Бахшида ба иди модарон ва бонувон.
«Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан-модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Суханрониҳои бевоситаи сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди мақом ва ҷойгоҳи Зан-Модар дар ҳаёти инсоният пайваста ба иззату эҳтиром, арҷгузорӣ гузоштан нисбат ба Модар мебошад, ки аз бузургиву зебоӣ, меҳрубониву муҳаббат, поксириштӣ ва олиҳимматии Зан-Модар дарак медиҳад.
Модар сарчашма ва бахшандаи ҳаёти инсон, чашмкушояндаи дунёи тифлони бегуноҳ, олиҳаи покиву меҳру муҳаббат, фариштаи илоҳӣ дар рӯи замин мебошад. Дар ҳаёти ҳар инсон аз ҳама наздиктарин, азизтарин ва муқаддастарин шахс албатта модар аст.
Ҳастии вуҷуди инсон аз Модар оғоз меёбад, ҳамзамон Модар баҳри ба дунё овардани фарзанд бо марг рӯ ба рӯ шуда, ҷони азизашро зери хатар мегузорад. Меҳри Модар аз давраи фарзандаш дар батнаш будан сарчашма мегирад, ва барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан Модар чӣ қадар ранҷу машаққатро паси сар мекунад. Маҳз бо шабҳои бехобии Модар баҳри алла гуфтан дар сари гаҳвораи тифлаш, баҳра гирифтани фарзанд аз шири сафеди поки Модар, ки қалбаш саршор аз меҳрубониву навозишҳои беандоза аст, кӯдак ба воя мерасад. Бо нигоҳубину кӯмаки Модар ҳар тифл қадамҳои нахустинашро мегузорад, ва инчунин сухан ва гуфтугӯро меомӯзад, ки бо шунидани аввалин номи Модар аз даҳони фарзандаш, хурсандиву хушбахтии Модар бениҳоят зиёд мешавад.
Домони модар аз ҳама наздиктарин ва азизтарин маконест, ки бӯи биҳишт дорад. Худованди бузург мақоми модарро чунон воло гузоштааст, ки чӣ тавре ки аз гузаштагон ривоят шудааст, Ҷаннат зери қудуми модарон нуҳуфта аст. Расидан ба қадри модар вазифаи муқаддаси ҳар фарзанд аст.
Модар соҳиби покизатарин қалб, пурмеҳртарин дил, ҳалимтарин ва меҳрубонтарин рафтор, ширинтарин гуфтор мебошад. Меҳру муҳаббати Модар чун офтоби нурафшон аст, ки бо нурҳояш дар ҳаёти фарзандонаш ҳам равшанӣ мебахшад, ва ҳамзамон гармидиҳанда аст. Модар чун ахтари тобон дар ҳаёти инсон медурахшад, ва ҳамзамон тобишгари зиндагии пурҷилои ҳар шахс мебошад.
Вазифаи асосии ҳар фарзанд ба ҷо овардани ҳурмату эҳтиром нисбат ба Модар аст, ки ранҷу заҳмате, ки Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзанд мекашад, ба ягон чиз баробар нест. Қарзи фарзандии ҳар яки мо дар хушҳолу хушбахт намудани муқаддастарин шахси ҳаётамон – Модари азизу меҳрубон, дилсӯзу ғамхор мебошад.
Чуноне ки шоир Амир Хусрави Деҳлавӣ рӯи қалам овардааст:
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Бо дуои неки Модар дар зиндагӣ ба тамоми нияту орзуҳои нек метавон бирасид. Бо маслиҳатҳои дурандешона фарзанд ба ҳаёти рост ҳидоят мегардад. Муваффақият ва барори кору фаъолият ба фарзанд, танҳо бо розигии Модар насиб мегардад. Аз ин ҷо бо гузоштани ҳурмату эҳтиром, қадрдонӣ нисбат ба Модар боиси сарфарозӣ ва расидан ба қуллаҳои мурод дар зиндагии ҳар шахс мегардад.
Модар бароям гавҳари ноёб, ганҷинаи бебаҳо, қимматтарин неъмат, пурарзиштарин, муқаддастарин ва наздиктарин вуҷуди инсоният ҳастӣ.
То даме, ки Модар дар зиндагӣ бошад, зиндагии фарзанд хушранг ва хушбахт ҳаст. Бо самимият ва эҳтироми беандоза бо ҷашни фархунда – иди модарон ва бонувон ҳамаи модарон ва бонувонро муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол умри дарози пурбаракати модарон, сиҳативу саломатӣ ва хушҳоливу хушбахтии онҳоро дар сари фарзандонашон орзуманду талабгор ҳастем.
Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ,
ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








