Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография АМИТ бо роҳбарони муассисаҳои калидии таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии Ӯзбекистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 04/11/2024 - 15:27

   Санаи 11-уми апрели соли 2024 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03-юми апрели соли 2024, №11149 (2936) дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар остонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба     Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои       Тоҷикистон бо роҳбарони муассисаҳои калидии таҳлилӣ ва илмию тадқиқотии Ӯзбекистон, аз ҷумла директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Жавлон Абдуҷалолович Ваҳобов, муовини директори Институти тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатия Акрам Умаров, сардори шуъбаи Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фатҳулаев Аброр Джахангирович, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалӣ Валиев Санжар Алимхонович, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи Президенти    Ҷумҳурии Ӯзбекистон Холмухамедов Мухсин Муродуллоевич ва дигарон баргузор гардид. 
Бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва шарикии стратегӣ, арзёбии васеи дастовардҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои тавсеаи равобити ҳасанаи миёни ҳар ду кишвар дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳ дода, имкониятҳои густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишвар дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим, ба мисли ҳамлу нақли долонҳои нақлиётӣ, таѓйирёбии иқлим, хоҷагии қишлоқ, муносибат ба экология ва муҳити зист, рушди сайёҳӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ, захираҳои обӣ, ашёи хом ва захираи он, сохтмони магистралҳои транзитӣ, сиёсати иқтисодии ҷавонон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар раванди мулоқот ҳавасмандии тарафҳо ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз гардид. 
Мулоқот дар фазои муколамаи созанда баргузор гашт. 
 

Меню: