МУҶАССАМАИ ГӮЁИ ЗИНДАГӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 03/06/2024 - 11:49

Санаи 06-уми марти соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар таҳти унвони «Муҷассамаи гӯёи зиндагӣ» чорабинии бошкӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
  Дар оғози чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кулли занону бонувонро бо самимияти беандоза ба ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфта, нақши онҳоро дар пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дастгирии давлатии занону бонувон ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад.
  Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти АМИТ як қатор занону бонувон барои хизматҳои шоён дар рушди илми тоҷик бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур қадршиносӣ шуданд. 
Аз ҷумла, ходими пешбари имлии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Мирзоева Ҷононбибӣ Пируншоевна бо «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шарафидинова Гулчеҳра Ёдгоровна бо «Ифтихорнома»-и Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
 

Тоҷикӣ

Меню: