 Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт ва Раҳимов Р.К. ба сифати директори аввалини он таъин таъин гардида то соли 2000 дар ин вазифаи хеле пурмасъул ва мақоми баланд фаъолият доштанд. Устод то охири умр дар корҳои илмии Институт фаъолу масъулиятнок буданд ва дар пешрафти илми иқтисодию тарбияи мутахассисон – иқтисоддонҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми муносиб гузоштааст.
Маърӯзаи худро чун «Осори илмӣ ва аҳамияти он барои пешрафти кишвар» номгузорӣ кардаам. Аблатта, осори илмии академик Раҳимов Р.К. на танҳо барои рушди илм дар кишвар муҳим аст, балки он берун аз кишвар шинохта ва ба тариқи васеъ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Фаъолияти илмии Устодро метавон ба ду марҳила ҷудо намуд.
Марҳилаи аввал, китобҳои илмии нашршуда дар давраи шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолии ватани азизамонро дарбар мегирад.
Ин марҳила дар баробари силсилаи мақолаю китобҳои нашршуда, ба тариқи хоса метавонем чор асари академик Р.К. Раҳимовро номбар кард, ки дар рушди илми иқтисодӣ саҳми назаррас доранду то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд:
1. “Фондҳои истеҳсолии асосӣ ва самаранокии истифодаи онҳо”, нашри соли 1965;
2. “Фондғуҷоиши (фондоемкость) маҳсулоти саноатӣ дар Осиёи Миёна”, нашри соли 1967;
3. “Масъалаҳои самаранокӣ ва роҳҳои рушди иқтисодиёти РСС Тоҷикистон”, нашри соли 1976;
4. “Масъалаҳои минтақавии баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат”, нашри соли 1986.
Асарҳои номбаршуда ба яке аз масъалаҳои мубрам, ки имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст ва бояд аз мадди назар дур набошад - баланд бардоштани самаранокии истифодаи фондҳои асосӣ ва ҳосилнокии меҳнат бахшида шудаанд.
Соли 1986 Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон масъули таҳияи яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим – дурнамои рушди ҷумҳурӣ муқаррар гардид. Барномаи комплексии рушди илмию техникии РСС Тоҷикистон барои 15 сол (Комплексная программа научно-технического развития Таджикской ССР на 15-летний период) ҳуҷҷати муҳими давлатӣ бори аввал зарурати такмили тартиби ҳисоби самаранокии истифодаи фондҳои асосӣ ва масъалаҳои минтақавии баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнатро чун асоси пешравии илмию техникӣ ва омили асосии рушди иқтисодиёти кишвар мавриди назар қарор дода шуд. Барои дарк кардани муҳимияти ҳуҷҷати мазкур, қайд менамоем, ки дар он давра пеш аз омода кардани нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 5 ва 10 сол нақши ду ҳуҷҷати зерин беандоза зиёд буд: 1) Барномаи комплексии рушди илмию техникии РСС Тоҷикистон барои 15 сол ва 2) Нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда барои 15 сол. Таҳияи лоиҳаи Барномаи комплексии рушди илмию техникии РСС Тоҷикистон барои 15 сол ба дӯши Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ва Нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда барои 15 сол ба дӯши Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон вогузор шуда буд. Бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳам нақши Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи ҳуҷҷатҳои дурнамои иҷтимоию иқтисодии кишвар назаррас аст. Кормандони мо дар таҳияи стратегияҳои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, 2030, стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барномаҳои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва барномаҳои минтақавию соҳавӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Аз ҷумлаи асарҳои илмии академик Р.К. Раҳимов, ки дар даврони омадани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд, инҳоро номбар намудан бамаврид аст:
1. Проблемы развития переходной экономики Республики Таджикистан. Душанбе, 2012. – 812 с.
2. Макроэкономические пропорции и механизмы экономического роста в Республике Таджикистан (Проблемы и основные направления совершенствования). Душанбе, 2016 – 651 с.
3. Теоретико-методологические вопросы инновационного развития экономики Республики Таджикистан. Книга 1., Душанбе, 2017 – 240 с.
4. Предпосылки инновационного развития экономики Республики Таджикистан. Книга 2., Душанбе, 2017 – 240 с.
