Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ миёни муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон: мушкилот ва дурнамо»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/08/2023 - 09:04

Санаи 08 майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкориҳои илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар роҳбарияти муассиаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Туркманистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ва олимону муҳаққиқон аз ҳар ду ҷониб суханронӣ намуда, вобаста ба фаъолият, дастовардҳо, вазъу дурнамо, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули андеша намуданд. Ҳамзамон, дар кори мизи мудаввар директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода дар мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон: дурнамои рушд» рӯйнамо (презентатсия) намуданд. 

Меню: