Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.
Дар ин замина, Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ин рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин, музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Инчунин, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар Паём арзёбӣ гардида, вазифаҳои мушаххас ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ дода шуд. Дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои дипломативу сиёсӣ дар соли 2024ишора шуд, ки ин тамоюл дар соли 2025, низ нигоҳ дошта шавад.
Ҷонмамадов Ш.Б.
муқоисавии иқтисодии Институти
иқтисодиёт ва демографияи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.и.,




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