5. Приоритеты инновационного развития экономики Республики Таджикистан. Книга 3., Душанбе, 2017. – 240 с.
Таҳти роҳбарии устод Институт ҳамчун ҳамоҳангсози асосии анҷом додани тадқиқотҳои фундаменталӣ ва амалии иқтисодии Тоҷикистон шинохта шуд. Аз ҷумлаи корҳои илмии назаррас асари бо роҳбарии илмии устод навишташуда мебошад, ки чунин номгузорӣ шудааст: Тавозуни макроиқтисодӣ ва механизми рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Масъалаҳо ва роҳҳои асосии такмилот) . Дар китоб андешаронӣ ва изҳори ақидаи назариявии академик Раҳимов Р.К. дар бораи механизми рушди иқтисодии кишвар ва муайян кардани омилҳои ба он таъсиррасон арзишманд аст. Устод чун омилҳои таъсиррасон ва ҷузъиёти механизми рушди иқтисодӣ масъалаҳои зеринро қайд намудаанд: нерӯи захиравии кишвар ва истифодаи оқилонаи он, низоми муносиби андозбандӣ ва арзёбии мунтазами таъсирнокии он ба рушди иқтисодиёт, рушди илмӣ-техникӣ ва дар асоси он саноатикунонии мамлакат, истифодаи оқилонаи нерӯи инсонӣ ва рушди он дар асоси консепсияи муайян ва такмили механизми пулию қарзӣ.
Академик Р.К. Раҳимов ҳамчун олими иқтисоддон ва фарди донишманд, дорандандаи афкори саҳеҳи худ дар ҳама масъалаи иқтисодӣ эътироф шуда буд. Бинобар ин, хидматҳои шоёни олими собитқадами ҷабҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ аз тарафи ҳукумат ва ҷамъият қадр карда шудаанд. Академик Раҳимов Р.К. бо ордени «Нишони фахрӣ, медали «Барои меҳнати шоён», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидаанд. Ҳамчунин, бо унвони ифтихории Арбоби шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1994 барояш муносиб дидаанд ва бо ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987) сарфароз гардидаанд.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд ва ҷанги шаҳрвандӣ низоми идораи сиёсию иқтисоди кишвар вайрон кард. Ваъи иқтисодиёт хароб ва сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба ҳадди ақал расида буд. Бинобар ин, баргузории иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари давлат, барқарор гардидани сохти конститутсионӣ, таъмини субот ва муайян гаштани самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардид, ки соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба як низоми муайян оварда шуда сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин ва гурезаҳоро ба ватан бозпас гардонида барои онҳо шароити мусоиди зист фароҳам оварда шавад.
Мусаллам аст, ки тамоми аҳли афкори илмии кишвар аз воқеаҳои тақдирсоз берун буда наметавонад ва академик Раҳимов Р.К. пайваста кӯшиш ба харҷ медод, то дар баромадани ватан аз вартаи буҳрони шадид ва андешидани чораҳои зарурии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инстиутсионалӣ саҳмгузор бошад. Аз ин рӯ, академик Раҳимов Р.К. бо як силсила мақолаҳои илмӣ-назариявӣ ва иттилоотӣ бо номи «XVI сессия Верховного Совета Республики Таджикистан и экономические преобразования», «Мнение специалиста, основанное на неправильном понимании макро… и микро экономики», «К вопросу о финансовых рычагах развития экономики Таджикистана», «Факторы производства: вопросы развития и уровень использования», «Оид ба проблемаҳои рушди иқтисодиёт дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ», «Пешравиҳои сохтории соҳаи иқтисодиёт ва баҳодиҳӣ ба афзуншавии он», «Баъзе масъалаҳои амнияти иқтисодиёти Тоҷикистон», ки дар маҷаллаҳои «Иқтисодиёти Тоҷикистон» ва ғайра нашр шудаанд саҳми худро дар муайян кардани роҳҳои пешрафти иқтисодиёти мамлакат гузоштааст.
Аз ин рӯ, хотираи неки олим, устоди ғамхор, дӯст ва ҳамкасби меҳрубон ҳамеша дар хотири шогирдон ва ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.
Директори Институти иқтисодиёт
ва демографияи Академияи миллии илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор
Шариф Раҳимзода