«Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ, омӯзгор, муаллим ва устод аст». Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола, якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари азизу маҳбубамон ҳамчун рамзи иззату эҳтиром нисбат ба аҳли таълиму тарбия, иди касбии устодон ва омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ аз таҷлили Рӯзи омӯзгорон 29 сол сипарӣ мегардад, ки он бори нахуст 3 ноябри соли 1995 дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо қайд гардидааст.
Муаллим, устод, омӯзгор – калимаҳое ҳастанд, ки барои ҳар як фард азизу муқаддас буда, таҷассуми омӯзиши илму хирад, фазлу маърифат, донишу заковат ва тарбиятгари наслҳои ояндаи дурахшони ҳар ҷомеа мебошад.
Омӯзгорӣ касби шарафманд ва дар баробараш пурзаҳмат низ мебошад. Чун то тифлони хурдсолро соҳиби таълиму одоби хуб гардонидан ва ба роҳи нек ҳидоят намуданашон заҳмат ва саъю кӯшиши зиёдеро харҷ менамоянд.
Дар васфи омӯзгор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин сухан баён намудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».
Маҳз, бинобар аз ҷониби Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардиданашон, дар ҷомеаи имрӯза сол то сол омӯзгор нақш ва мақоми хосеро ишѓол менамояд.
Аз ҷумла, шоир Камолиддин Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ё ҳаққи устодро аз падар боло қайд намудааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Панди устодро шунида, аз рӯи насиҳаташ амал намудани шогирдон боиси пешравии кору бор мегардад. Дар ин рӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик бо муҳаббату самимият номи устодони имрӯзаву гузаштаро ба ёд меорад ва аз таҷрибаи бузурги зиндагашон баҳра мегирад.
Бо маслиҳати омӯзгор фаъолияти ҳар як инсон босамар анҷом меёбад. Бо чунин ақида яке аз шоирони бузурги миллати тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин қайд намудаанд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Дар ҳақиқат, омӯзгор аз самими қалб ба шогирдонаш илму маърифат, фазлу хирад, хулқу одоби ҳамида, дӯстию рафоқат, покизагӣ ва ростқавлӣ, некбинӣ ва нексириштӣ, ҳурмату иззати калонсолон, ҳидоят ба роҳи рости зиндагӣ, моҳияти ҳаёту ватандорӣ ва таълиму тарбияи дурустро меомӯзонад. Ҳамаи ин саъю кӯшиш ва заҳмату талоши омӯзгор боиси фарҳангу маданияти хоса, сарсабзиву сарбаландӣ ва саодатмандии ҷомеаи оянда мегардад.
Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои сулҳу осоиш омӯзгорон дар фаъолияти худ бо андешаҳои миллӣ, ба ватандӯстӣ ва худшиносии насли наврас ва ҷавонон такя намуда истодаанд. Бо амалӣ гардидани чунин вазифаҳои бузург, дар ҷомеаи имрӯза мақому манзаллати омӯзгор боло гардида, меҳнати фидокоронаашон дар назди давлат сазовори обрӯву эътибори бештаре гардидааст.
Чӣ тавре ки медонем дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёиён, ки санаи 1-сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид, дар бораи боло бурдани мақом ва манзалати омӯзгор ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар мӯҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.
Чунин мулоҳизаҳои дурандешона ва ѓамхоронаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вазиваи муқаддаси ҳар инсон ба ҷо овардани иззату эҳтироми омӯзгор бояд бошад.
Бигзор саодати рӯзгор, тинҷиву осудагӣ, пойдории давлат солҳои зиёд дар саросари кишвари азизу маҳбубамон ҳувайдо бод.
Устодон ва омӯзгорони гиромӣ ва арҷманди диёри азизу маҳбубамон, Шумоёнро аз самими қалб бо иди касбиатон табрику таҳният менамоям!
Фируза Аюбӣ - н.и.и., ходими пешбари илмии
шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ.