Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони АМИТ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳнамоии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасати АМИТ, профессор ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ санаи 13.11.2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи муддавар таҳти унвони “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди савдои хориҷии кишвар” баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сараввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор ШАРИФ РАҲИМЗОДА оғоз намуданд. Сипас сухани ифтитоҳӣ ба муовини директор оид ба илми Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор МИРСАИДОВ А.Б. дода шуд ва сипас сухани ифтитоҳиро Раиси ШОҶ-и АМИТ н.и.ф. ЗИЁЕВ С.Н. идома доданд.
Гузоришгари асосии семинар раиси ШОҶ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ н.и.и. Юнусзода Х.Қ. буда, ӯ дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди савдои хориҷии кишвар” маълумотҳои оморӣ ва натиҷаҳои назаррасро ба самъи иштирокчиён манзур намуд.
Инчунин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суръат бахшидан ба раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) шароити зарурӣ фароҳам овардаанд рунамо гардид ва қайд кард, ки “Дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС, пеш аз ҳама, ба раванди ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта боиси афзудани ҳаҷми савдои хориҷии кишвар гардид. Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди савдои хориҷӣ натиҷаҳои хело бузург ба чашм мерасад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, рушди истеҳсолоти дохилӣ, дар баробари ин, рушди босуръати кишвари азизамон оварда расонид.
Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XIV Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсиласеминар ва мизҳои мудаввар баргузор намояд.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАМА ҲАМВАТАТОН МУБОРАК БОШАД!